• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Шарҳи ҳол ва осори Абдуррахмони Ҷомӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Шарҳи ҳол ва осори Абдуррахмони Ҷомӣ / Иншо

28 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
24.01.2022

Мавзӯъ: Шарҳи ҳол ва осори Абдуррахмони Ҷомӣ

Нақша:

 Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мероси адабии шоир
  3. Мавқеи панду ахлоқ дар эҷодиёти Абдуррахмони Ҷомӣ
  4. Хулоса

Абдурраҳмони Ҷомӣ 7-уми ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷоми Хуросон ба дунё омадааст. Ҷоми яке аз намояндагони бузурги илму адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Шоир таҳсилоти ибтидоиро дар назди падари худ гирифта, инчунин забони арабиро то андозае аз худ кардааст. Тавре худи Ҷомй мегӯяд: «Мо дар ҳақиқат шогирди падари худ ҳастем, ки илм аз вай омӯхтем». Ҷомии хӯрдсол аз овони кӯдакй зеҳни бурро, ақлу фаросату одобу ахлоқи аҷоибе дошт. Ҳанӯз аз кӯдакй ба шеъру шоирй шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Бинобар ин, фаъолияти эҷодии худро хеле барвақт оғоз намудааст. Ҷомй барои такмил додани илму дониши хеш ба шаҳрҳои Ҳироту Самарканд, Қазвину Ҳамадон, Курдистону Бағдод сафарҳо кардааст. Дар охир ба Ҳирот баргашта, боқии умри худро дар шаҳри Ҳирот гузаронидааст. Абдурраҳмони Ҷомиро дар Ҳирот ҳама арбобони давлату аҳли илму адабиёт бо эҳтиром ва гамхории ҳаматарафа қадрдонӣ мекарданд. Ҷомӣ соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст. Маросими дафни Ҷомй ба маъракаи бузурге табдил ёфт. Аксарияти шоирони Ҳирот, аз ҷумла наздикону пайвандони ӯ, дар ҳаққи эшон марсияҳо навиштаанд. Оромгохи Ҷомй дар шаҳри Ҳирот зиёратгоҳи оламиён гаштааст.

Мероси адабии шоир аз асарҳои манзуму мансур иборат аст. Асарҳои бузургтарини шоир «Баҳористон» ва достони «Ҳафт авранг», ки аз ҳафт достони манзум иборат аст, ба ҳисоб мераванд. Абдурраҳмони Ҷомй дар пайравии хамсасароёни гузашта: Низомй ва Амир Хусрави Деҳлавй достони «Ҳафт авранг»-и худро таълиф намуд. Ҷомӣ дар бораи «Ҳафт авранг » ва мавқеи он сухан ронда, достонҳои худро ба ситораи ҳафтбародарон монанд мекунад:

Ин ҳафт сафина дар сухан ҳамранганд,

В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.

Чун ҳафт бародарон бар ин чархи баланд,

Номй шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.

Достон ва маснавиҳои «Ҳафт авранг»-и Ҷомй дар замонҳои гуногун эҷод шуда, аз се маснавй ва чор достон иборат мебошанд.

Яке аз асарҳои машҳури насрии ӯ «Баҳористон» мебошад. Ин асар дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозй эҷод шудааст ва аз ҳашт боб иборат аст. Ҳар як боби он аз ҳикоятҳои пандуахлоқй таркиб ёфтааст.

Қисми дигари эҷодиёти шоирро девони газалиёти ӯ ташкил медиҳад, ки ба мавзӯъҳои мухталиф бахшида шудааст. Осори Абдурраҳмони Ҷомй гуногунмавзӯъ мебошанд. Дар ҳама асархои ӯ мавқеи панду ахлоқ хеле назаррас буда, дар тарбияи маънавии хонандагон нақши бузург мегузоранд. Тарбияи фа рзанд ва ахлоқи ӯ аз назари шоир хеле муҳим аст. Бинобар ин, Ҷомӣ дар бобати одобу ахлоқ ва фазилати фарзанд сухан ронда, ифтихор ва пайдории ному насаби авлод ва оиларо дар ҷомеа, бахуеус, қайд менамояд:

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,

Ҷуз ба ҷон фарзандро пайваид нест.

Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,

Зинда аз фарзанд монад номи мард.

Ҷомӣ бо чунин васила фарзандонро аз якдигар фарқ карда, дар бораи фарзанди нохалаф сухан ронда, таъкид менамояд, ки на ҳамаи фарзандон ба шаъну шараф ва иззату эҳтиром сазоворанд.

Мавзӯи дигари пандуахлоқци эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ тарғиби илму дониш мебошад. Шоир илму донишро муқаддас шуморида, инсонҳоро ба омухтани он даъват менамояд. Қадри китобро низ аз ин ҷиҳат баланд меҳисобад:

Аниси кущи танҳоӣ китоб аст,

Фуруги субҳи доноӣ китоб аст.

Бувад бемузду миинат устоде,

Ки дониш бахгиадат ҳар дам кушоде.

Ё дар ҷойи дигаре чунин фикру андешаи худро тақвият дода, мегӯяд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар гамкадаи замела гамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гушаи танҳоӣ

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Ҳамин тариқ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун олим, шоир, якс аз адибони намоёни адабиёти кдассикии форсу тоҷик дар осмони илму адабй асри XV чун ситораи дурахшон ҷилвагар гардидааст Ӯ дар сурудани газал ба шоирони бузурги гузашта Саъдиву Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ пайравй намудааст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат