Сабабҳои пайдоиш ва намудҳои пул
Дар ҳақиқат, аксарияти мо имрӯзҳо оид ба ҷаҳони пул маълумоти кам дорем. Ин ҳайратангез нест, чунки ҷаҳони пул механизми мурак каби иқтисодии тамаддуни муосир аст. Тамоми қонуниятҳои он танҳо ба мутахассисони соҳа – олимон, бонкдорон, молиячиҳо маълуманд. Бо мақсади фиреб нахӯрдан ва ё ба хатоиҳо роҳ надодан дар раванди фаъ олияти хоҷагидорӣ ҳар яки мо бояд оид ба ҷаҳони пул каме бошад ҳам, маълумотеро дошта бошем.
Пул гуфтан мумкин аст, яке аз кашфиётҳои башарият буда, дар таби ат амсоли он нест.
Ҳатто тамаддунҳои одии кишварҳои ақибмонда пули худро доранд.
Таърихнигорон муайян намуданд, ки дар халқиятҳои қадим нақши пулро молҳои гуногун, мисли намак, матоъҳои пахтагӣ, мис, хокаи тил лоӣ, моҳии хушккардашуда ва ғайра иҷро мекарданд.
Башарият барои пайдо кардани моли махсус ба сифати мубодилаи молҳо хело зиёд дар ҷустуҷӯй буд. Асрҳои зиёд аз ҳама қулайтарини пули молӣ ин фулузоти қиматбаҳо – нуқра ва тилло ба ҳисоб мерафтанд, ки дорои якчанд бартарият буданд: нодирӣ – барои ба даст овардани тил- ло ва нуқра меҳнати зиёд лозим аст ва ҳаҷми ба дастовардашуда доимо нисбат ба талаботи онҳо кам мебошад, бинобар ҳамин, арзиши онҳо ба- ланд буда, барои мубодилаи молҳои гуногун хеле қулайанд; бозоргузарӣ – аз сабаби он ки талабот ба фулузоти қиматбаҳо доимо зиёдтар буд, ҳама вақт ба тамоми намуди молҳо тез мубодила карда мешуданд; дарозумрӣ – тилло ва нуқра фулузоте ҳастанд, ки ба фарсудашавӣ тобоваранд, би- нобар ҳамин, тангаҳои тиллоӣ зиёд хизмат мекарданд, инчунин хело қу- лай барои воситаи андӯхт ҳисобида мешуданд; қулай будан – аз ҳисоби нодирӣ ва қимати баланд доштан метавон тангаҳоеро сохт, ки аз ҷиҳати ҳаҷм хурд ва ё сабук буда, лекин дорои арзиши гаронанд; фарқкунӣ – тил- ло ва нуқра аз тарафи одамон ба зудӣ муайян карда мешуданд; ба қисмҳо ҷудошавӣ – хусусияти дигари фарқкунандаи онҳо ба қисмҳои гуногун ва дар ҳаҷмҳои гуногун тақсимшавии онҳо мебошад; якхелагӣ – одамон ба зудӣ метавонистанд ин фулузотро коркард намуда, тангаҳои лозимаро сохта, тибқи арзишҳои стандартӣ ва баръакс, ҳангоми зарурӣ онҳоро ме- тавонистанд ба як фулузоти калон мубаддал кунанд, дар ин маврид фулу- зот вазни худро дигар намекард.
Аз ин лиҳоз садсолаҳо тилло ва нуқра дар шаклҳои тангаю сабиқа (слиток) дар раванди мубодилаи молҳо истифода мешуданд ва то дав раҳои наздик «тилло», «нуқра» ва «пул» ҳамчун муродифи якдигар фаъ олият мекарданд.
Бо гузашти замон ва инкишофи мубодила муайян гашт, ки фулузоти қиматбаҳо асоси мубодилаи пулӣ нестанд, чунки дорои як қатор кам будиҳо буданд: кашондан ва нигоҳдории онҳо хароҷоти зиёдеро талаб мекунад.
Бо мурури замон бар ивази пулҳои молӣ ҳар намуд хуҷҷатҳое исти фода мешуданд, ки хислати пулҳои нишониро доштанд.
ПУЛҲОИ НИШОНӢ воситаи пардохт (тангаҳо ва пулҳои ко ғазӣ)еанд, ки арзиш ва ё қобилияти харидории онҳо аз арзиши худ баландтар ҳисобида мешуданд.
Аз ин лиҳоз пулҳои коғазӣ ҳамчун як воситаи нав дар мубодилаи пулӣ ба миён омаданд. Аввалин пулҳои коғазӣ дар Хитойи Қадим дар асри IX бо ҳаҷми зиёд интишор гардида, ҳамчун воситаи муомилоти пулӣ ба истифода дода шудаанд. Баъдан дар дигар кишварҳо низ бар ивази тангаҳои фулузӣ пулҳои коғазӣ барои истифода равона карда шу даанд. Арзиши номиналии он аз тарафи сарварони мамлакат ва бо им зои бонкирҳо тасдиқ карда шуда буданд (масалан, дар Хитой тавассути муҳри императорӣ тасдиқ мешуд).
Дар кишварҳои тамаддуни Ғарб аввалин маротиба дар Иттиҳоди шимолии Амрико (штати Массачусетс) соли 1690 пулҳои коғазӣ ба нашр расиданд. Дар Аврупо ин таҷрибаи Амрикоро аввалин маротиба дар Фаронса солҳои 1716–1720 бо ташаббуси иқтисодчӣ – бонкир Джон Ло пулҳои коғазӣ интишор ва ба истифода бароварда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки ҷорӣ намудани пулҳои коғазӣ ба ҳама низ писанд намеомад, баръакс, ҳанӯз соли 1725 файласуф, таърихчӣ ва иқтисоддони англис Девид Юм пешниҳод кардааст, ки 12 млн. фунт стерлингро (ҳамон вақт 40% ҳаҷми пул) бо мақсади ворид намудани металлҳои қиматбаҳо ба хазинаи Англия нобуд созад.
Интишори пулҳои коғазӣ аз назар дур набуд. Вақте ҳамаи кишварҳо ба ташкилкунии бонкҳои марказӣ шурӯъ намуданд, танҳо ҳамин бонкҳо ҳуқуқи интишори пулҳои коғазиро пайдо карданд. Сабаби дигар дар он аст, ки гӯё ин бонкҳо эътимоди баландро таъмин месозанд ва интишори нозарури пулҳои коғазиро, ки бо ягон фулузоти қиматбаҳо таъмин набу данд, аз байн мебаранд.
ИНТИШОР (ЭМИССИЯ)И ПУЛ ба муомилот баровардани пулҳои коғазиро дар назар дорад.
Аз давраҳои Ҷанги якуми ҷаҳон сар карда, дар аксари кишварҳо пулҳои коғазии бонкҳои марказӣ воситаи асосии пардохтҳои нақдӣ бу данд, яъне шакли асосии воситаи пули нақд ҳисобида мешуданд. Дар қа тори пулҳои коғазӣ тангаҳои сикказада низ ҳамчун воситаи пули нақд маҳсуб меёфтанд.
Бо инкишофёбии муомилоти пулӣ одамон дар қатори пулҳои нақд воситаи пулии ғайринақдиро низ истифода мебурданд, ки ба он дохил мешавад: истифодаи ҳамон воҳиди пулӣ, ки дар пулҳои нақд мавҷуд бу- данд; дар ташкилотҳои махсуси тиҷоратӣ (бонкҳо) нигоҳдошташуда; дар қайди китобҳои махсуси ҳисобӣ ва ё дар фиттаҳои компютерӣ.
Бо таърихи пайдоиши пул шинос шуда, бояд донем, ки барои чӣ ода мон пулро ихтироъ намудаанд?
Пул дар аввал барои сода намудани мубодила ихтироъ шуда буд. Аз сабаби он ки мубодила яке аз фаъолиятҳои қадимаи одамон ба ҳи соб мерафт, ҳамзамон решаи таърихии низоми пулӣ низ аз ҳамон ҷо оғоз меёбад. Новобоста аз ин имрӯзҳо пул вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунад.