Шаклҳои асосии бонкҳо
Бонкҳо дар таърихи дуру дарози худ роҳи басо тӯлонии рушду тако мулро тай кардаанд. Натиҷаи ин роҳ ба миён омадани шаклҳои гуногуни муассисаҳои бонкӣ гардид. Намудҳои асосии бонкҳо чунинанд: эмисси- онӣ (дар ҳар мамлакат чунин бонк танҳо якто буда, ҳатто агар аз рӯи қонун давлатӣ ҳам набошад, якҷоя бо ҳукумат кор мекунад); тиҷоратӣ; амонатӣ; махсус (оид ба соҳаи муайян).
БОНКИ ЭМИССИОНӢ дорои ҳуқуқи интишори воҳиди пули миллӣ ва танзими гардиши пул дар мамлакат мебошад.
БОНКИ ТИҶОРАТӢ ташкилоти молиявиест, ки оид ба самтҳои зерин фаъолият мебарад: 1) қабули амонатҳо; 2) пешниҳоди қарзҳо; 3) ташкили корҳои ҳисобӣ; 4) хариду фурӯши коғазҳои қиматнок.
Чун қоида, бонки эмиссионӣ Бонки марказӣ буда, ин вазифаро аз номи давлат иҷро мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бонки эмиссионӣ танҳо Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки ба давлат тааллуқ дорад. Бонки эмиссионӣ (марказӣ) ба ашхосу ширкатҳои хусусӣ хизмат наме расонад. Он танҳо бо давлат ва бонкҳои тиҷоратӣ кор мебарад (дар ин
хусус мо поёнтар, вақте бо фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон шинос мешавем, муфассалтар сухан меронем).
Ҳамаи бонкҳои дигар ба гурӯҳи бонкҳои тиҷоратӣ мансуб буда, ба шаҳрвандон ва ширкатҳо хизмат мерасонанд. Онҳо метавонанд коми лан хусусӣ ё давлатӣ бошанд. Масалан, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» давлатист.
Аз рӯи шакли моликият бонкҳо чунин буда метавонанд: давлатӣ; коллективӣ; хусусӣ; саҳҳомӣ; омехта.
Дар асоси гуфтаҳои боло мо метавонем мафҳуми бонкро чунин шарҳ диҳем: БОНК ташкилоти молиявиест, ки дар самтҳои зерин фаъо лият мебарад: 1) қабули амонатҳо; 2) пешниҳод кардани қарзҳо; 3) ташкил кардани ҳисоббаробаркуниҳо; 4) хариду фурӯши ко ғазҳои қиматнок ва ғайраҳо.