• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Сабабҳои пайдоиши бонкҳо дар ҷамъият
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Сабабҳои пайдоиши бонкҳо дар ҷамъият

92 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
15.02.2024

Сабабҳои пайдоиши бонкҳо дар ҷамъият

Бонкҳо ихтирооти басо қадимии иқтисодианд. Бонкҳои аввалин дар Шарқи Қадим ҳанӯз дар асрҳои VII–VI то мелод, вақте сатҳи некӯаҳво­ лии одамон ҷиҳати ҷамъоварии пасандозҳо имкониятҳо фароҳам овард, пайдо шуданд. Баъд ин иқдомотро Юнони қадим қабул кард. Ин ҷо маъ­ бадҳои нисбатан маъмулу номӣ ба маҳфуз доштани пул дар вақти ҷангҳо шурӯъ карданд, зеро тарафҳои даргир ғорат кардани ҷойҳои муқаддасро раво намедонистанд.

Ҳамин ки дар хазинаҳои бонкҳои қадима халтаҳои пур аз сарват пайдо гардиданд, таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ – савдогарон ва ҳу­ нармандон ба онҳо нигаронида шуданд. Дар онҳо чунин саволи асосно­ ки табиӣ пайдо шуд: барои вусъати доираи амалиёти худ аз пасандозҳои дар бонкҳо маҳфузбудаи ашхоси бегона чаро муваққатан истифода бур­ дан мумкин нест? Ва, албатта, ин амал пулакӣ (музднок) мешавад!

Соҳибкор дорад: лоиҳа доир ба роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ Ниёзманд аст ба: сармояи пулӣ Омода аст: барои ба даст овардани маблағи қарзӣ даромадашро бо қарздиҳанда тақсим кунад

Соҳиби пасандоз до­рад: пасандоз (маблағи муваққатан озод)
Ниёзманд аст ба: даромад аз пасандоз (гирифтани фоида) Омода аст: бар ивази гириф-тани фоида ҳуқуқи истифо- дабарии пасандозро диҳад

Ҳамин тавр, манфиатҳои ду субъекти муҳимтарини иқтисодиёт – соҳиби пасандоз ва тоҷири ниёзманд барои васеъ кардани доираи фаъ­ олияти худ ба ҳам омада, маҳз ба ҳамин сабаб бонкҳо пайдо шуданд (расми 6.1).

«Пулро болои миз гузоред!» – чунин аст шиори қадимаи бонк­ дорон. Шиори «Пулро болои миз гузоред!» ҳаргиз дар ҷойҳо (хо­ наҳо)­и қиморбозӣ ва ё дар олами ғоратгарон пайдо нашудааст. Ин шиор асоси ташкили кори бонк мебошад. Анъанаи фаъолияти идораҳо оид ба иваз кардан (табодул)­и пул ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ дар маъ­ бадҳо дар замонҳои хеле қадим пайдо шуда, ҳама ба он одат кардаанд.

Дар воқеъ, ҳанӯз дар Вавилони қадим ва Юнони қадим бо амалиёти бонкӣ машғул мешуданд ва бо ҳамин талаботи ҳаррӯзаи ҷомеаро ҷиҳа­ ти нигоҳдории боэътимодии пул ва қарз қонеъ гардонида, онҳоро барои муомилоти тиҷоратӣ ё эҳтиёҷоти шахсӣ истифода мекарданд. Дар хусу­ си то чӣ андоза муҳим ва сазовори эътирофи умум будани ин эҳтиёҷот чунин далел шаҳодат медиҳад, ки хазинаи пул дар маъбади Аполлон (он ба қисмати ғарбии Юнон хизмат мекард) ҷои муқаддаси умумимиллӣ маҳсуб мешуд.

Ҷои гузаронидани амалиёт вобаста ба қабул кардан, нигоҳдорӣ ва табодули пулҳои давлатҳои сершумори қадимӣ мизи муқаррарии хӯрокхӯрӣ (бо забони юнонӣ – трапеза) буд ва бо ҳамин сабаб бонкдо­ рони он замонро трапезитҳо, яъне хӯрокхӯрандагон низ меномиданд. Бонкдорони Римро бошад, ба шарафи миз (аз калимаи лотинии – мен­ са) менсарҳо ном мебурданд. Пайдоиши калимаи маъмули то замони мо расида, яъне калимаи бонк низ аз забони итолиёвии banko гирифта шуда, маънояш миз мебошад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов