Сарчашмаҳо ва омилҳои таъминкунандаи рушди иқтисодӣ
Ба сарчашмаҳои рушди иқтисодӣ захираҳои иқтисодӣ ва пешрафти илмию техникӣ дохил карда мешаванд. Ба захираҳои иқтисодӣ (захи раҳои табиӣ, меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ) маҷмӯи омилҳои истеҳсолотро дохил мекунанд. Ба омилҳои истеҳсолот меҳнат, замин (бо канданиҳои фоиданок) ва сармоя дохил мешаванд. Ҳар яке аз ин омилҳо хусусияти ба худ хос дошта, ба рушди иқтисодӣ таъсири гуногуни худро мерасонанд.
Сарчашмаи дигари рушди иқтисодӣ пешрафти илмию техникӣ буда, такмилдиҳии технология ва шаклҳои нави идоракуниро дар истеҳсолот мефаҳмонад. Агар пешрафти илмию техникӣ (ПИТ) вуҷуд надошта бо шад, пас, тадриҷан андӯхтан (ғункунӣ)и сармоя ба пастравии маҳсулно кии ниҳоӣ ва коҳиш ёфтани рушди иқтисодӣ оварда мерасонад. Дар ша роити истифодаи пешрафти илмию техникӣ сармоя ва меҳнат нисбатан маҳсулноктар мешаванд.
Пешрафти илмию техникӣ афзоиши маблағгузориро ба миён мео рад. Маблағгузориҳо ба рушди иқтисодӣ метавонанд таъсири гуногун дошта бошанд. Баъзеи онҳо ба сарфаи хароҷоти меҳнат ва зиёд шудани хароҷоти сармоя оварда мерасонанд, ки онҳоро маблағгузориҳои сарфа кунандаи меҳнат меноманд. Маблағгузориҳои дигар хароҷоти сармояро нисбат ба меҳнат камтар менамоянд, ки онҳоро маблағгузориҳои сар факунандаи сармоя низ меноманд. Дар ҳолати сарфаи баробари меҳнат ва сармоя онҳоро маблағгузориҳои бетараф меноманд. Бояд қайд намуд, ки бо истифодаи техникаю технологияи нав, усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва истифодаи навовариҳои илмию техникӣ истеҳсоли маҳсу лоти миллӣ зиёд мешавад, яъне рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меояд.
Ба рушди иқтисодӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонанд, ки онҳо ро ба омилҳои таклифот (арза, пешниҳод), талабот (тақозо) ва омилҳои манфӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Омилҳои таклифот инҳо мебошанд: миқдор ва сифати захираҳои та биӣ (замин, канданиҳои фоиданок, иқлим ва ғайра). Яъне то чӣ андозае ки шароитҳои табиии кишвар хубтар бошанд, ҳамон андоза имконияти бештари таъмини рушди иқтисодӣ вуҷуд дорад; шумора ва сифати қув ваи корӣ, яъне, қувваи корӣ бояд донишҳои технологии замонавӣ до шта бошад; мавҷудияти сармояи асосӣ, яъне раванди истеҳсолот бояд аз ҳама ҷиҳат таъмин бошад; дараҷаи технологияи дар истеҳсолот ис тифодашаванда, яъне технологияи истифодашаванда бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардад.
Ба омилҳои талабот омилҳое дохил мешаванд, ки маҷмӯи тала ботро зиёд мекунанд. Аз ҷумла: музди кор, яъне бо зиёд будани он талабот низ зиёд мешавад; сиёсати буҷетӣ – андозӣ (фискалӣ)и дав лат, яъне афзоиши меъёри андоз ба даромад боиси камшавии музди кори ҳақиқӣ, маҷмӯи талабот ва пастравии истеҳсолот мегардад; майли ниҳоӣ ба пасандоз, ки ҳангоми афзоиш боиси камшавии маҷмӯи тала бот ва зиёдшавии маҷмӯи таклифот мегардад.
Ба омилҳои манфӣ омилҳое дохил мешаванд, ки ба маҷмӯи такли фот ва маҷмӯи талабот таъсир мерасонанд. Аз ҷумла: таваррум, ки бои си баланд шудани нархи сармоя ва паст шудани нархи меҳнат (қувваи корӣ) мешавад; афзоиши бекорӣ боиси паст шудани сифати қувваи ко риву афзоиши андозҳо боиси кам шудани ММД мегардад (мувофиқи қо нуни Оукен); касри буҷа, сабаби кам шудани маблағгузориҳои давлатӣ ва кам шудани хароҷоти иҷтимоии давлат гардида, афзоиши ММДро бозмедорад.