Самтҳои асосии таррақиёти низоми бонкии Ҷумхурии Точикистон
Мавчудияти заминаи конунгузори чавобгуй ба талаботи иктисоди бозори яке аз омилхои мухим барои рушди низоми бонкии чумхури хисоб меёбад.
Бонки миллии Точикистон лоихаи конунхоеро омода кард, ки ба такмили манбаи конунгузории бонки, наздик овардани заминаи хукукии бонкхо бо низоми бонкии чахони, баланд бардоштани эътибор ва масъулияти бонкхо, кобилияти пардохт ва устувории молиявии онхо равона гардидаанд. Дар байни онхо лоихаи конунхое мавчуданд, ки ворид кардани тагйирот ва иловахоро ба Кодексхои шахрванди ва андози Чумхурии Точикистон, ба конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бонки миллии Точикистон», «Дар бораи бонкхо ва фаҳолияти бонки», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» пешбини менамояд.
Дар доираи корхо оид ба такмили заминаи конунгузорие, ки фаъолияти бонкии Бонки миллии Точикистон-ро танзим менамояд дар соли хисоботи корхои зерин анчом дода шуд:
1. Ба конунгузории андоз ислохотхо омода карда шуданд, ки ба афзун кардани бовари ба низоми молияви ва чалби пасандози ахоли ба бонкхои чумхури равона гардида. кобилияти фаъолияти бонкхо ва рушди бахши хусусиро таъмин менамоянд, аз он чумла:
I. ислоххое, ки хатми будани бакайдгирии шахсоии вокеиро дар макомоти андоз (гирифтани ракамхои муайянкунандаи андозсупорон) хангоми дар бонк гузаштани маблаг дар шакли пасандоз (амонат) бе кор мекунанд;
П.ислоххое, ки ба макомоти андоз ваколат медиханд танхо дар асоси карори суд амалиети харочотро аз руи хисоби муштариёни бонк боз доранд;
Ш.ислоххое, ки тартиби андозбандии бонкхоро тагйир медиханд (аз заминаи андозбандишаванда пурра (100%) нигох дошгани маблагхое, ки барои ташкили захирахо оид ба карзхои гайристандарти равона шудаанд; пардохти андоз ба амволи бонк бо назардошти активхои асоси, на бо назардошти активхои софи бонк);
IV.ислоххое, ки аз чониби шахрвандон пардохтани бочи давлатиро оид ба интиколоти пули аз хоричи кишвар бекор мекунад.
2. Ба санадхои меъёрии Ҳукумати Чумхурии Точикистон ислохот омода карда шудаанд, ки кам шудани меъёри бочхои давлатиро (хирочхои дигарро) барои бакайдгири ва ба расмият даровардани шартномахои гарав аз нав ба расмият даровардани хукуки моликият ба амволи гаравгузошташуда хангоми барнагаштани карз, хамчун кам кардани меъёри бочхои давлатиро оид ба даъвономахои дорои хусусияти моли дошта, пешбини мекунанд.
Ислоххои дар боло номбаршуда дар масъалаи андозбанди, аз чумла оид ба пардохти бочхои давлати дар айни замон кабул гардида, дар санадхои дахлдори меъёрии чумхури ворид карда шуданд.
- Асосхои меъёри тахия гардид, ки фаъолияти ташкилотхои гайрибонкии молиявиро танзим намуда, барои инкишофи институтхои номбаршуда замина фарохам меоранд.
- Бо максади афзун кардани боварии шахсони хукуки ва вокеи, чалби маблагхои пулии онхо ба низоми бонки лоихаи конун „Дар бораи бимаи (сугуртаи) амонати шахсони вокеи“ омода карда шуд, ки дар айни замон ба Ҳукумати Чумхурии Точикистон пепшиход гардидааст.
Дар давраи хисоботи Бонки миллии Точикистон дар кори аз чониби макомоти чумхурияви омода кардани лоихахои конунхо ва санадхои меъёри, ки ба фаъолияти бонкхо алокаманданд, аз чумла лоихаи конунхое, ки ворид кардани ислохот ба конунгузории мавчударо пешбини мекунанд. фаъолона иштирок намуданд: аз чумла, лоихаи конунхо „Дар бораи бакайдгирии давлатии шахсони хукуки“, „Дар бораи лизинг“, „Дар бораи додани ичозатнома ба фаъолияти сохибкори“, „Дар бораи назорати давлатии молияви“ ва гайра.
Аз чониби Бонки миллии Точикистон оид ба масъалахои ташкил ва фаъолияти институтхои молиякунонии хурд, ки барои ташаккул ва инкишофи бозори хизматрасонии молиявии хурд дар чумхури заруранд, заминаи меъёрию хукуки тахия карда мешавад. Тахия ва кабули конунхо дар бораи низоми пардохтхои электрони, дар бораи муассисахои сармоягузори ва навовари, дар бораи лизинг ва гайра, ки рушди минбаъда ва такмили низоми пардохт ва низоми бонкии чумхуриро дар мачмуъ таъмин менамоянд, пешбини карда мешаванд.
Бонки миллии Точикистон хамчун бонки маркази макоми танзим ва назорати бонкхоро дошта, барои аз чониби бонкхо ва дигар ташкилотхои карзи риоя гардидани конунгузории бонки, меҳёрхои иктисодии мукарраршуда ва таъмини пардохтпазири пайваста назорат мебарад.
Барои амали намудани вазифахои худ дар сохаи танзим ва назорати бонки ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти бонкхои тичорати, Бонки миллии Точикистон дар соли 2002 фаъолияти бонкхо ва бахшхои онхо, хамчунин дигар ташкилотхои молиявии гайрибонкиро тафтиш намуд, ба онхо барои бартараф намудани камбудихои дар фаъолияташон ошкоргардида амрномахо фиристод ва тадбирхои дар конунгузори пешбинишударо татбик намуд.
Дар соли 2002 ба инкишофи бонкхо, таъмини устувории молияви ва фаъолияти муътадили онхо, хамчунин ба тадбирхое, ки баланд шудани эътимоднокии низоми бонкии мамлакат дар мачмуъ ва хар як бонки чудогонаро дар алохидаги таъмин менамоянд, таваччухи хос зохир карда шуд.
То 1 январи соли 2002 дар каламрави Чумхурии Точикистон 14 бонки мустакил; аз чумла, 7 бонки сахомию тичорати бо 106 бахш. 1 бонки тичорати бо 4 бахш, 1 — чамъияти саххомии номахдуд, 2 — чамъияти сахомии махдуд бо 3 бахш ва 1 бонки давлати — Бонки Давлатии Амонатгузории Чумхурии Точикисгон „Амонатбонк“ бо 5 бахш, 2 бонки муштарак (Бонки муштараки сармоягузории „Осиёи маркази“, Бонки саххомию тичоратии муштараки Луксембургу Точикистон „Ист-Кредит-Бонк“) фаъолият менамоянд. Ба гайр аз ин, шуъбаи бонки „Тичорат“-и Чумхурии Исломии Эрон дар шахри Душанбе ва 2ташкилоти молиявии гайрибонки дар шакли чамъияти карздихи — ЧКММ „’Фонон“ ва ЧКММ „Дехкон“ низ фаъолият мекунанд.
Нисбат ба 1 январи соли 2001 дар Чумхурии Точикистон теъдоди бонкхо 1 адад кам шуда, шумораи бахшхо 3 адад зиёд шуд.
Гузашта аз ин, то 1 январи соли 2002 сармояи умумии бонкхои Чумхурии Точикистон 44,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати 1 январи соли 2001 ба маблаги 15.3 млн. сомони зиёд шудааст.
Нисбат ба 1 январи соли 2001 сармояи оинномавии бонкхои Чумхурии Точикистон ба маблаги 4,2 млн. сомони зиёд шудааст.
Шумораи бонкхое, ки маблаги эълоншудаи сармояи оинномавиро то 1 январи соли 2002 ичро кардаанд, 3 бонк ва 1 шуъбаи бонки „Тичорат“-и ЧИЭ дар ш. Душанбе мебошад.
Сармояи умумии бонкхо ба андозаи 4,2 млн. сомони ё 18,1% зиёд шуда, дар таърихи 31.12.2001 с. маблаги 27,3 млн. сомониро ташкил дод. Сармояи умумии чамъиятхои карзи ба андозаи 0,6 млн. сомони ё 6,2 маротиба афзуд ва дар 31.12.2001 с. 0,7 млн. сомониро ташкил намуд.
Натоичи молиявии бонкхо дар мачмуъ ба маблаги 4,5 млн. сомони ё 1,74 маротиба афзуда 31.12.2001 с. 10,6 млн. сомони фоидаро ташкил дод. Аз он чумла, фоидаи умумии бонкхо — 12,9 млн. сомони ва зарари умуми 2,4 млн. сомониро ташкил намуд. Фоиданокии сармояи умумии бонкхо дар соли хисоботи аз 21.0% то 23,8% афзуд.
Активхои умумии низоми бонки аз 31.12.2000 с. то 31.12.2001 с. ба маблаги 133 млн. сомони ва ё 42,65% афзуда, дар таърихи 31.12.2001 с. маблаги 444,9 млн. сомониро ташкил дод. Ин афзоиши активхо зери таъсири тагйироти 88,7%-и ухдадорихо ва 11.3%-и сармоя ба вукуъ омадааст. Зиёдшавии чузъхои активхо (бидуни сармоягузорихо, ки ба андозаи 0.6 млн. сомони ё 0.2% кам шудаанд) чунин сурат гирифтааст: активхои пардохтпазир ба андозаи 5,6%, карзхо -37,4%, фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо -2,6%, воситахои асоси -2,4% нисбат ба аввали сол.
Афзоиши активхои бонкхо ба зиёд шудани вазни киссии карзхо (дар 31.12.2000 с. -79.9% ва дар 31.12.2001 с. — 80.0%о) алокаманд аст. Ин гуна чобачогузории активхо аз он шаходат медихад, ки дар низоми бонкии чумхури фаъолияти карзи, фаъолияти асоси ба шумор меравад. Маблаги карзхо ба андозаи 116,5 млн. сомони ё 37,35% афзудааст.
Вазни киёсии карзхои сари вакт пардохтнашуда дар маблаги умумии карзхо аз 5,5% дар 31.12.2000 с. то 4,0% дар 31.12.2001 с. кам шудааст.
Маблаги фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо ба андозаи 8,2 млн. сомони ва ё 2,6 % зиёд шуд. Таъминнокии карзхо бо фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо бо назардошти хавфи (риски) карзии мавчудбуда, чунин аст:
- карзхои колаби (стандарти) — 92,7%;
- карзхои гайриколаби — 87.6%;
- карзхои шубханок — 93.2%;
- карзхои хатарнок — 98,6%:
— карзхои беэътимод -102,7%.
Дар таркиби пассивхо тагйироти кулли ба назар намерасад: чун пештара вазни киёсии ухдадорихо дар мукоиса бо вазни киёсии сармоя афзалияти бараъло дорад (88,0% ва 12,0%). Дар таркиби ухдадорихо бошад, вазни киёсии карзхои чалбшуда афзалият дорад (35,3% дар 31.12.2000 с. ва 33,0% дар 31.12.2001 с.), хол он ки вазни киёсии депозитхо мувофикан дар сатхи 25,2% иа 26,0% мебошад.
Тахлили холати риоя гардидани меъёрхои иктисоди аз чониби бонкхо нишон дод, ки аз 31.12.2000 с. то 31.12.2001 с. микдори бонкхое, ки чунин меъёрхоро вайрон мекунанд, хеле кам шудааст.
Вайрон гардидани меъёрхои икгисоди, асосан дар натичаи аз чониби бонкхо риоя накардани талабот оид ба ташкили сармоя, пеш аз хама риояи хадди акали сармояи умумй мутобики талаботи Дастурамали №79 „Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотхои карзи“ аз 04.04.1999 с. Ва тагйироту иловахои минбаъда ба он, бо назардошти талабот оиди ба пурраги ташкил намудани фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзхо, ба вукуъ омадааст.
Дар давраи хисоботи якчанд тагйиротхои сохтории бонкхо ва ташкилотхои молиявии гайрибонки ба кайд гирифта шуданд.
Дар кисмати тавсиаи заминаи меъёрию танзимкунанда ва хамчунин ичозатномадихи чунин тагйиротхо ба амал омаданд:
- ичозатномахои БТКУ „Айём“ ва БТ „Душанбе“ барои гузаронидани амалиёти бонки бозхонда шуданд;
- ба БМС „Осиёи Маркази“, ЧКММ „Фонон“ ичозатнома барои гузаронидани амалиёти бонки бо асҳори хоричи дода шуд;
III.ба бонкхои зерин ичозатнома барои амалиёти миёнарави дар бозори когазхои киматнок дода шуд: БСТ СЗС „Агроинвестбонк“; БСТ «Эсхата»; БСТ ТИСТ „Точпромбонк“.