Шаклҳои бекорӣ ва сабабҳои пайдоиши он
Бекорӣ яке аз масъалаҳои нисбатан дарднок ҳатто барои мамла катҳои мутараққӣ ба ҳисоб меравад. Шиддатнокии масъалаи бекорӣ як чанд сабаб дорад:
Якум, инсон захираи иқтисодии навъи махсус аст. Агар ҳоло иқти содиёт ба ӯ талабот надошта бошад, ӯро «захира кардан»у то замонҳои хуб дар яхдон нигоҳ доштан мумкин нест. Вақти кории гумшуда барқа рорнашаванда аст ва он ҳаҷми неъматҳоро, ки имрӯз истеҳсол нашуда анд, оянда ҷуброн кардан имконнопазир аст.
Дуюм, одам ҳатто кор накунад ҳам, истеъмол накарда наметаво над ва ӯ, ба ҳар ҳол, бояд худ ва оилаашро хӯронад. Бинобар ин ҷомеа маҷбур аст, ки воситаҳои наҷоти бекорон аз марг ба сабаби гуруснагӣ ё мубаддал нагардидани онҳоро ба яғмогарон ҷӯяд. Вале воситаҳои ба ин нигарондашуда ҳаргиз подош барои истеҳсоли неъматҳои нав намегар данд ва пас, ба болоравии минбаъдаи некуаҳволии ҳамаи шаҳрвандони мамлакат намеоваранд.
Сеюм, афзуншавии бекорӣ талаботро ба молҳо дар бозори дохилӣ кам мегардонад. Одамоне, ки музди меҳнат намегиранд, маҷбур меша ванд ҳамагӣ бо ҳадди ақали воситаҳои рӯзгузаронӣ қаноатманд шаванд. Дар натиҷа фурӯши молҳо дар бозори дохилии мамлакат душвор мегар дад («бозор маҳдуд мешавад»). Барои ҳамин зиёдшавии бекорӣ масъа лаҳои иқтисодии мамлакатро шиддатнок мегардонад ва таконе барои камшавии минбаъдаи шуғл мебошад.
Чорум, бекорӣ вазъи сиёсиро дар мамлакат шиддатнок мегардонад. Сабаби он зиёдшавии қаҳру ғазаби одамони аз имконияти саробонии шоистаи оилаи худ маҳрумгашта ва рӯзҳоро бо азоби ҷустуҷӯи кор паси саркунанда мебошад.
Панҷум, афзоиши бекорӣ метавонад ба болоравии миқдори ҷино ятҳо, ки одамон бо мақсади ба даст овардани неъматҳои зарурӣ содир мекунанд, оварда расонад.
Бекорӣ зуҳуроти миқёси ҷаҳонист. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон тақрибан 800 миллион нафар одамон бекоранд.
Шаклҳои гуногуни бекорӣ ҷой дошта, ҳар кадоме аз онҳо сабабҳои пайдоиши худро доранд. Имрӯз иқтисоддонон намудҳои хоси бекориро ҷудо мекунанд, ки чунинанд: фриксионӣ; таркибӣ; даврӣ; мавсимӣ.
Бекории фриксионӣ чунин намуди бекориест, ки ҳатто дар мам лакатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта низ мавҷуд мебошад. Сабаби ин аз он иборат аст, ки ба корманди аз коргоҳи худ ҷавобшуда ё онро бо хоҳиши худ тарккарда барои пайдо кардани ҷои нави кор вақти муайя не лозим аст. Барои ин гуна ашхос коре лозим аст, ки ӯро бояд аз ҷиҳа ти ҳам фаъолият, ҳам сатҳи музди меҳнат қонеъ гардонад. Агар ин гуна ҷойҳои корӣ дар бозори меҳнат бошанд ҳам, одатан зуд пайдо кардани онҳо душвор аст.
Ғайр аз ин, дар бозори меҳнат ҳамеша бекороне ҳастанд, ки бори ав вал кор меҷӯянд (ҷавонон, занҳое, ки кӯдаконашонро ба воя мерасонанд ва дигарон).
Илми иқтисодӣ бекории фриксиониро зуҳуроти муътадил ва бехавф меҳисобад (илова бар он ки вай кӯтоҳмуддат аст). Зиёда аз ин, бекории фриксионӣ дар иқтисодиёти муътадил ташкилгардида ногузир аст, зеро дар он аз ҷониби одамон озодона интихоб кардани ҷои кор мушоҳида мегардад.
Чӣ метавонад боиси болоравии сатҳи бекории фриксионӣ шавад?
Ҷудо кардани як қатор сабабҳои асосӣ зарур аст: огоҳ набудани одамон аз имконияти пайдо кардани кор мувофиқи ихтисоси худ ва бо сатҳи қо- неъкунандаи пардохти меҳнат дар ширкатҳои мушаххас; омилҳои ба тав- ри объективӣ камкунандаи зудҳаракатии қувваи корӣ. Масалан, одам дар шаҳри худ кор пайдо накард, вале ӯ ба шаҳри дигар, ки он ҷо кори дил хоҳаш ҳаст, бо сабаби надоштани қайд кӯчида наметавонад; хусусиятҳои одатҳои миллӣ ва тарзи зиндагӣ. Бекории фриксионӣ дар мамлакатҳое зиёд аст, ки шаҳрвандони он тамоми ҳаёт дар як нуқтаи аҳолинишин зин дагонӣ карданро афзал медонанд, яъне онҳо бо зудҳаракатии суст фарқ мекунанд, ки бо сабабҳои иҷтимоӣфарҳангӣ вобастагӣ доранд.
Бекории таркибӣ дар натиҷаи пешрафти илмӣтехникӣ, ки тала ботро ба кормандони як касб кам карда, баръакс, ба касби дигар афзун мегардонад, пайдо мешавад. Ба таври дигар гӯем, бекории таркибӣ дар натиҷаи имконнопазирии дарёфти кор бо сабаби мавҷудияти фарқият дар сохтори талабот ва пешниҳоди қувваи корӣ дар бозори меҳнат пайдо мешавад.
Чунин бекорӣ барои одамон нисбат ба бекории фриксионӣ вазнин тар аст. Пайдоиши бекории таркибӣ чунин маънӣ дорад, ки барои бисёр одамон аз худ кардани касбҳои нав лозим меояд ва маълум нест, ки оян да онҳо ба андозаи вақти машғулшавӣ бо касбҳои пешинаашон музди меҳнат гирифта метавонанд, ё не.
Канораҷӯӣ аз бекории таркибӣ имконнопазир аст. Ин вобаста ба он аст, ки пешрафти техникӣ пайваста молҳо ва технологияҳои нав ва ҳат то соҳаҳои томро ба вуҷуд меорад (ба онҳо, масалан, истеҳсоли компю терҳои шахсӣ, дискҳои лазерӣ ва оптикаҳои нахӣ мансубанд). Дар на тиҷа сохтори талабот ба қувваи корӣ хеле дигаргун мешавад ва одамони соҳиби касбҳои пешина акнун нолозим дар канор монда, сафи бекорон ро зиёдтар мекунанд.
Масалан, солҳои 90уми асри гузашта дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Россия ҳаҷми маблағҳои пулии барои тадқиқотҳои илмӣ ҷудошаванда хеле коҳиш ёфт ва як қатор пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ баста шуданд. Кормандони онҳо, ки бекор монданд, маҷбур шуданд, барои худ манбаъ ҳои нави гирифтани музди меҳнат ҷӯянд. Дар натиҷа қисме аз онҳо ба тиҷорат рафта, ширкатҳои худро ба вуҷуд оварданд, ё аз нав таҳсилу бо зомӯзӣ карда, тахассуси менеҷерҳо ва мутахассисони соҳаҳои бонкдорӣ ё ширкатҳои тиҷоратиро аз худ карданд.
Бекории таркибӣ, сарфи назар аз тамоми гарониҳои худ, барои мамлакат чандон хавфнок нест. Вале агар умуман, ҷойҳои корӣ назар ба бекорон кам бошад, ин хеле бад аст. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар мамлакат шакли сеюми аз ҳама ногувори бекорӣ, яъне бекории даврӣ пайдо шудааст.
Бекории даврӣ ба мамлакатҳое хос аст, ки дар ин мамлакатҳо па стравии иқтисодиёт (истеҳсолот) мушоҳида мегардад. Дар ин маврид зуҳуроти буҳронӣ на дар бозори алоҳидаи молӣ, балки амалан дар ҳа маи бозорҳои молӣ пайдо мешаванд. Душвориҳоро аксари ширкатҳои мамлакат аз сар мегузаронанд, бинобар ин ба таври оммавӣ аз кор ҷа воб додани кормандон дар як вақт қариб дар ҳама ҷо ба амал меояд. Дар натиҷа миқдори умумии ҷойҳои холии корӣ назар ба шумораи бекорон кам мешавад.
Баъзан ба чунин гурӯҳи бекорон, ҳарчанд ки чандон дуруст нест, кормандони мавсимиро низ мансуб медонанд. Онҳо одатан ба он са баб бекор мемонанд, ки баъзе намудҳои фаъолият танҳо дар давраҳои муайяни сол амалӣ мешаванд. Мисоли равшани ба ин хос кормандони соҳаи кишоварзӣ мебошанд, ки танҳо дар давраи ҷамъоварии ҳосил бо кори худ машғул буда, вақтҳои боқимонда корҳои дигари пешомадаро иҷро мекунанд.
Бекории мавсимӣ барои одамони соҳиби касбҳои гуногун шинос аст, масалан, барои ҳамаи онҳое, ки аксаран дар фасли тобистон ба ис тироҳаткунандагони фароғатгоҳҳо хизмат мерасонанд. Чунин бешуғлӣ, албатта, баъзе масъалаҳоро ба миён меорад, вале ин ҷо ҳеҷ фоҷеае нест: мавсими нав фаро мерасад ва ҳамзамон боз кор пайдо мешавад. Зиёда аз ин, чунин бекорон на аз ҳар ҷиҳат ба гурӯҳи бекорон мансуб буда мета вонанд, зеро бисёрии онҳо аксаран аз пайи ҷустуҷӯи фаъолонаи ҷои до имии кор намешаванд: ба қисме чунин тарзи зиндагӣ маъқул аст, қисми дигар тахассуси зарурӣ надоранд ва хоҳишманди ба онҳо соҳибшавӣ ҳам нестанд ва ғайра.
Барои иқтисодиёти Тоҷикистон ҳоло бекории таркибӣ, ки бо беко риҳои даврӣ, мавсимӣ ва фриксионӣ пурра мегардад, хос аст. Ин бо сиё сати давлатии солҳои 90уми асри ХХ гузаронидашуда (хусусигардонӣ, бозсозии таркибӣ ва ғайра), инчунин бо шароитҳои амал кардани иқти содиёт вобаста аст.