• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Сармояи инсонӣ ва мақоми он дар таъмини рушди иқтисодӣ
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Сармояи инсонӣ ва мақоми он дар таъмини рушди иқтисодӣ

115 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Сармояи инсонӣ ва мақоми он дар таъмини рушди иқтисодӣ

Дар замони муосир сармояи инсонӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи тадқиқоти иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, ки омилҳои рушди иқтисодии кишварҳои дунёро таҳлил наму­ дааст, дар кишварҳои ба иқтисоди бозоригузаранда (кишварҳои собиқ Шӯравӣ) 16 фоизи рушди иқтисодӣ аз ҳисоби сармояи ҷисмонӣ (таҷҳи­ зот, бино ва дигар инфраструктураҳои истеҳсолӣ), 20 фоиз аз ҳисоби сармояи табиӣ (замин, канданиҳои фоиданок ва дигар сарватҳои табиӣ) ва 64 фоизи боқимонда аз ҳисоби сармояи инсонӣ таъмин карда меша­ вад. Дар кишварҳои мутараққӣ бошад, то 40 фоизи маҳсулоти ҷамъиятӣ ба самараи системаи маориф вобаста мебошад. Назарияи сармояи ин­ сонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ аз ҷониби намояндагони мактаби нео­ классикӣ Г. Беккир ва Т. Шултс пешниҳод шудааст. Мафҳуми «сармояи инсонӣ» дар доираи ин назария бо шаклҳои гуногун шарҳ дода шуда­ аст. Баъзе аз намояндагони ин мактаб онро маҷмӯи қобилият, донишу маҳорати инсон ва баъзе аз онҳо онро маблағгузорӣ барои гирифтани 162

таҳсилот ва баланд бардоштани савияи донишу маҳорат шарҳ додаанд. Дар шакли пуррааш мафҳуми сармояи инсонӣ чунин шарҳ дода мешавад: Сармояи инсонӣ маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсонро меноманд. Маҷмӯи дониш, малакаю маҳорат, қоби­ лият ва саломатии инсон барои он сармоя номида мешаванд, ки онҳо сарчашмаи гирифтани фоида ва таъмини талаботи оянда мебошанд. Бо дарназардошти ин унсурҳои таркибияшон шаклҳои зерини сармояи ин­ сониро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сармояи маърифатӣ, сармояи ма­данӣ ва сармояи тандурустӣ.
Сармояи инсонӣ дар муқоиса ба дигар шаклҳои сармоя (сармояи та­биӣ, сармояи ҷисмонӣ ва сармояи молиявӣ) дорои хусусиятҳои зерин мебошад: ташкили сармояи инсонӣ аз худи одамон ва ҷомеа сарфи му­ айяни хароҷоти пулию моддиро тақозо менамояд; сармояи инсонӣ ху­ сусияти андӯхт (ҷамъ) шуданро дорад; сармояи инсонӣ мисли сармояи ҷисмонӣ хӯрда шуда, маблағи муайянро барои истеҳлок тақозо менамо­ яд; сармояи инсонӣ аз худи инсон, яъне соҳиби он ҷудо буда наметаво­ над; новобаста аз сарчашмаҳои ташкилии он (давлатӣ, оилавӣ, хусусӣ ва ғ.) сармояи инсониро танҳо соҳибаш идора менамояд.

Бо назардошти хусусияти таъсири сармояи инсонӣ ба некуаҳволии омма ду шакли сармояи инсониро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1) Сармояи инсонии истеъмолӣ, ки ба эҷодкорию дониши инсон вобаста буда, манфиатҳои истеъмолии ҷамъиятии хизматрасониҳои алоҳидаро баланд мебардорад. Масалан, донишҳои нави муҳандисе, ки шакли нави самараноки хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро пешниҳод ва амалӣ менамояд. 2) Сармояи инсонии истеҳсолӣ: эҷодкорию дониши нав барои истеҳсоли хизматрасониҳои наве, ки истеъмолашон манфи­ атҳои истеҳсолии ҷамъиятиро афзун менамояд. Масалан, кашфи техно­ логияи нав, ба вуҷуд овардани воситаи нави истеҳсолот ва ғ. Ин шакли сармояи инсонӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти маърифатию илмии инсон вобаста аст, ки натиҷаҳои онро дар истеҳсолот истифода менамоянд.

 

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов