Сабабҳои фарқи сатҳи пардохти музди кор дар бозори меҳнат
Алоқамандии талабот ва таклифот дар бозори меҳнат тобеи қо нунҳои равандҳои бозорӣ мебошад. Маҳз зери таъсири ин қонунҳо нар хи меҳнат – меъёри музди меҳнати кормандони касбу кори гуногун ба вуҷуд меояд.
Меъёри музди меҳнат бо нархи меҳнат танҳо вақте баробарвазн ме гардад, ки агар шумораи одамони омодаи шуғлварзӣ бо кори муайян ва миқдори ҷойҳои корие, ки корфармоён пешниҳод мекунанд, ба ҳам му вофиқат кунанд. Дар расми 7.2 маҳз ҳамин ҳолат тасвир ёфтааст.
Чун нархи мол дар бозор ташаккулёбанда аст, меъёри музди меҳнат низ басо тағйирёбанда аст. Вобаста ба ин, ҳам дараҷаи мутлақи пардох ти музди меҳнати кормандони касбҳои муайян ва ҳам таносуби байни онҳо вобаста ба соҳа ё минтақаи мамлакат тағйир меёбанд. Ин аз чӣ ва таклифот дар бозори меҳнат, Ре – нархи мувози натии меҳнат, Qе– миқдори мувозинатии шуғлдоштагон во баста аст?
Расми 7.2. Ташаккули сатҳи пардохти меҳнат дар бо зори меҳнат: P – нархи меҳнат, Q – шумораи шуғл доштагон, D1– талабот ба меҳнат, S1– таклифот дар бозори меҳнат, E1– нуқтаи мувозинатии талабот
Расми 7.3. Тағйирёбии вазъият дар бозори меҳнат ҳангоми коҳиш ёфтани та лабот ба меҳнат дар як соҳа ва болоравии талабот ба меҳнат дар соҳаи дигар
Мо муайян кардем, ки талаботи инсонӣ басо гуногунранг ва тағйир ёбанда аст. Танҳо ҳамин чиз вазъиятро дар бозори меҳнат басо ғайриэъ тидол мегардонад. Ғайр аз ин, дар ин ҷо боз як қатор омилҳои дигар низ мавҷуд мебошанд: пешрафти илм ва техника; рушди нобаробари иқти содиёти мамлакатҳои алоҳида; ҳодисаҳои ногаҳонии табиӣ (иқлимӣ), ҳодисаҳои сиёсӣ ва ғайра.
Ҳамаи ин зарурати доимии тағйир додани ҳаҷми истеҳсоли молҳои гуногунро ба миён меорад. Дар натиҷа истеҳсоли молҳои ба фурӯш нара ванда қатъ карда шуда, молҳои талаботдошта зиёд мегарданд.
Расми 7.3 нишон медиҳад: чунин калавишҳо бояд ногузир бо тағй ир ёфтани шумораи одамони бо истеҳсоли ин мол шуғлдошта мушоҳида шавад. Дар корхонаҳое, ки молҳои талаботнадошта истеҳсол мешаванд, фаъолияти бисёр кормандон зиёдатию нозарур мегардад. Баръакс, кор хонаҳои машғули истеҳсоли молҳои харидордошта ҳамеша ниёзманди қувваҳои иловагии корӣ ва мутахассисон мебошанд.
Ҳалли ин масъала маҳз ба туфайли зудҳаракатӣ (мобилнокӣ)и қув ваи корӣ имконпазир аст. Он барои гузаштани коргарони корхонаҳои 62
истеҳсоли маҳсулотро маҳдудкунанда ба корхонаҳое, ки моли дар бо зор харидордошта истеҳсол мекунанд, имконият фароҳам меорад. Азнавтақсимкунии воқеии кормандон бо ёрии механизми нархҳо, ки амали он ба болоравии нархи молҳои камёфт ва ҳамчунин афзуда ни фоиданокии истеҳсоли онҳо оварда мерасонад, таъмин мегардад. Мутобиқан фоиданокии зиёд ба ин истеҳсолкунандагон имконият ме диҳад, ки ба кормандони иловагӣ музди меҳнати нисбатан баланд пеш ниҳод намоянд.
Тавре аз расми 7.3 дидан мумкин аст, агар ба маҳсулоти як соҳа (дар айни ҳол дастгоҳсозӣ) талабот коҳиш ёбад, пас, истеҳсоли дастгоҳҳоро низ кам кардан лозим меояд. Он гоҳ барои пешбурди истеҳсолот камтар кормандон лозим мешаванд.
Ин чунин маъно дорад, ки талабот ба меҳнат дар ин соҳа коҳиш меё бад ва каҷхатаи талабот, тавре ҳаракати он дар расми 7.3 нишон меди ҳад, ба тарафи чап майл мекунад. Мутобиқан нуқтаи мувозинати талабот ва таклифот дар бозори меҳнат дар ин соҳа ба тарафи чап (поён) майл мекунад. Ба таври дигар гӯем, корфармоён дар ин соҳа акнун одамонро камтар киро мекунанд ва ба онҳо музди камтар медиҳанд, зеро нархи меҳнат поён мешавад.
Одамони аз кор ҷавобшуда ё онҳое, ки бо музди меҳнати нисбатан пасттар кор кардан намехоҳанд, аз бозори меҳнати ин соҳа мераванд ва ба ҷое мегузаранд, ки талабот ба маҳсулот меафзояд ва бинобар ин дас тони иловагии корӣ лозиманд.
Дар мисоли мо вазъият дар бозори мошинҳои сабукрав чунин аст (расми 7.3, б): ин ҷо каҷхатаи талабот ба тарафи рост майл намудааст ва нуқтаи мувозинатӣ низ ба тарафи рост – болотар аз мавқеи пешта рааш кӯчидааст. Яъне ин ҷо ҳам дастони бештари корӣ лозиманд ва ҳам ширкатҳои истеҳсолкунандаи мошинҳои сабукрав омодаанд, ки ба онҳо музди меҳнати баландтар диҳанд, зеро зиёд ба фурӯш баровардани мо шинҳои сабукрав ҳамаи ин хароҷотро мепӯшонад.
Мутобиқан, дар ҷамъбаст расми 7.3 нишон медиҳад, ки коргарони аз шуғл маҳрумгашта дар соҳаи дастгоҳсозӣ баҳри кор ба соҳаи истеҳсоли мошинҳои сабукрав мегузаранд. Дар ин маврид шумораи коргарони дар як соҳа аз кор озодгашта ва шумораи коргароне, ки ба таври илова дар соҳаи дигар соҳиби кор гаштаанд, мувофиқат мекунад.
Вале усулҳои дигар низ имконпазиранд: агар дар як соҳа корман- дон назар ба оне ки дар соҳаи дигар ба кор гирифта мешаванд, бештар озод гарданд, қисми кормандони аз кор озодшуда бекор мемонанд ва ба онҳо лозим меояд, ки ё касбашонро дигар кунанд ё ҷои зисташон ро тағйир диҳанд; агар дар як соҳа кормандон назар ба оне ки дар соҳаи дигар бо музди меҳнати муайян ба кор гирифта мешаванд, камтар озод гарданд, пас, дар соҳаи дуюм норасоии кормандон ба амал меояд. Дар чунин вазъият соҳаи аз норасоии кормандон танқисикашанда норасоии кормандонро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар барта раф мекунанд. Масалан, ширкатҳои олмонӣ баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ айнан чунин амал карда, норасоии коргаронро аз ҳисоби шаҳрвандони Туркия бартараф намуданд.
Афзун гардондани шумораи одамони машғули кор имкон медиҳад, ки истеҳсоли молҳои камёфт зиёд карда, бозори он тадриҷан ба сатҳи мувозинат расонда шавад. Ширкатҳое, ки маҳсулоти барои бозор ноло зим истеҳсол мекунанд, баръакс маҷбур мешаванд, андозаи шуғл ва ҳат то умуман, фаъолияти худро маҳдуд созанд. Дар натиҷа моли зиёдатии онҳо тадриҷан кам шуда, бозор ба ҳолати мувозинат меояд.