Шаклҳои давлат
СодержимоеДавлатҳо на танҳо бо моҳияту вазифа ва самту тарзи фаъолияти худ аз якдигар фарқ мекунанд, балки бо шаклҳои идоракунӣ ва сохти давлатиашон низ аз ҳамдигар фарқ доранд. Вобаста ба шакли идоракунӣ давлатҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: монархӣ ва ҷумҳуриявӣ. Монархия — чунин шакли идоракунӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти олӣ қисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат мебошад. Дар сари давлат — монарх, подшоҳ, амир ва ё император меистад. Онҳо тахтро ба тариқи меросӣ ё баъзе вақт интихобӣ ба даст медароранд. Шакли давлатдории Эрон ва Ҳабашистон то инқилоб, Англия, Ҷопон, Белгия ва ғайраҳо ба чунин давлатҳо мисол шуда метавонанд.
Дар шакли давлатдории ҷумҳуриявӣ ҳокимият ба воситаи мақомоте, ки ба муҳлати муайян интихоб мегарданд, идора карда мешавад. Ин шакли давлатдорӣ президентӣ ва парламентӣ мешавад. Дар ҷумҳурии президентӣ ҳукумат новобаста аз ҳайати ҳизбии парламент, аз тарафи президент ташкил карда шуда, дар назди он масъулият дорад. Президент фаъолияташро мувофиқи салоҳдиди худ ба амал мебарорад. Ба чунин давлатҳо Русия, ИМА, Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва ғайра дохил мешаванд.
Дар ҷумҳурии парламентӣ ҳукумат аз намояндагони як ё якчанд ҳизб, ки дар парламент аксари ҷойҳоро ишғол менамоянд, ташкил карда мешавад. Чунин Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар назди парламент масъулият дорад. Ба чунин давлатҳо Ҳиндустон, Олмон, Италия ва ғайра дохил мешаванд.
Давлатҳо вобаста ба сохти давлатиашон низ аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Сохти давлатӣ хусусияти муносибатҳои байниҳамдигарии рукнҳои давлат ва мақомоти марказиву маҳаллии онро ифода менамояд. Давлатҳо аз рӯйи сохти давлатиашон ягона (унитарӣ), федеративӣ ва конфедеративӣ мешаванд.
Давлати ягона шакли оддии давлатдорӣ мебошад. Вай аз қисмҳои марзию маъмурӣ, ба монанди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва ғайраҳо иборат мебошад. Дар чунин давлат мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии умумӣ вуҷуд доранд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Фаронса, Ҷопон ва ғайраҳо.
Давлати федеративӣ шакли мураккаби давлатдорӣ мебошад. Дар он мақомоти ҳокимияти олӣ ва идоракунии барои ҳамаи федератсия умумӣ ташкил карда шуда, шаҳрвандии умумӣ вуҷуд дорад. Ҳар яке аз аъзои федератсия дорои макомоти ҳокимиятӣ ва идоракунӣ буда, мустақилияти нисбии худро нигоҳ медорад. Аъзои федератсия фаъолияти худро дар доираи ваколатҳое, ки аз тарафи федератсия ба онҳо дода шудааст, ба амал мебароранд. Ба чунин давлатҳо ИМА, Русия, Ҳиндустон, Мексика ва ғайра мисол шуда метавонанд.
Дар гузашта давлатҳои конфедеративӣ низ вуҷуд доштанд. Ин давлатҳо бо мақсади ба танзим даровардани як қатор масъалаҳо мақомоти олии умумӣ ташкил менамоянд. Дар онҳо ҳудуди ягона вуҷуд надорад. Чунин давлатҳо аз ҳудуди давлатҳои алоҳида иборатанд, ки бо якдигар иттиҳод бастаанд. Дар онҳо шаҳрвандии ягона низ вуҷуд надорад, яъне ҳар як давлат дорои шаҳрвандии худ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ исбот кардааст, ки давлатҳои конфедеративӣ дурудароз вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳо тез барҳам мехӯранд ё ба давлати федеративӣ табдил меёбанд. Дар гузашта ИМА, Нидерландия, Иттиҳоди Олмон ва ғайра давлати конфедеративӣ буданд.
Давлатҳо вобаста ба низоми сиёсиашон низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Низоми сиёсӣ то андозае на танҳо шакли давлат, балки мазмуни фаъолияти онро ифода менамояд. Аз ин ҷо моҳиятан он меъёри муайянкунандаи шакли давлат мебошад.
Режими сиёсӣ маҷмӯи усул, тарз ва воситаҳое мебошад, ки бо ёрии онҳо ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Низоми сиёсӣ ҳолати ҳуқуқии шахсро дар ҷамъият ва давлат, ҳолати воқеии он, таъсири давлат ба ҳаёти сиёсии кишвар, шакли ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва салоҳияти онҳо ва ғайраро тавсиф медиҳад. Ду навъи гуногуни низоми сиёсӣ — демократӣ ва ғайридемократӣ вуҷуд дорад. Ба низоми ғайридемократӣ дар гузашта давлатҳои Олмон, Италия, Камбоҷа ва ғайра дохил мешуданд. Давлатҳое, ки дар асоси низоми демократи фаъолият менамоянд, баробарӣ ва озодии ҳамаи шахсонро эътироф карда, онҳоро на танҳо дар Конститутсия мустаҳкам менамоянд, балки дар амал ҷорӣ мекунанд. Волоияти қонун, риояи қонуният, истифодаи васеи институтҳои демократии гуногунро дар ҳаёти сиёсӣ таъмин менамоянд. Низоми демократӣ идеале мебошад, ки барои ноил шудан ба он ҳама гуна ҷамъият ва давлат кӯшиш мекунад.