Сари Хосор
Сари Хосор дар қисмати ҷанубии мамлакат — ноҳияи Балҷувон дар масоҳати 3805 га (дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир мебошад. Масофаи ҷойгиршавии ин мавзеи сайёҳӣ аз пойтахти мамлакат — ш.Душанбе ҳамагӣ 165 км дур мебошад, аммо роҳу пурпечутоби он, ки тавассути кӯҳсор ва сангоб мегузарад, ин масофаро аз рӯи вақт хеле дароз мекунад.
Новобаста аз ин, Сари Хосор дар воқеъ табиати шигифтангез, афсонавӣ ва дастнорас дошта, бо ҳавои тару тоза, кӯҳҳои ҷомасабзи худ, шаршараи ҳайратангези чашмасор, дарахтони чормағзу тут, чанорҳои бисёрсола, ҳайвоноти нодир (хирс, гург, бабри сафед, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ ва ғайра), парандаҳои гуногун ва сокинони меҳмондӯст, таваҷҷӯҳи ҳазорон сайёҳонро ҷалб намудааст.
Сари Хосор макони истироҳатиест, ки табиат эҳдо кардааст, бо ташриф овардан ба ин мавзеъ шахс барои худ саҳифаи наверо марбут ба офариниши коинот ва ҳастии инсону дигар махлуқот дар рӯи замин, ки қаламкаши ҳама Худованд аст, мекушояд.
Хатсайри мазкур тариқи яке аз минтақаҳои дигари куҳану номдор—Ховалинг мегузарад, ки дар ин ҷо низ сайёҳон имконияти зиёрат кардани барҷастагони дини Ислом — Султон Увайси Қаръайнӣ ва дигаронро доранд.