• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Шараф аз меҳнат аст / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Шараф аз меҳнат аст / Иншо

11 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.08.2022

Мавзӯъ: Шараф аз меҳнат аст

Нақша:

Муқаддима

  1. Шараф аз меҳнат аст

Хулоса

Меҳнат ин заҳмат, ранҷ ва машаққат аст. Агар меҳнат азобу ранҷ бошад, пас шараф ва ифтихор дар пушти он ниҳон аст. Инсон, то ки ба мақсуди дил расад, заҳмат мекашад. Инак, саволе пайдо мегардад: меҳнат метавонад ба инсон сарбаландӣ оварад? Хостам ақидаи худро рӯйи коғаз оварам.

Оре, шахс маҳз ба воситаи меҳнати ҷисмониву ақлониаш аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, шоириву нависандагӣ, омӯзгорӣ, духтурӣ, пазандагиву дӯзандагӣ ва ҳоказо обрӯву эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад. Ғайр аз ин, меҳнат инсонро тарбия намуда, омили асосии шарафмандии ҷавонон мегардад. Афроди танбалу коргурез бошад, на соҳиби касбу ҳунар асту на соҳиби шараф. Одами оқибатбин дар зиндагӣ мақсад дораду аз болои худ кор мекунад ва мақоли «Аз бекор Худо безор» шиори ӯст. Ҳар як касбу кор ба худ хос машаққат дорад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, аз меҳнати сангин наҳаросида, ба пеш гом занем, ана он вақт мукофоташро хоҳем гирифт. Завқи ҳаёт дар меҳнат аст. Меҳнат бо баробари обрӯ касро соҳибкор ва  соҳибдавлат мегардонад, ки омили фароғат дар зиндагӣ.

Зи меҳнат нони беминнат барояд,

Зи меҳнат ганҷи пурқимат барояд.

Ба замми ин тани солиму зебо,

Яқин аз ҳосили меҳнат барояд.

Ба кас дунё зи меҳнат бовафо аст,

Валекин нозу бекорӣ ҷафо аст.

Каси меҳнатқарину поквиҷдон,

Мудом хушбахту некӯному комрон.

Дар охир бояд гуфт, ки меҳнат ба маънои томаш мазмуни зиндагии манфиатдор дар ҳаёти инсон. Аз ин сабаб, меҳнатдӯст будан шахсро шарафмандтарин аҳли олам гардонида, аҳли оила ва атрофиёнро аз худ розӣ мегардонад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат