Шакл ва таснифи хароҷот
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ маънидод ва тафриқасозии шакл ва намудҳои марксистии хароҷот қариб истифода намешавад. Таҳти хароҷоти истеҳсолот шакли бо пул ифодаёфтаи хароҷоти корхона (фирма) оид ба дастрас кардани омилҳои истеҳсолот ва фоида фаҳмида мешавад. Бештар хароҷот ҳамчун шакли бо пул ифода ёфтаи захираҳои иқтисодӣ, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо, истеҳсол ва фуруши неъматхову хадамот сурат мегирад, тасаввур карда мешавад. Ба он фоидаи соҳибкор ҳамчун инъом (мукофот) барои анҷом додани корҳои таваккалӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хочагидорӣ низ ҳамроҳ карда мешавад.
Даромади аз ҳаҷми хароҷот ба таври илова бавуҷудомада (фоидаи барзиёд, фоидаи монополӣ) ҳамчун натиҷаи мавридҳои қулайтарин ва қонунан ташкилшаванда қадр карда мешавад. Ин шакли хароҷоти истеҳсолӣ, ки бештар дар худ қисми фоидаи муътадил ва фоидаи миёнаро дар бар мегирад ба ҳайси хароҷоти иқтисодӣ сурат мегирад.
Хароҷоти иқтисодӣ ҳамчун раванди воқеии ташкилу ташаққули хароҷот, тарз ва услуби истифодаю интихоби захираҳо (фондхо), муайян намудани роҳҳои қулайтарини истифода ва имконоти бо услубҳои гуногун мубодила ва истифода намудани онҳо, яъне алтернативӣ сурат мегирад.
Хароҷоти зуҳурӣ (айён, пулӣ) ҳамчун кулли масрафи маблағҳои қорхона оиди ба даст овардани дастгоҳ, мошину таҷҳизот, олоту асбоб, ашё, маводҳо, сузишворӣ, қувваи барқ, адои музди корӣ менеҷерону мутахассисон, хароҷоти роҳ, иҷораи бино ва ғайра сурат мегирад. Ин гуруҳи хароҷот муносибатҳои берунии корхонаҳоро ифода намуда, ба арзиши аслии қорхонаҳо (хароҷоти иқтисодӣ) ҳамроҳ карда мешаванд.
Сарҷамъи масорифоти аз ҷониби худи анҷом дода шуда хароҷоти ғайризуҳуриро ташкил медиҳад.
Харочоти мустақим* масрифоте мебошад, ки бевосита ба раванди тавлиди молу маҳсулот ва хадамот алоқаманданд.
Он ҳамчун кимат (арзиш)-и ашё ва маводҳои дар ҷараёни тавлидот ва муомилот истифодашаванда; музди кори коргарони бевосита дар истеҳсолот банд буда ва дигар масрафҳое, ки ба раванди тавлиди молу маҳсулот мансубият доранд, ташкил карда мешавад.
Хароҷоти ғайримустақим – унсури асосии хароҷоти фирма буда, масрифотеро, ки бевосита ба тавлид ё фуруши ин ё он молу маҳсулот алокаманд нестанд, дар бар мегирад. Масалан, хароҷот оиди нигоҳ доштани идораи фирма (менеҷмент, маркетинг), иҷорапулй, амортизатсия, фоизи қарзи бонк ва ғайра .
Хароҷоти доимй – хароҷоте мебошад ки новобаста ба тағйирёбии ҳаҷми истеҳсол ва маҳсулот собит боқӣ мемонад. Масалан, масрифоти нигоҳдории биноҳои истеҳсолӣ, иншоот, ҳаққи меҳнати роҳбарону маъмурият (менеҷерон, бозоршиносон, иқтисодҷиёну ҳисобдорон), пардоҳтҳои рентавй, ҳиссаи истеҳлок (амортизатсия)- и биною таҷҳизот, суқурта ва ғайра .
Хароҷоти тағйирёбанда – масрафоте мебошанд, ки аз ҳаҷм ва меъёри умумии истеҳсол ва фуруши маҳсулот алокаманд буда, вобаста ба дигаргуншавиашон тағйир меёбанд. Масалан, масорифоти ашё, маводҳо, музди кори коргарон.
Дар амалияи ҳоҷагидорй ҳароҷоти мустақими фирма ба сифати ҳароҷоти тағйирёбанда ва ҳароҷоти ғайримустақим- ҳароҷоти доимӣ сурат мегирад. .
Хароҷоти умумии фирма – ҳамҷун ягонагии ҳароҷоти доимӣ (ҒС) ва тагйирёбанда (УС) сурат мегирад. Ин тарзи тақсим ва ташкили ҳароҷоти умумй имкон медиҳад, ки имконияти истеҳсолй ва техникии фирма барои давраҳои ҳозираю оянда, яъне давраи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳдат ва дарозмуҳлат муайян карда шавад.
Харочоти интиҳоӣ – (анг. Marginal cost, русс, пре- дельные издержки) – мустақиман бо тавлиди иловагии маҳсулот вобаста мебошад. Он ҳамчун таносуби ҳаҷми афзунгаштаи ҳароҷоти тагйирёбанда ва ҳаҷми афзунгардидаи маҳсулот муайян карда мешавад.