Салоҳияти Президент
Президент ҳамчун шахсӣ олии мансабдори давлатӣ салоҳияти зиёде дорад ва салоҳияти ӯ аз мавқеи конститутсионии вай дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бармеояд. Салоҳияти Президент, инчунин, аз мундариҷаи савганди вай бармеояд, чунки дар матни савганд мавқеи Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ба таври маҷмӯӣ муаяйн шудааст.
Салоҳияти Президент асосан дар моддаи 69-уми Конститутсия ва баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, ки шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо мешавад:
1. Намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар. Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Доир ба намояндагии Президент дар дохили кишвар бояд қайд кард, ки ба Тоҷикистон мунтазам меҳмонони хориҷӣ меоянд. Аз рӯйи мақомашон онҳоро аввал Президент пазироӣ мекунад, суҳбатҳо мегузаронад ва шартномаҳо мебандад.
Дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо Президент равобити иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ мемонад. Ӯ на фақат дар муносибат бо дигар давлатҳо, балки бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ Тоҷикистонро намояндаги мекунад. Президент ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ба қарордоду созишномаҳои байналмилалӣ имзо мегузорад ва онҳоро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ таъйин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро шахсан қабул мекунад.
2. Таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъйин ва озод кардани шахсони маисабдори давлатӣ. Дар ин самт ба Президент ваколатҳои зиёд дода шудааст. Ӯ вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам дода, дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад.
Президент Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, муовинони Сарвазирро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда, фармонро дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд.
Президент номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Судии Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Бо ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Прокурори генералй ва муовинони ӯро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад. Судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.
3. Имзо гузоштан ба қонунҳо, боздоштан ва бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ.
Ваколати ба қонунҳо имзо гузоштани Президент бо принсипи боздорию мувозинати рукнҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, ҳамкории Президентро бо Маҷлиси Олӣ дар соҳаи қонунгузори таъмин мекунад. Президент санадҳои мақомоти идораи давлатиро ҳангоми мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад.
Масалан, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар сурати ба Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ набудани онҳо аз тарафи Президент бекор карда мешавад ё амали онҳо боздошта мешавад. Мувофиқи моддаи 19 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Президент дар ҳолатҳои нишондодашуда метавонад санадҳои раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро бекор намояд.
4. Харҷи сармояи захиравӣ ва муайян намудани низоми пул. Президент ба сармояи захиравии Тоҷикистон масъул буда, хароҷоти мақсадноки онро назорат мекунад. Дар хусуси ҷорӣ кардани низоми пули нав ё ба он даровардани тағйирот ба палатаҳои Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад.
5. Масъалаҳои ҳарбӣ ва таъмини амнияти давлатӣ. Президент мувофиқи вазифаи худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармондеҳони қӯшунҳои ҳарбиро таъйин ва озод мекунад. Барои ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти давлат Шӯрои амниятро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ менамояд. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷанг эълон намуда, фармонро ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Дар саросари давлат ва ё дар минтақаҳои ҷудогонаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро дар ин хусус фавран ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин, ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол менамояд. Барои хизматҳои шоиста шахсони масъулро ба унвонҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад.
6. Ҳалли масъалаҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ, додани шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазо. Президент ҳақ дорад, ки масъалаи шаҳрвандиро ҳал намояд, яъне шахсони алоҳидаро ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намояд, шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ эълон кунад, инчунин, аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум гардонад.
Ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазо низ дар салоҳияти Президент аст. Ӯ бо фармони худ ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад. Ин ваколати Президент аз санадҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ бармеояд.
7. Мукофотонидани шаҳрвандон. Президент мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад.
Президент тибқи моддаи 58-уми Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доштан маънои онро дорад, ки Президент дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иштирок мекунад ва онҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Мувофиқи моддаи 70 Конститутсия дар бораи вазъи мамлакат ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад ва масъалаҳои муҳимро ба муҳокимаи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.
Бояд қайд кард, ки ваколатҳои номбаршуда ҳамаи ҳуқуқҳои Президентро дар бар намегиранд. Дар қонунҳои Тоҷикистон боз ваколатҳои дигари Президент пешбинӣ шудаанд, ки аз вазъи конститутсионии ӯ бармеоянд. Масалан, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз 28-уми июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳият дорад: роҳбарии умумии фаъолияти мақомоти таъмини амният, самтҳои асосии амнияти дохилӣ ва беруниро муайян мекунад, амалҳои мувофиқашудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои кишвар таъмин менамояд, кафили таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошад, мақомоти ваколатдори давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва барҳам медиҳад, афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои Ҳаётан муҳимми объектҳои амниятро муайян мекунад ва тайраҳо иборат мебошад.
§4. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи банди 10 моддаи 69 — уми Конститутсия Президент Дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президентро Низомномаи махсус ташкил додааст.
Дастгоҳи иҷроияи Президент ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахл дорад, зеро Президент дар як вакт Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.
Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент дархосту пешниҳодҳоро доир ба нақшаи корӣ ҷамъбаст ва мувофиқа намуда, онро ба тасдиқи Ҳукумат пешниҳод мекунад. Мувофиқи Низомнома Дастгоҳи иҷроияи Президент масъалаҳоро ба воситаи Раёсати Ҳукумат ба баррасии маҷлиси Ҳукумат пешниҳод мекунад.
Раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат, ки ба муҳокимаи Ҳукумат пешниҳод мешаванд, маълумотнома тайёр мекунад, ки дар он сабабҳои таҳия шудани лоиҳа, доираи масъалаҳо, бо кадом вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқа шудани он зикр карда мешаванд. Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат бо ҳама раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент мувофиқа карда мешаванд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муовинони ӯ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои он иштирок менамоянд. Қарорҳои Ҳукумат дар «Маҷмӯи қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр карда мешаванд.
§5. Санадҳои Президент ва масъалаҳои таъминоту ҳимояи ӯ
Мувофиқи моддаи 70-уми Конститутсия Президент дар доираи салоҳияти худ фармон ва амр медиҳад. Ин санадҳои Президент дар тамоми қаламрави Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд. Дар асоси бандҳои 3 ва 5 моддаи 55 ва банди 10 моддаи 57 уми Конститутсия як қисми фармонҳои Президент ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон псшниҳод карда мешаванд.
Фармони Президент санади зерқонунӣ буда, бояд бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дошта ошад. Дар асоси банди якуми кисми чоруми моддаи 89-уми Конститутсия мувофиқат доштани санадҳои ҳуқуқии Президентро ба Конститутсия Суди конститутсионӣ муайян менамояд. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионӣ дар хусуси бо Қонуни асоси мувофиқ набудани санади Президент амали онро бозмедорад ё бекор мекунад.
Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доштаи Президент қувваи хеле баланди ҳуқуқи доранд. Фармону амрҳои Президент барои Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати ҳатмӣ буда, таъмини иҷрои қатъии онҳо вазифаи ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар ин хусус ҳам дар Конститутсия, ҳам дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва баъзе санадҳои дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.
Президент шахси олии мансабдори давлатӣ буда, барои иҷрои ваколатҳояш ба таъминоти махсус ва чораҳои махсуси ҳимоя эҳтиёҷ дорад. Ҳамаи ин масъалаҳо, яъне масъалаҳои дахлнопазирӣ, вақт ва музди кор, таъминот бо манзил, нақлиёт, муолиҷаи тиббӣ ва санаторӣ, нафақа, амнияти шахсӣ ва аҳли оила дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд.
Ҳаёт, саломати ва шаъну шарафи Президент таҳти ҳимояи қонун қарор дорад. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент суиқасд мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.
Дар ин қонун давомнокии умумии вақти кор, муддати рухсатии кории ҳарсола ва музди кори Президент муайян шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати иҷрои ваколаташ бо қароргоҳи давлатӣ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани ваколаташ ройгон бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бо нақлиёти автомобилӣ, тайёра, чархбол ва дигар навъҳои нақлиёт таъмин карда мешавад ва аъзои оилаи ӯ низ ҳуқуқи бепул истифода бурданро аз тамоми навъҳои нақлиёт доранд.
Президент ба таъминоти бепули тиббӣ ва муолиҷаи ҳарсолаи санаторию курортӣ низ ҳуқуқ дорад. Ӯ дар давраи ваколати худ ва баъди як соли анҷоми он бо суғуртаи махсуси ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешавад.
Президент сарфи назар аз синну сол ҳангоми ба охир расидани муҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа, ки онро Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя таъйин менамоянд, ҳуқуқ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколаташ дар ҷойи зисти доимӣ ва будубоши муваққатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии амнияти миллӣ таъмин карда мешавад. Дар давраи иҷрои ваколати президенти амнияти аъзои оилаи Президент таъмин карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколаташ ҳуқуқ надорад, ки аз таъмини амнияти давлатӣ даст кашад. Пас аз қатъи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти вай якумра таъмин карда мешавад.
Маблағгузории тадбирҳо вобаста ба таъминот, хизматрасони ва муҳофизати Президент ва дигар хароҷот барои мақсадҳои намояндагӣ дар дохили кишвар ва сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои қабулгардидаи байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад.
Саволҳо:
1. Сабабҳои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
2. Бори аввал дар кадом санади ҳуқуқӣ оид ба таъсиси мансаби Президент ақида баён шудааст?
3. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом роҳ таъйин ё интихоб шудааст?
4. Давраи аввал ва дуюми ислоҳоти конститутсиониро дар кишвар ҷудо намоед.
5. Раъйпурсии охирин оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кай сурат гирифт ва мақсади гузаронидани он аз чӣ иборат буд?
6. Матни савганди Президентро ба фаҳмиши худатон шарҳ диҳед.
7. Салоҳияти Президент дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст.
8. Ваколатҳои Президент дар муносибатҳои байналмилалӣ аз иҷрои кадом кору амалҳо иборат аст?
9. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент чӣ маънӣ дорад?
10. Дастгоҳи иҷроияи Президент чи гуна фаъолиятро анҷом медиҳад?
11. Санадҳои Президент кадомҳоянд?
12. Масъалаҳои таъминоту ҳимояи Президент дар кадом қонун пешбинӣ шудаанд?
13. Ба фикри шумо, чаро ба Президент дар масъалаи ҳимоя ва таъминоти гуногун имтиёзҳои зиёд дода шудааст?
14. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?