Мавзӯъ: Шарҳи ҳол ва мавзӯи ашъори Носири Хусрав
Нақша:
Муқаддима
- Шарҳи зиндагий шоир
- Мероси адабии шоир
Хулоса
Носири Хусрав дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва аҳли илму адаби машриқзамин яке аз шоирону нависандагоне аст, ки дар давоми умри бобаракати худ бо назму наср асарҳои зиёде зҷод намудааст. Шоир дар бораи фаровонии асари хеш чунин фармудааст:
Мангар бад-ин заиф танам, з-он ки дар сухан 3-ин чархи пурситора фузун аст асар маро. Носири Хусрав, ки гоҳо худро Марвазй низ гуфтааст, соли 1004 дар шаҳри Қубодиён таваллуд шудааст.
Носири Хусрав аз овони кӯдакй ба илму дониш ва касбу кунар шуғл варзида, маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ касб намудааст. Шоир дар мадрасаҳои шаҳри Қубодиёну Балх ба омӯхтани сарфу наҳви арабй, балоғату фасоҳат, тафсир, ҳадис, илоҳиёт ва монанди онҳоро омӯхта, ба роҳи худомӯзй илмҳои замони худ: арӯз, қофия, фалсафа, таърих, мусиқй, ҳисоб, қиндаса, табиатшиносй ва забонҳои ҳиндиву юнониро низ аз худ намудааст.
Баъдҳо Носири Хусрав ҳамчун яке аз шоирони маълуму машҳур ба корҳои маъмурии давлатй роҳ меёбад. Баъди гмбаддулотҳои давлатй Носири Хусрав ба сафари ҳафтсола мсбарояд. Шоир баъд аз гурезогурезҳо ва оворагардиҳо ба яке аз
мавзеъҳои Бадахшон бо номи Юмгон паноҳ мебарад. Носири Хусрав 25 соли ҳаёти худро дар Юмгон сипарй менамояд. Соли 1088 шоир бо хориву зориҳо дар ҳамон ҷо вафот мекунад.
Аз шоир ба мо мероси ғание боқй мондааст. Яке аз онҳо «Сафарнома»-и ӯ мебошад, ки аҳамияти бузурги илмиву таърихй дорад. «Сафарнома» мушоҳида ва натиҷаи сафарҳои 7-солаи шоир будааст, ки бо забони содаву равон навишта шудааст.
Асари дигари Носири Хусрав «Девон»-и ӯ мебошад. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳо аз шоир ду девон боқӣ мондааст, ки бо забонҳои арабию форсй таълиф гардидааст:
Ин фахр бас маро, ки ба ҳар ду забон,
Ҳикмат ҳаме мураттабу девон кунам.
Ҷонро зи баҳри мидҳати Оли Расу л,
Гаҳ Рудакиву гоҳе Ҳассон кунам.
Аз мавҷудияти девони арабии шоир то кунун хабаре нест. Девони манзуми шоир, ки ҷамъоварӣ шудааст, аз қасида, ғазал ва рубой иборат аст.
Фаъолияти адабй ва шоирии ӯ, асосан, дар 25-солагй шурӯъ шудааст. Мувофиқи ишораи Давлатшоҳи Самарқандй, аз Носири Хусрав девони бузург боқй мондааст. У аслан қасида сурудааст. Қасидаҳои шоир аз баъзе ҷиҳатҳо аз қасидаи ҳамзамонони худ ба куллй фарқ мекардааст. Дар қасидаҳои ӯ мадҳу ситоиши подшоҳон, васфи шароб дида намешавад.
Маснавии «Саодатнома» яке аз асарҳои дигари шоир буда, дорой 300 байт аст. Мавзӯъҳои асосии «Саодатнома»-ро масъалаҳои панду ахлоқ, некй, бурдборй, эҳсон, ҷавонмардй, меҳру вафо дар бар мегирад.
«Рушноинома»-и шоир дорой 592 байт аст, ки дар тӯли як ҳафта таълиф шудааст. Дар асари мазкур масъалаҳои фалсафй аз қабили пайдоиши оламу одам, офариниши осмону ситораҳо, сифати камолоти инсон, тарзи бунёд ёфтани ҷомеаи инсонй, пайдо шудани давлат мавриди таҳлилу баррасй қарор гирифтаанд.
Умуман, дар осори шоир тамоми паҳлуҳои зиндагии чомеа мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Носири Хусрав ба ҳамаи ин масъалаҳо аз диду назари инсондӯстй назар афкандааст. Фикру ақидаҳои пешқадами шоир то ба имрӯз низ дар байни мардум мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки аз аҳамият холй набудаанд.