• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/ШАБАКАИ КОМПЮТЕРӢ. СИСТЕМАҲОИ ҶУСТУҶӯӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА ТАТБИҚИ ОН / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

ШАБАКАИ КОМПЮТЕРӢ. СИСТЕМАҲОИ ҶУСТУҶӯӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА ТАТБИҚИ ОН / Реферат

154 нафар дид 0

Муаллиф: umar
30.01.2024

ШАБАКАИ КОМПЮТЕРӢ. СИСТЕМАҲОИ ҶУСТУҶӯӢ ДАР ИНТЕРНЕТ ВА ТАТБИҚИ ОН

Шабакаи компютерӣ.

Шабакаи компютерӣ инпайвастшавии ду ё якчанд компютерҳо бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳо ва захираҳояшон мебошад. Шабакаи компютерӣ имкон медиҳад, ки чунин воситаҳои иловагӣ ба монанди принтер, сканер, плоттер, стример ва дигарон коллективона истифода шаванд. Инчунин таъминоти информатсионӣ ё барномавии умумӣ имкон медиҳанд, ки хотираи компютерҳо сарфа карда шаванд. Шабакаи компютерӣ — воситаи пуриқтидори мубодилаи информатсияи байни компютерҳо мебошад. Дар амалия вобаста аз ҳаҷми информатсияи барои ҳалли масъалаҳо зарурӣ аз шабакаҳои компютерии локалӣ, корпоративӣ (минтақавӣ) ва глобалӣ истифода мебаранд. Шабакаҳои локалӣ одатан барои ташкил намудани алоқаи байни компютерҳои як ҳуҷра, бино, ё якчанд бинои корхона хизмат менамоянд. Агар компютерҳои якчанд корхонаҳои ягон маҳал бо ҳамдигар алоқаманд шаванд, он гоҳ мегӯянд, ки онҳо дар шабакаи корпоративӣ пайвастанд. Шабакаи глобалӣ алоқаи компютерҳои тамоми кураи Замин мебошад. Ба он Интернет, Интранет, Фидонет ва дигар шабакаҳо дохил мешаванд. Дар байни онҳо шабакаи глобалии аввалин ва паҳншудатарин Интернет мебошад, ки он бо истифодаи бепул бо тезӣ паҳн шудааст. Телекоммуникатсия аз калимаҳои теле – масофа ва коммуникатсия – мубодилаи информатсия гирифта шуда, мубодилаи информатсиониро дар масофаҳои гуногун бо воситаҳои ноқилӣ ва беноқил таъмин менамояд.
Системаҳои ҷустуҷӯи Интернет.
www.rambler.ru) оғоз намуда, ки яке аз аввалин ҷӯяндаҳои Рунет мебошад. Масалан, мутахассисони Россия тасдиқ менамоянд, ки то 90% истифодабарандагони русзабон моҳе ақаллан як маротиба аз имкониятҳои Рунет истифода мебаранд.
Равзанаи асосии системаи ҷустуҷӯии Rambler

Қайд менамоем, ки Rambler ғайр аз ҷустуҷӯи оддии маълумотҳои дархостшуда инчунин, дорои воситаи ҷустуҷӯии васеъ мебошад (Расширенный поиск — www.rambler.ru/doc/advanced.shtml).

www.yandex.ru) мебошад. Афзалияти асосии он дар забони табиии тартиб додани дархостҳо мебошад. Албатта, дар ин ҳолат набояд фаромӯш намуд, ки амалиётҳои ҷустуҷӯиро мошин иҷро менамояд ва хатогиҳои мантиқӣ имконпазир мебошанд.

Равзанаи асосии системаи ҷустуҷӯии Яndex

ғайр аз имкониятҳои муқаррарии ҷустуҷӯӣ, Яndex имконияти ҷустуҷӯии васеи маълумотҳоро (http://www.yandex.ru/advanced.html) дастгирӣ менамояд. Реҷими мазкур имконияти ба таври аниқ муайян намудани хусусиятҳои дархостро таъмин намуда, умуман ба ҷустуҷӯи васеи системаи Rambler монанд аст. Имконияти дар ҳудуди як саҳифа дарёфт намудани калимаи лозимӣ илова шудааст. Инчунин, имконияти аз фазои ҷустуҷӯӣ хориҷ намудани саҳифаи алоҳида низ мавҷуд аст.

Системаи ҷустуҷӯи Апорт.

Системаи ҷустуҷӯии Апорт aport.ru/ боз як ҷӯяндаи машҳури русзабон мебошад. Хусусияти Апорт – имконияти истифодабарии on-line тарҷумаи англисӣ-русӣ ва русӣ-англисии дархостҳо мебошад. Истифодабарандагон метавонанд забони манбаи маълумоти дархостшавандаро надониста, онро ҷустуҷӯ намоянд. Бо баробари он, қайд менамоем, ки воситаҳои тарҷуманамоӣ ҳоло на он қадар мукаммал мебошанд ва ҳангоми ҳосил намудани натиҷаҳои ҷустуҷӯ саҳеҳии онҳоро санҷидан лозим аст. Одатан, барои дархостҳои содда натиҷаҳои саҳеҳ дарёфт карда мешаванд.

Почтаи электронӣ.
Почтаи электронӣ – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст. Ба матни навишташуда файли андозааш кифоя калонро низ ҳамроҳ намудан мумкин аст. Масалан, агар шумо ба рафиқатон мактуб навиштанӣ бошед, ба он расми худ ё иттилооти овозиро ҳамроҳ намуда метавонед.

Истифодабарандагони ботаҷриба одатан, якчанд суроғаҳои почта доранд – яке барои кор, дуюмин барои мактубҳои шахсӣ ва ғ. Қуттиҳои бемаблағи почта инчунин, барои нигоҳ доштани сирри истифодабаранда низ истифода шуда метавонанд ва масалан, аз рӯи суроғаи почта муайян намудани шахсияти истифодабаранда номумкин мешавад.

Як қатор чунин саҳифаҳоро номбар намудан мумкин аст, ки имконияти бе маблағ кушодани қуттии почтаро медиҳанд:

  • Mail.ru
  • 14um.net
  • Newmail.ru
  • Rambler. ru
  • Yandex. ru ва ғ.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  2 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов