Саҳми Пешвои миллат дар пойдории сулҳи тоҷикон
Вақте ки сухан аз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ меравад, пеши назар симои-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, сарвари оқилу хирадманди кишвар, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон падидор мегардад.
Зеро, мо Тоҷикистони навинро бе ному кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз тасаввур карда наметавонем. Ин ҳақиқатест бебаҳс ва воқеиятбунёд. Ин ҳақиқатест, ки саодати халқи тоҷикро, эҳёву шукуфоии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Маҳз бо шарофати азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.
Имрўз истиқлолияти воқеии моро зиёда аз 192 мамлакат шинохтааст ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон саргузашти вазнинеро паси сар намуд. Солҳои 1992-1997 дар сарнавишти халқи тоҷик чун замони пурфоҷиа ёд мешавад. Дар ҳамин замони пурфоҷиа ва оҷизии давлат, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфта буд: «Халқи мо имрўз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, шаҳри худро ба харобазор табдил дода бошад». «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас
агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Аз ҳамон вақт хишти аввали бинои давлатии «Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ»- ро шурўъ ба сохтан ниҳод.
Нахустин маротиба Эмомалӣ Раҳмон аз номи Тоҷикистони соҳибистиқлол 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони шаҳдбори тоҷикӣ дар бораи даҳшадҳои ҷанги дохилӣ, баргардонидани гурезаҳо ва нақши Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳалли муноқишоти Тоҷикистон муфассал суханронӣ намуд.
Имрўз аксари созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омўхта, онро дар ҳалли муноқишаҳои дохилии дигар гушаҳои даргирии ҷаҳон истифода мекунанд ва дар ин асос сулҳу осоишро дар олам тарѓиб менамоянд. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён бо сулҳи тоҷикон аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик дар масири таърих суҳловар буд ва чунин мемонад. Дар ин хусус собиқ котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Анон чунин иброз дошта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохили сабақи беназир дод. Фикр мекунам ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ беназир мебошад».
Имрўз мардумони иддае аз кишварҳои ҷангзадаю гирифтори мусибат таманнои онро доранд, ки роҳбаре чун Эмомалӣ Раҳмони тоҷикон насибашон гардад, то ба рўзгори нек бирасанд. Президенти муҳтарами Тоҷикистони ваҳдатошён борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ намуда, миллати тоҷик ва фарҳангу тамаддуни мо – тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Ҳоло ҳар гоҳ, чун назаре ба симои Тоҷикистони навин афканем, чашмамон ба садҳо биноҳои замонавии дорои бо нақшу нигори миллӣ, пайкараҳои азиму зебо, боѓу гулгаштҳои дилрабову дилкушо, фаввораҳои оби зулолу шамъчароѓҳои фурўзон, тарабхонаю меҳмонхонаҳои муҷаҳҳази ороста бар мехурад, ки ҳама ба ҳусни диёрамон ҳусни наву таровати хоссае зам менамоянд ва ба дидаҳо нуру ба қалбҳо фараҳу сурур мебахшанд. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як мурѓи иқбол ва ду рукни меҳвари фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд”.
Аҳсан ба Пешвои миллат, ки ин пирузиро ба сари миллати бостонии мо чун офтоби бахт нурпош гардонид ва бемуҳобот Ҷаноби Олӣ „Наҷотбахши миллати тоҷик дар қарни ХХ-ум” эьтироф шудаанд.
Дар тули зиёда аз 30 соли Истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, сарвари оқилу хирадманди кишвар, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ- Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Ҳамин тавр, хизматҳои таьрихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таьсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаҳои сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳоро ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаҳои устувори эьмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи навини Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, эьтибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дустона ва ҳамкории байни мардумон, бонувону нишонҳои олии давлат ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бардавомии давлатдории мустақими тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, саҳмгузори рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон эътироф шудаанд. З-ин рў, 14 ноябри соли 2016 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул карда шуд, ки қонуни мазкур ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзи, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таьмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таьрихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад.
Мо хуб мефаҳмем, ки инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осудаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд. Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рўзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама маѓлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрўзу фардо таъсирҳо дорад, дўст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад. Ин дарси ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон аст.
Хулоса, маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таьрихӣ ноил гардид ва имрўз ба сўи ояндаи нек қадам мегузорад.