• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Саноатикунонӣ. Гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ-кишоварзӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Саноатикунонӣ. Гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ-кишоварзӣ / Реферат

33 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
08.02.2024

Саноатикунонӣ. Гузариш ба иқтисодиёти саноатӣ-кишоварзӣ

Бо вуҷуди он, ки дар тӯли шаш соли охир Тоҷикистон ба рушди устувори 6-7,5% ноил шудааст, иқтисодиёти он аз як қатор омилҳои беруна вобастагӣ дорад. Омилҳое, ки, мутаассифона, тавассути бӯҳрони коронавирус таъсири амиқ расонд. Тоҷикистон нисбат ба содирот бештар ворид мекунад. Барои тағйир додани ин вазъ ҳукумати Тоҷикистон чорумин ҳадафи стратегии худро ҳамчун саноатикунонӣ эълон кард. Ба наздикӣ Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул карда шуд.  Барномаи мазкур ҷиҳати мусоидат ба истеҳсол ва коркарди молҳои ивазкунандаи воридот пешбинӣ шудааст. Дар баробари таъмини рушди устувори кишвар Тоҷикистон мехоҳад молҳои рақобатпазирро ба хориҷа содир кунад. Дар маҷмӯъ кишвар азм дорад, ки бо татбиқи ин барнома воридоти молу маҳсулотро ҳамасола то 1 миллиард сомонӣ коҳиш диҳад. Ҳадафи мазкур бояд тавассути ворид кардани технологияҳои навтарин, тавсеаи бахши энергетика ва коркарди ашёи хом ба даст оварда шавад. Таъмини идоракунии устувор, ҳифзи беҳтари ҳуқуқӣ ва мубориза бо бюрократия ҳадафҳои зикршуда мебошанд. Тоҷикистон омода аст, ки дар татбиқи ин барнома дар бахшҳои зерин бо Олмон ҳамкорӣ кунад:

• Такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои саноат, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бахшҳои энергетика ва сохтмон.

• Таъсиси корхонаҳои муштараки мутақобилан судманд дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва нассоҷӣ ва ғайра.

Бо шарофати захираҳои табиӣ ва гиёҳҳои шифобахш имконоти ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ вуҷуд дорад. Дар айни замон ширкатҳои маҳаллӣ зиёда аз 250 номгӯи доруҳои гуногун, маводҳои тиббӣ, маҳсулоти гигиенӣ ва моддаҳои хӯрокворӣ истеҳсол мекунанд. Бо тавсеаи ин соҳа кишвар натанҳо ниёзҳои худро қонеъ карда метавонад, балки маҳсулоти худро ба хориҷа содир хоҳад кард. Соҳаҳои нави ҳамкориҳои Олмону Тоҷикистон метавонанд ворид намудани таҷҳизоти бастабандӣ, дастгоҳҳои технологӣ ҷиҳати истеҳсоли маводҳои органикӣ барои дорувориҳои махсус, истеҳсоли хӯроки гиёҳӣ, маркетинги дорувориҳои аз растаниҳо омодашуда, хӯроквории ғаникардашуда ва ғизои кӯдакон иборат бошанд.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов