Сабабҳо ҷанги Русия бо давлатҳои Осиёи Марказӣ
Муносибати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия. Муносибати тиҷоратию дипломатии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия таърихи дуру дароз дорад, вале он махсусан, шурӯъ аз асри XVI давра ба давра рушд меёфт. Ҳукуматдорони ҳар ду тараф барои идома ва тараќќии чунин муносибатҳо манфиатдор буданд. Онҳо бо роҳи гуфтушунид монеаҳои тиҷоратиро бартараф менамуданд. Масалан, солҳои 1841 – 1842 ҳайати дипломатии Русия бо хони Хева гуфтушунид карда, ба он муваффақ шуд, ки ҳукумати хонӣ дар баробари пеш гирифтани муносибати дӯстии байниҳамдигарӣ, барои рушди тиҷорат дар ҳудуди хонии худ аз молҳои тиҷоратии Русия аз 5%-и арзиши воқеии мол зиёд боҷ намегирифт ва корвонҳои «убуркунанда» (транзит)-ро, ки аз ҳудуди хонӣ мегузаштанд, тамоман аз боҷ озод мекард. Чунин иқдом барои рушди минбаъдаи тиҷорати на танҳо Русияю Хева, балки дар пешрафти тиҷорати Русия бо аморати Бухоро ва хонии Қӯқанд низ аҳамияти махсус дошт. Зеро дар ҳамин давр дар ҳудуди Осиёи Марказӣ байни тоҷирони рус ва англис рақобати сахт вуҷуд дошт.
Зикр бояд кард, ки аксари сафирон, намояндаҳо, тоҷирон ва сайёҳони ҷудогонаи Русия, ки ба Осиёи Марказӣ сафар мекарданд, одамони фозил ва донишманд буда, баъзеи онҳо забонҳои мардуми маҳаллӣ, аз ҷумла форсии тоҷикиро хуб медонистанд. Дар байни онҳо олимони соҳаҳои гуногун: шарқшиносон, табиатшиносон, ҷуғрофҳо, бостоншиносон ва ғайра буданд, ки дар омӯзиши мулкҳои ҷудогонаи Осиёи Марказӣ саҳми босазое гузоштаанд. Масалан, шарқшиноси номии рус Н.В. Хаников ҳангоми сафар ба Бухоро синнаш ҳанӯз ба 22 нарасида буд. Асари соли 1843 нашрнамудаи ӯ «Тавсифи давлати хонии Бухоро» аз беҳтарин таълифоти давр оид ба ин мавзӯъ мебошад.
To оғози амалиёти васеи забт кардани Русия дар Осиёи Марказӣ охирин ҳайати сафорати ҳукумати рус бо сарварии полковник Н.П.Игнатев ба ҳисоб меравад, ки ин ҳайат (ба он шарқшиноси номии рус П.И.Лерх ҳам шомил буд) соли аввал ба Хева, сипас ба Бухоро ташриф овард. Гуфтушуниди Н.П.Игнатев дар Хева натиҷаи дилхоҳ надода бошад ҳам, дар Бухоро ба баъзе муваффақиятҳо ноил шуд. Амири Бухоро Насрулло, ки бо хони Қӯқанд меҷангид, мехост бо Русия наздикшавиашро ба муқобили он истифода намояд. Муносибати байни Русияю Қӯқанд бо сабаби аз тарафи қӯшунҳои рус дар соҳилҳои баҳри Арал ва дарёи Сир забт гардидани баъзе мулкҳои хонӣ чандон хайрхоҳона набуд. Бинобар ин, амир Насрулло на танҳо ҳайати сафорати Русияро хуш қабул кард, балки ба тоҷирони рус имтиёзҳои муайян низ ваъда дод.
Оид ба рушди тиҷорати давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русия чунин рақамҳо далолат мекунанд. Солҳои 1840–1850 танҳо бо роҳи Оренбург аз Русия ба Осиёи Марказӣ беш аз 40 ҳазор пуд чӯян, 25 ҳазор пуд пӯлод, ба миқдори зиёд матоъҳо, сиккаҳои тилло ва нуқра кашонда шудаанд. Аз Осиёи Марказӣ ба Русия асосан пахта, пӯст, пашм, меваи хушк ва ғайра мебурданд. Агар соли 1818 аз Осиёи Марказӣ ба Русия 10 ҳазор пуд пахта кашонда бошанд, пас, соли 1858 он 180 баробар зиёд шуд. Нақлиёти асосӣ дар аввал уштурҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар ибтидои асри XIX ҳар сол аз Бухоро ба Русия корвонҳои пурбор иборат аз 4–5 ҳазор уштур фиристода мешуд ва ҳамон миқдор уштурҳои пурбор аз Русия ба Бухоро меомад. </br>Соли 1853 роҳи обии Русия ба Осиёи Марказӣ кушода шуд. Киштиҳои рус аз баҳри Арал ба самти саргаҳи дарёҳои Сир ва Ому шино намуданд. Пас аз ин қад-қади соҳилҳои дарёи Сир як қатор нуқтаҳои муқовимат сохта, хатти истеҳкомоти Сирдарё ба вуҷуд оварда шуд.
Дар замони оғози амалиёти ишғолгаронаи Русия дар Осиёи Марказӣ ҳам тиҷорат қатъ нагардидааст. Дар ин давра, махсусан, дар натиҷаи аз ИМА маҳдуд гардидани воридоти пахта, талаботи саноати бофандагии Русия ба пахтаи Осиёи Марказӣ афзуд ва боиси боло рафтани нархи он ҳам шудаасг. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижний Новгороди Русия 4-5 сӯм (пули ҳамонвақтаи русӣ) арзиш дошта бошад, пас соли 1862 ба 7 сӯму 50 тин ва соли 1864 то ба 23–24 сӯм расидааст. Умуман, то солҳои 60-уми асри XIX, яъне то оғози амалиёти васеи ҷангӣ, муносибатҳои дипломатӣ, махсусан, тиҷоратии Русия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт.
Сабабҳои ба Осиёи Марказӣ лашкар кашидани Русия. Аввали солҳои 60-уми асри XIX ба мулкҳои Осиёи Марказӣ ҳуҷуми васеи қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ оғоз ёфт ва он чунин сабабҳо дошт: Якум, подшоҳони Русия (аз замони Пётри I) ният доштанд, ки Осиёи Марказиро ба тасарруфи худ дароранд. Зеро онҳо барои абадқудратии империяи Русия аз ҷануб ба воситаи баҳри Арал ба уқёнуси Ҳинд, яъне ба роҳи мунтазами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад, ҳанӯз соли 1717 Пётри I ба муқобили хонии Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то нимаи дуюми асри XIX аз сабаби хуб набудани муносибаташ бо мамлакатҳои Ғарб имкони ғасби Осиёи Марказиро надошт. Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостнойӣ (19-уми феврали соли 1861) барои рушди муносибатҳои капиталистӣ имкони васеъ фароҳам омад. Махсусан, саноати бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом – пахтаи амрикоӣ буд. Вале аз сабаби ҷангҳои дохилӣ дар ИМА (солҳои 1861–1865) барои Русия аз ин кишвар овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиҷа қисме аз фабрикаҳои бофандагии Русия аз набудани пахта кори худро боздоштанд. Аз ин рӯ ҳукуматдорони Русия барои ба вуҷуд овардани вазъияти муътадил мехостанд Осиёи Марказиро ба зери таъсири худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд. Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурӯшӣ зарур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар Аврупои Ғарбӣ ба даст дароварда наметавонистанд, зеро маҳсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ, ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчи зудтар Осиёи Марказиро ба бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд.
Чаҳорум, ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853 – 1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла назорати соҳилҳои шимолии Баҳри Сиёҳ) намояндагии дипломатияи рус ҳарчанд ҷонбозиҳо кард (азбаски қувваи Русия дар Ғарб хеле заиф буд) он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бинобар ин ҳукуматдорони Русия (бо тавсияи ҳарбиён) мехостанд, ки дар Шарқ, дар сарҳади Ҳиндустон қувваҳои зиёди ҳарбии худро ҷамъ намуда, бо ин яке аз аъзои асосии иттиҳодияи зиддирусӣ, дақиқтараш, сарвари он – Англияро ба бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил кунанд. Маҳз ҳамин омил аввали солҳои 60-уми асри XIX ҳуҷуми васеи қӯшунҳои русро ба муқобили Осиёи Марказӣ тезонид. Панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим на ин ки дар миқёси байналмилалӣ, балки дар байни синфи ҳукмрони мамлакати худ низ беобрӯ шуда буд, ният дошт, ки бо забт кардани Осиёи Марказӣ обрӯяшро дар дохили мамлакат, дар назди табақаҳои боло аз нав барқарор намояд. Чунин омилҳо боиси ба Осиёи Марказӣ лашкар кашидани Русия гардиданд.
Сарчашма
Сайёҳи рус П.И. Неболсин дар бораи кӯшишҳои англисҳо оид ба маҳдуд намудани тиҷорати молҳои русӣ дар Бухоро чунин наСарчашмавиштааст: «…англисҳо бо қасди тамоман касод кардани молҳои рус дар соли 1841 ва хусусан, дар соли 1842 ба Бухоро чунон ба миқдори зиёд маснуоти худро оварда, онҳоро бо чунон нархи арзон (тавре ки мегӯянд, ҳатто ба зиёни худ) ба фурӯш гузоштанд, ки тамоми мардум ба ин молҳои нав дарафтода, дигар ба читу чалвору моҳути мо эътиборе надоданд. Англисҳо бо ин васила тоҷирони моро дур карда, пас аз як-ду сол нархи молҳои худро якбора беш аз ду баробар боло бардоштанд…». (Иқтибос аз кит.: Ғафуров Б. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби 2. — Душанбе, 1985. – С.142).
Санаҳои муҳим
1841– 1842 – гуфтушуниди ҳайати дипломатии Русия бо хонии Хева.
1853 – ба самти Осиёи Марказӣ кушода шудани роҳи обии Русия.
1853 – 1856 –ҷанги Қрим (ҷанги байни Русия ва Туркия)
1858 – сафорати Русия бо сарварии Н.П. Игнатев дар Хева ва Бухоро.
Савол ва супоришҳо:
1) Солҳои 1841 – 1842 ҳайати дипломатии Русия ҳангоми гуфтушунид бо хони Хева ба чӣ муваффақ шуд?
2) Натиҷаи гуфтушуниди ҳайати сафорати Н.П. Игнатев дар Хева ва Бухоро чӣ тавр буд?
3) Роҳи обии Русия бо Осиёи Марказӣ аз куҷо ва кай кушода шуд?
4) Оид ба рушди тиҷорат байни мулкҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мисол оред.
5) Сабабҳои асосии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Марказиро номбар кунед ва ба андешаи шумо кадоме аз сабабҳо ҳуҷуми васеи қӯшунҳои Русияро тезонид?
6) Аз китоби дарсии синфи 8-ум мавзӯъҳои рушди муносибатҳои дипломатию тиҷоратии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Русияро ба хотир оред.