Дар ҳама давру замон яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ҷолиби диққат, баҳснок ва хамзамон мураккабтарини табиатшиносӣ проблемаи пайдоиши ҳаёт ва табиати зинда ба шумор мерафт. Биология ҳамчун таълимот оид ба ҳаёт ва табиати зинда дар замонҳои қадим пайдо шуда, таърихан чун илми тасвирии щаклу намудҳои гуногуни олами наботот ва ҳайвонот инкишоф ёфтааст. Бино бар он дар биология усулҳои таҳлил ва таснифи маълумотҳои сершумори тачрибавӣ оид ба табиати зинда мавқеи муҳим дорад. Яке аз таснифоти (классификатсияи) аввалини олами растаниҳо ва хайвонот ба қалами олимони асри 18 Карл Линей ва Жорж Бюффон тааллук дорад, ки бо сабаби ба эътибор нагирифтани омилҳои пайдоиш ва инкишофи организмҳои зинда бештар хусусияти (характери) сунъӣ доштанд. Бо вуҷуди ин таснифоти зикршуда барои ҷамъбаст намудани донишҳои биологӣ, таҳлилу тадқиқи сабабҳо ва омилҳои пайдоиш ва инкишофи системаҳои зинда мусоидат намуданд. Дар заминаи маҳз ҳамин тадқиқот имкон пайдо гардид, ки олимон сохторҳои зиндаро аввал дар савияи ҳучайрагӣ ва сониян, дар савияи молекулавӣ таҳқиқ намоянд. Ғайр аз ин омӯзиши таҳлили танқидии тадқиқоти зикршуда биологҳоро водор сохт, ки аз таснифоти сунъӣ ба таснифоти табиӣ рӯй оваранд. Чунин кӯшишҳоро мо дар тадқиқотҳои табиатшиноси шинохтаи фаронсавӣ Жан Батист Ламарк мебинем. Вай маълумотҳои зиёди илмии дар биологияи ибтидои асри 19 ҷамъ шударо таҳлилу таҳқиқ намуда, дар таълимоти худ паҳлуҳои сифатан нави нақши муҳити атрофро дар инкишофи организмҳои зинда муайян намуд. Агар то Ламарк муҳитро ҳамчун омили ба организм зараровар, ё ҳеҷ набошад омили беасар шуморанд, пас ба туфайли Ламарк вазъи муҳити атроф шарти асосии эволютсияи шаклҳои зинда шинохта шуд.
Бо мафҳуми эволютсия мо дар мавзӯъҳои пештара низ дучор шуда будем (эволютсияи космологии Олам, эволютсияи геологӣ ва ғайра). Дар ин мавридҳо эволютсия просессҳои тӯлонӣ, тадриҷӣ ва тағйиротҳои оҳистаро ифода менамояд, ки дар ниҳояти кор ба тағйиротҳои қатъии сифатии ҳолати система меоварад. Дар таълимоти Ламарк мафҳуми эволютсия маҳз ҳамин маъноро ифода менамояд. Мувофиқи ин таълимот эволютсияи организмҳои зинда дар таҳти таъсири самтбахшии муҳити атроф ба амал меояд. Маҳз ба тавассути таьсири ин муҳит организмҳо хусусияти барои ҳаёт судбахшро соҳиб мешаванд ва минбаъд аз насл ба насл медиҳанд. Ҳамин тавр, мувофиқи ақидаи Ламарк ҳамаи аломатҳо ва хусусиятҳои судбахши ба даст овардаи организмҳои зинда меросӣ мебошанд ва самти минбаъдаи эволютсияро муайян менамоянд. Ин таьлимот дар таьрихи биология бо номи ламаркизм маълуму маъруф аст.
Мувофиқи ин таълимот намудҳои организми зинда аз ачдодони дури хеш бо роҳи мутобиқ шудан ба шароити тағйирёфтаи муҳити атроф пайдо шудаанд. Масалан заррофа гӯё барои ба барги дарахти баланд расидан гардани худро дароз кардааст ва гуё ин аломат тадриҷан ба наслҳои оянда гузаштааст. Ё худ гардани паррандаҳои обӣ барои ғӯта назада доштани сайди худ дар натиҷаи такрор ба такрор машқ кардан дароз шудааст. Ҳамин тавр, Ламарк ба шароити муҳити атроф мутобиқ шудани организми зиндаро натиҷаи машқҳои такрор ба такрор ҳисобида тағйирпазирии ирсӣ ва мутобиқшавиро хамон як просесс мефаҳмад. Ғайр аз ин камбудии дигари ламаркизм ба эътибор нагирифтани таъсири мутақобилаи диалектикии организми зинда ва муҳити атроф мебошад.
Ҳалли классикии ин масъала ба қалами табиатшиноси барҷастаи англис Чарлз Дарвин тааллуқ дорад. Вай масъалаҳои зиёди назариявӣ ва таҷрибавии олимони пештара, аз ҷумла Ламаркро таҳлил намуда, дар саёҳати илмии гирдизаминӣ иштирок намуд ва бо олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни Замин аз наздик шинос шуд. Дар натиҷаи ин тадқиқот Дарвин се қонуни асосии эволютсияи табиати зиндаро кашф намуд, ки принсипҳои назарияи классикии эволютсия дар биология номида мешавад. Принсипи якум муқаррар менамояд, ки тағйирпазирӣ хусусияти ҷудоинопазирии ҳар як мавҷудоти зинда аст. Яъне ҳар як организми зинда ҳар лаҳза ва доимо аломатҳои худро тағйир медиҳад. Ҳамин аст, ки дар табиат ду организми комилан монанд мавҷуд нест. Ҳар қадар табиатро омӯзем, ҳамон қадар боварии қатъӣ ҳосил мешавад, ки принсипи тағйирпазирӣ характери умумӣ ва универсалӣ дорад. Масалан ҳангоми мушоҳидаи рӯякӣ ба назар чунин менамояд, ки гӯё ҳамаи дарахтони себзор якхелаанд. Вале мушоҳидаҳои бодиққатона нишон медиҳанд, ки яке аз дарахтон решаҳои ғафстар ва чуқур рафта дошта, бино бар он ба хушкӣ тобовартар аст; пӯсти танаи дарахти дигар ғафстар ва ба хунукӣ тобовартар мебошад ва ҳоказо. Дар шароитҳои мӯътадил ин фарқиятҳо ба инкишофи дарахтон таъсири назаррас намерасонанд. Вале дар шароитҳои номусоид (хушксолӣ, зимистони қаҳратун) ҳар яке аз фарқиятҳои ночизи зикршуда ба ҳамон тайироти ҳалкунанда табдил меёбад, ки ҳаёт ва мамоти организмро муайян менамояд.
Дарвин бар хилофи Ламарк, ду намуди тайирпазириро фарқ мекунад. Тағйирпазирии фардӣ ё худ номуайян, тағйирпазириест, ки аз насл ба насл дода мешавад. Ба тағйирпазирии гурӯҳӣ, ё худ муайян ҳамон гурӯҳи организмҳо дучор мешаванд, ки дар таҳти таъсири омилҳои муайяни муҳити беруна қарор гирифтаанд. Мувофиқи тасаввуротҳои ҳозира тағйирпазирии муайян меросӣ намебошанд. Дар замони ҳозира тағйирпазирии фардӣ мутатсия ва тағйирпазирии гурӯҳӣ модификатсия номида мешаванд.
Принсипи дуюми назарияи Дарвин зиддиятҳои дохилии инкишофи табиати зиндаро ифода мекунад. Ин зиддият аз он иборат аст, ки аз як тараф ҳамаи навъҳои организмҳо майли аз рӯи прогрессияи геометрӣ афзудан доранд, вале, аз тарафи дигар танҳо қисми камтарини насл зинда монда, ба воя мерасад. Дар ҳақиқат растаниҳо ҳар сол садҳо ва ҳазорҳо тухм медиҳанд, моҳӣ бошад то миллион тухм мепошад, вале танҳо андаки ин тухмҳо ба дарахт ва моҳӣ табдил ёфта, ба воя мерасанд ва қобилияти насл додан пайдо мекунанд. Ин зиддияти дохилӣ, ки мубориза барои ҳаёт ном дорад, муносибатҳои мухталифи байни организмҳоро ифода мекунад. Ин муносибатҳо ҳам ҳамкории дохилинамудиро бар зидди шароитҳои номусоиди муҳити атроф, ҳам рақобати байни организмҳоро барои дарёфти ғизо ва ҳам мавқеи хубтари зист ишғол намуданро дар бар мегирад. Аз ин нуқтаи назар одатан муборизаи дохилинамудӣ ва байнинамудиро фарқ мекунанд.
Принсипи сеюм, ки принсипи интихоби табиӣ номида мешавад, дар назарияи эволютсияи Дарвин нақши фундаменталӣ мебозад. Ин принсип муқаррар менамояд, ки чаро аз насли сершумори имконпазири организмҳои зинда танҳо қисми ночизи он зинда монда ба балоғат мерасанд. Яьне дар табиат механизми махсуси интихоб мавҷуд аст, ки он организмҳои ба шароити мавҷуда ва ё тағйирёфтаи муҳити атроф мутобиқнашударо интихобан нобуд мекунад.
Тавре худи Дарвин кайд намудааст, ин натиҷаҳо оқибати қонуни умумӣ аст, ки инкишофи тамоми мавҷудоти зиндаро таьмин менамояд. Ин – қонуни афзоиш, тағйирёбӣ ва зинда мондани организмҳои аз ҳама қавитар ва фавтидани организмҳои аз ҳама заифтар мебошад.
Махсусияти хоси интихоби табиӣ аз он иборат аст, ки просесси тағйирот, аз як тараф тадриҷӣ ва суст буда, аз тарафи дигар, ин тағйиротҳо тадриҷан ҷамь шуда ба тағйироти бузург ва ҳалкунанда табдил меёбад ва дар ниҳоят ба пайдоиши намудҳои нав меоварад.
Назарияи эволютсионии ҳозиразамон, ки дар асоси таълимоти классикии Дарвин, қонунҳои ирсияти Мендел ва кашфиётҳои навтарин пайдо шудааст, назарияи синтетикии эволютсия номида мешавад ва асоси назариявии биологияи муосир маҳсуб меёбад.