Сарчашмаҳои ҳуқуқ
Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ягон шакли муайян ифода карда мешаванд. Онҳо дар ҳуҷҷатҳои хаттии расмӣ ифода ёфта, иҷрояшон барои ҳама ҳатмӣ мебошад. Шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкам кардани меъёрҳои ҳуқуқиро сарчашмаҳои ҳуқуқ меноманд.
Сарчашмаҳои ҳуқуқ ба қонун ва санадҳои зерқонунӣ ҷудо мешаванд. Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул мегардад ва муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро танзим мекунад. Қонун қувваи баланди ҳуқуқӣ дошта, дигар санадҳои меъёрӣ бояд дар асос ва мувофиқи он қабул карда шаванд. Қонун масъалаҳои ҳаётан муҳимми мамлакатро ба танзим дароварда, ба ҳамаи одамон баробар татбиқ мегардад.
Дар байни қонунҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Дар он асосҳои сохти давлатӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва ухдадориҳои шаҳрвандон, салоҳияти Маҷлиси Олӣ, Президент ва амсоли инҳо мустаҳкам карда мешаванд. Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамаи қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асос ва мувофиқи Конститутсия қабул карда шуда, дар сурати мухолифат бо он эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
«Конститутсия» калимаи лотинӣ буда, маънояш сохт, муқаррар кардан мебошад. Вай ҳамчун қонуни асосии давлат на дар давлади ғуломдорӣ ва на дар давлати феодалӣ маълум набуд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат аз вақти ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазия, аниқтараш аз замони инқилобҳои буржуазӣ ба вуҷуд омад. Аввалин конститутсия дар ИМА соли 1787 ва дар Фаронса соли 1791 қабул карда шуд.
Барои қабули конститутсия қоидаи махсус муайян карда шудааст. Конститутсияро асосан мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ (парламент) ё мақомоти махсуси бо ин мақсад таъсисшуда (маҷлиси муассисон, маҷлиси миллӣ, конвент ва ғайра) қабул мекунанд.
Баъзан конститутсия ва ҳатто тағйиру иловаҳо ба он дар раъйпурсии умумӣ қабул карда мешаванд, масалан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барои таъйини раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид карданӣ тағйиру иловаҳо ба он ризояти Президент ва ё овозҳои на кам аз се ду ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки ин амал барои қабул ё тағйир додани дигар қонунҳои ҷорӣ хос намебошад. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) Конститутсия қабул карда шудааст.
Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи таҳияи Конститутсияи он ба миён гузошта шуд. Моҳи сентябри соли 1926 Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи коркарди лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Он бояд дар асоси Конститутсияи ИҶШС ва Ҷумҳурин Ӯзбекистон қабул карда мешуд. Моҳи майи соли 1927 лоихаи Конститутсия тайёр карда шуд ва аввалин Конститутсияи Тоҷикистон дар съезди II-и Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон 28 апрели соли 1929 қабул карда шуд.
Дар он муваффақиятҳои халқи тоҷик дар ҳамаи соҳаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маданӣ инъикос шуда, ташкили Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, барқароршавии ҳокимияти Шӯроҳо ҳамчун типи нави давлат мустаҳкам карда шуд. Аммо ин Конститутсия на аз тарафи Анҷумани Ш-и Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон тасдиқ гардиду на ба ҳукми амал даромад, чунки дере нагузашта Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва ин Конститутсия бо ҳамин вазифаи таърихии худро иҷро кард. Аз ин рӯ, масъалаи тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нав ба миён омад. Лоиҳаи дуюмин Конститутсияи Тоҷикистонро Анҷумани IV-и Шӯроҳо муҳокима карда, онро тарафдорӣ намуд. Президиуми КИМ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои вакилони съезд ва комиссариатҳои халқиро ба инобат гирифта, бо қарори худ 20 декабри соли 1931,матни Конститутсияро дар таҳрири нав нашр намуд ва ба ҳукми амал даровард. Конститутсияи соли 1931 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин рӯ, баъди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон зарурати тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсия — Конститутсияи давраи ғалабаи сотсиализм ба миён омад.
1 марти соли 1937 Анҷумани IV фавқулодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Дар он давраи нав — давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода карда шуд.
Конститутсияи мазкур дар муддати чил сол амал кард ва дар ин давра дар сохтори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низоми иқтисодӣ, асосҳои ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ин рӯ, масъалаи қабули Конститутсияи нав ба миён омад.
15 июли соли 1977 ичлосияи 7-уми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон комиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистонро ташкил кард. 19 марти соли 1978 лоиҳаи Конститутсия барои муҳокимаи умумихалқӣ нашр карда шуд. 14 апрели соли 1978 иҷлосияи 8-уми ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати нуҳум Конститутсияи 4-уми ҶШС Тоҷикистонро қабул кард.
Баъди ба истиқлолият соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи нави он 6 ноябри соли 1994 ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) қабул карда шуд. Ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Рӯзи 6 ноябр ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуд, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Дар байни қонунҳо ҷойи махсусро қонунҳои конститутсионӣ ишғол менамоянд. Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қабули он дар Конститутсия пешбинӣ шуда, мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти қонунгузор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул карда мешавад ва муносибатҳои махсусан муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати ҶумҳурииДоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра ба ин гуна қонунҳо мисол шуда метавонанд.
Кодексҳо санади меъёрии қуқуқии махсус ба шумор мераванд. Кодекс қонуни ягоиа ва мураттабгаштаи дорои сатҳи баланди мантиқиест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бонизом ва бевосита танзим карда мешавад. Кодексҳо дорои сохтори хоси дохилӣ буда, аз қисми умумӣ ва махсус иборат мебошанд. Масалан, Кодекси гражданӣ, Кодекси андоз, Кодекси меҳнат, Кодекси оила, Кодекси замин, Кодекси ҷиноятӣ ва ғайра.
Дигар қонунҳо низ сарчашмаи ҳуқуқ шуда метавонанд. Мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ» ва ғайра.
Дар баробари қонунҳо дигар санадҳои ҳуқуқӣ низ ҳастанд, ки сарчашмаҳои ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд. Онҳо санадҳои зерқонунӣ буда, ба қонун тобеъ мебошанд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, дастурамалҳои вазоратҳо ва ғайра ба сифати сарчашмаҳои зерқонунӣ амал мекунанд. Мақомоти мазкур санадҳои дигар низ қабул мекунанд, лекин онҳо хислати фардӣ (инфиродӣ) дошта, ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ амал карда наметавонанд. Масалан, фармонҳо (амрҳо) дар бораи ба кор таъйин кардан, аз кор озод кардан ва амсоли инҳо.
Санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ сарчашмаҳои ҳуқуқӣ буда метавонанд. Онҳо дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории амалкунанда ба онҳо додааст, қарор қабул менамоянд. Иҷрои ин қарорҳо аз тарафи ҳамаи ташкилотҳо, шаҳрвандон ва шахсони мансабдоре, ки дар ҳудуди ҳамон маҳал ҷойгиранд, ҳатмӣ мебошад.
Вақте сухан дар бораи меъёрҳои ҳуқуқӣ рафт, бояд дар хотир дошт, ки шаҳрвандон доир ба моҳият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқӣ тасаввуроти аниқ доштанашон лозим аст, зеро баъзан надонистани мазмун ва моҳияти онҳо ё муносибати рӯякӣ нисбат ба қонун ва санадҳои зерқонунӣ боиси пайдо шудани тасаввурот ва муҳокимаҳои нодуруст доир ба сарчашмаҳои ҳуқуқ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад. Бинобар ин, бо матни аслии қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо ва ғайра ҳаматарафа ва бодиққат шинос шудан лозим аст, зеро ҳамаи онҳо дар матбуот чоп мешаванд.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар натиҷаи фаъолияти ташкилии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ эҷод карда мешаванд. Бо ҳуқуқэҷодкунӣ ҳамчун қоида Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҳалҳо Маҷлиси вакилони халқ ва раисони онҳо машғул ҳастанд. Мақомоти идоракунии давлатӣ дар мисоли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ низ ҳуқуқи эҷод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доранд. Дар баробари ин, бевосита худи халқ бо фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ (қонунэҷодкунӣ) машғул шуда метавонад. Ин кор чунин ҷараён мегирад: лоиҳаи қонунҳои ниҳоят муҳим ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешавад ва лоиҳа баъди аз тарафи халқ қабул гардиданаш эътибор пайдо мекунад. Барои амалӣ гаштани онҳо ҳеҷ гуна тасдиқ лозим нест.
Мақсади асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба таври асоснок такмил додани қонунгузории амалкунанда мебошад. Дар ҷараёни чунин фаъолият меъёрҳои ҳуқуқии куҳнашуда бекор карда шуда, ба меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда тағйирот ворид карда мешаванд ё меъёрҳои ҳуқуқии нав қабул карда мешаванд.
Ҷараёни қабули қонунҳо аз марҳалаҳои муайян иборат аст.
Марҳалаи аввал аз тарафи субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ба мақомоти қонунгузорӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сифати чунин субъектҳо баромад менамоянд.
Марҳалаи дуюм аз баррасии лоиҳаи қонун дар кумита ва комиссияҳои мақомоти қонунгузорӣ (Маҷлиси Олӣ) иборат аст. Мақсад аз баррасӣ намудани лоиҳаи қонун таҳлили ҳаматарафаи мазмуни он ва дар шакли мукаммал ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудани лоиҳа мебошад.
Муҳокимаи лоиҳаи қонун дар ҷаласаҳои палатаҳои Маҷлиси Олӣ (Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ) марҳалаи сеюми фаъолияти қонунэҷодкуниро ташкил медиҳад. Мақсад аз чунин муҳокима дар асоси пешниҳодот ва мулоҳизаҳои вакилони алоҳида, фраксияҳо ва гурӯҳҳои вакилон ба лоиҳаи қонун ворид намудани тағйиру иловаҳо мебошад. Бо дарназардошти мулоҳизаву дархостҳои пешниҳодшуда қонун метавонад дар қироати аввал ё дуюм қабул карда шавад, ки ин марҳалаи чаҳоруми ҷараёни қонунгузориро ташкил медиҳад. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул мекунад. Қонунҳои муқаррарӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон ва қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд. Маҷлиси миллӣ қонунҳои муқаррариро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ва қонунҳои конститутсиониро бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.
Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. Дар сурати ба қарори Маҷлиси миллӣ розӣ набудани Маҷлиси намояндагон қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагон баъди аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шудани онҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Агар Президент бо қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран баррасӣ менамоянд. Дар мавриде, ки баррасии такрории қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ онро такроран баррасӣ менамоянд. Агар баррасии такрории қонуни конститутсиони дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд (моддаи 62 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Қонунҳо дар нашрияҳои расмӣ ба таври ошкоро интишор карда мешаванд ва баъди интишор гардидани онҳо дар ин нашрияҳо эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданашон бо забони давлатӣ на дертар аз даҳ рӯз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Садои мардум», инчунин дар «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор карда мешаванд.
Баъд аз интишори расмиашон қонунҳо эътибор пайдо мекунанд. Рӯзи аз чоп баромадани матни пурраи расмии он дар нашрияи расмӣ рӯзи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳисобида мешавад. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар онҳо муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.