Сабабҳои асосии муноқиша байни корманд ва корфармо. Нақши иттифоқи касаба дар ҳалли он
Яке аз фарқиятҳои асосии бозори меҳнат аз бозорҳои дигар – хусу сияти хоси муносибатҳои байниҳамдигарии фурӯшанда (корманди ки роя) ва харидор (корфармо), яъне, хислати сиёсӣиҷтимоии ин муноси батҳо ба шумор меравад.
Иштирокчиёни бозори меҳнат асрҳо байни ҳам хусумати оштино пазир доштанд. Хусумати мазкур зудзуд муноқиша ва ҳатто хунрезиро ба вуҷуд овардааст. Гарчанде қарни ХХ бо худ як қатор тартиботи навро ҷорӣ намуда, дар аксари мамлакатҳо масъалаи муносибати меҳнатиро бо роҳи осоишта ҳал карда бошад ҳам, дар ин бозор то ҳол оромии комил вуҷуд надорад.
Сухан дар бораи он меравад, ки корфармоён аз аҳди қадим ақида доштанд: муқаррароти асосӣ ҳангоми муайян намудани музди меҳнат – нигоҳ доштани он дар сатҳи ҳаддалимкон пасттарин аст.
Кормандони кироя дар навбати худ бевосита дар муқобили ин ақи да қарор дошта, музди меҳнати баландтаринро талаб мекарданд. Дар ин мубориза ҳар яке аз тарафҳо усулҳои шахсии пешбурди «амалиётҳои ҷангӣ»ро истифода мекарданд.
Стратегияи корфармоён дар қарни ХIХ ва ибтидои қарни ХХ исти фодаи васеи чунин усулҳоро дар назар дошт:
а) Тартиб додани «рӯйхати сиёҳ». Муборизони нисбатан фаъоли баланд бардоштани музди меҳнат ва беҳтар гардондани шароити меҳна тиро на танҳо аз кор озод мекарданд, инчунин онҳоро ба рӯйхати сиёҳ ворид менамуданд, ки дар натиҷа ягон соҳибкор чунин кормандонро ба кор қабул намекард. Дар Россия ин гуна тартиботро «гирифтани билети сиёҳ» ном мебурданд.
б) Локаут (калимаи англисӣ lock-out – пӯшидани дар аз рӯи касе). Тибқи локаут корфармо бар ивази талаби кормандон оид ба ба ланд бардоштани музди меҳнат фаъолияти корхонаро ба якчанд рӯз бо змедошт. Онҳо албатта, аз даромад маҳрум мешуданд, лекин «исёнга рон»ро дар дами марг аз гуруснагӣ қарор медоданд.
в) Киро намудани штрейкбрехерҳо (калимаи олмонӣ «штрей- кбрехер» – шикаст додани корпартоӣ). Агар кормандон бо талаби баланд бардоштани музди меҳнат корро қатъ намоянд, пас соҳибони ширкат кормандони муваққатиеро ба кор ҷалб мекарданд, ки барои кор бо музди меҳнати қаблӣ розӣ ҳастанд.
г) Қарордоди «саги зард» (амрикоиҳо онро чунин ном мебур- данд). Ширкатҳои усули мазкурро интихобнамуда шахсро дар он мав рид ба кор қабул мекарданд, ки агар вай шартномаи меҳнатии фарди ро имзо намуда, қавл медод, ки ба муборизаи муштарак оид ба музди меҳнати баланд ҳамроҳ намешавад. Агар шахс шартномаро вайрон ме кард, фавран аз кор озод мегардид, ки ягон суд барои ба кор барқарор намудани ӯ розӣ намешуд.
Ин ва дигар усулҳо, аз ҷумла истифода гардидани қонунгузорӣ, по литсия ва ҳатто қувваҳои мусаллаҳ ба муқобили кормандон, ба он нига ронида шуда буд, ки кормандони кирояро барои розӣ шудан ба шарти номуносиби хариду фурӯши қувваи корӣ маҷбур намуда, арзиши қувваи кориро то ҳадди имкон паст намоянд.
Албатта, кормандони кироя барои баланд бардоштани музди меҳнат тарзу усули нави муборизаро такмил ва коркард намуда, мавриди исти фода қарор медоданд.
Стратегияи кормандони кироя чунин усулҳои муборизаро дар бар мегирифт:
– корпартоӣ (забоняккунӣ) – қатъ намудани кор то он вақте ки корфармоён талаботи корпартоёнро оид ба баланд бардоштани музди меҳнат ё беҳтар намудани шароити он қонеъ нагардонад;
– кор тибқи тартибот («корпартоии итолиёвӣ», ба ифтихори кормандони итолиёвӣ номгузорӣ шудааст) – кормандони кироя корро расман қатъ намекунанд, лекин онро бо риояи қатъии ҳама гуна дастурамалҳои эҳтимолӣ ва бо суръати суст (ё бо таваққуфи кӯтоҳмуд дати навбатӣ) иҷро мекарданд, ки дар натиҷа ҳосилнокии меҳнат ва фо идаи соҳибкор яку якбора паст мегардид;
– таъсиси ҳизби сиёсӣ – «Ҳизби меҳнат» (маҳз чунин тарҷума ме гардад яке аз ҳизбҳои сиёсии пешоҳанги Британияи Кабир – лейбори стӣ), ки имкон медиҳад қарорҳои давлатӣ тавассути парламент ба ман фиати кормандони кироя қабул гарданд: муайян кардани музди меҳнати камтарин, ҷорӣ намудани талаботи умумиҳатмӣ оид ба таъмини бехата рии меҳнат ва ғ.;
– ташкили иттифоқҳои касаба – ифода кардани ташкили манфи атҳои умумии кормандони кироя дар гуфтушунид бо соҳибкорон.
Дар бозори қувваи корӣ савдо тавассути истифодаи тарз ва усули мазкур аллакай тӯли қарнҳо пешбурд мегардад. Кормандон бо талаб на мудани музди меҳнати баланд корпартоӣ эълон мекунанд, – соҳибкорон бо истифода аз локаут ҷавоб медиҳанд. Кормандони кироя иттифоқҳои касаба созмон медиҳанд, – соҳибкорон барои ба тариқи судӣ манъ на мудани фаъолияти онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Кормандон ҳизбҳои худро таъсис медиҳанд, – соҳибкорон бо созмон дода шудани ташки лотҳои сиёсии хусусӣ ҷавоб медиҳанд.
Баъзан имрӯз ҳатто дар мамлакатҳои бузурги демократӣ низ му бориза дар бозори меҳнат шакли муташанниҷтаринро пайдо мекунад. Масалан, вақте ки авиадиспетчерони ИМА корпартоӣ эълон намуданд, президент Роналд Рейган дар асоси такя ба қонунҳое, ки корпартоиро дар нақлиёт манъ менамояд (бо сабаби таҳдид ба бехатарии ҳаракат ва ҳаёти мусофирон), иттифоқи касабаи авиадиспетчеронро бо ситондани ҷаримаҳои калон пароканда намуда, баъдан, барои пурра шикаст додани муқобилияти корпартоён, усули штрейкбрехериро бо маҷбур намудани авиадиспетчерони ҳарбӣ барои кор дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ, ис тифода кард.
Имрӯз дар мамлакатҳои пешрафта ҳаракати иттифоқҳои касаба ба поён рафтааст, ки сабабҳои асосии он инҳо мебошад: тағйирёбии ху- сусияти фаъолияти меҳнатӣ (ихтисор гардидани миқдори корхо наҳо, пайдоиши намудҳои нави ширкатҳо бо иштироки кормандон, ки соҳибони он худи онҳо мебошанд ва ғ.); рушди умумии некуаҳволии ҷамъият дар ин мамлакатҳо имкон медиҳад нисбат ба кормандони ки роя шароити ҳаётӣ таъмин карда шавад, ки дар ин хусус аксар соҳибони фабрикаҳо ҳатто орзу карда наметавонистанд.
Ҳаёт нишон медиҳад: ҳар қадаре мамлакат бой бошад, дар он неку аҳволӣ ҳамон қадар сатҳи баланд қарор мегирад ва муносибатҳои меҳ натӣ ҳамон қадар оромона ба вуҷуд омада, корпартоӣ низ кам мегардад. Лекин дар мамлакатҳое, ки вазъи иқтисодӣ номусоид буда, некуаҳволии шаҳрвандон бидуни инкишоф ҳатто поён рафта истодааст, чи хеле ки ин дар бештари мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар натиҷаи буҳрони молиявии соли 2008 ҷабрдида мушоҳида мегардад, нақши иттифоқҳои касаба нисбатан бештар шудааст. Бинобар ин диққат ва назорати қатъӣ додан зарур аст, ки ин гуна ташкилотҳо ба бозори меҳнат чӣ гуна таъсир мерасонанд.
Ташвиши иттифоқҳои касаба бо хусусияти хоси намуди фаъолияте, ки аз ҷониби аъзои он амалӣ карда мешавад, алоқамандии зич дорад ва бинобар ин гуфтан мумкин аст доираи масоили фарз кардем, иттифоқи касабаи рассомонграфикон аз ташвишҳои роҳбарияти иттифоқҳои ка сабаи шахтёрҳо тафовут менамояд. Ниҳояти кор дар назди тамоми ит тиҳодияҳои иттифоқҳои касаба вазифаи ягона қарор дорад, ки ба сифати муҳимтарини онҳо баромад менамоянд:
Беҳтар кардани шароити меҳнат ва таъмини бехатарии он. Сухан дар бораи он меравад, ки ҳамаи иттифоқҳои касаба аксаран барои ноил гардидан ба беҳтарсозии шароити санитарию гигиении меҳнат кӯ шиш ба харҷ медиҳанд (масалан, паст намудани серғавғоӣ ва чанголудӣ дар сехҳо). Ғамхории иттифоқҳои касаба ва пешниҳоди шароити имти ёзноки меҳнатӣ (қисман кам кардани рӯзи корӣ) ба наврасон ва занон (махсусан, ба занҳои ҳомила ё кӯдаки ба балоғат нарасида).
Ниҳоят, ташвиши доимии иттифоқҳои касаба – паст кардани хав фи фавти кормандон дар истеҳсолот ё бардоштани ҷароҳат. Маҳз зери фишори иттифоқҳои касаба аксарияти мамлакатҳои ҷаҳони муосир имрӯз қонунҳо ва меъёрҳои махсус қабул карданд, ки шароити меҳнат ва таъмини паст намудани ҷароҳатбардориро дар истеҳсолот ба танзим медароранд.
Аммо дар иқтисоди ҷаҳон ҳама қадру қимати худро дорад. Корфармо ҳар қадар барои беҳтар гардондани шароити меҳнат пул сарф намояд, дар натиҷа ҳамон қадар ҳар як корманд ба вай гарон мегардад ва ҳамон қадар шумораи онҳоро камтар киро менамояд.
Баланд бардоштани музди меҳнат. Агар ба хотир орем, ки дар боби гузашта оид ба бозори меҳнат чиро омӯхтем, мумкин аст ҳалли ма съалаи мазкурро бо фароҳам оварда шудани шароити мазкур эҳтимол кард: барои рушди талабот ба меҳнат; барои маҳдуд кардани пешниҳоди меҳнат.
Албатта, баланд бардоштани талабот нисбат ба меҳнат ба итти фоқҳои касаба мушкил аст: онҳо на он қадар имконияти таъсири зиёд расониданро ба бозори меҳнат доранд, ки аз куҷо талабот дар бозори меҳнат ба вуҷуд меояд. Сухан дар бораи он меравад, ки иттифоқҳои ка саба одатан нисбат ба маҳдуд кардани воридоти молҳо ба мамлакат ба ромад менамоянд. Зеро фурӯши молҳои воридотӣ дар бозори дохилӣ талаботро ба маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ кам мегардонанд, ки дар на тиҷа талабот ба меҳнат низ дар мамлакат паст мешавад. Пас, ҳангоми кам шудани воридот талабот ба молҳои ватанӣ афзуда, шароити зиёд шавии шумораи кормандон ва музди меҳнат дар бозори дохилии меҳнат беҳтар мегардад.
Бо вуҷуди ин, чунин мавқеи иттифоқҳои касаба ба заиф шудани рақобат дар бозори дохилӣ ва манфиатдор набудан аз беҳтаршавии си фати маҳсулоти ватанӣ меорад. Дар натиҷа маҳсулот рақобатнок наме гардад. Имконияти содир кардани он кам мешавад ва чун натиҷа талабот ба меҳнат низ барои истеҳсоли он паст мегардад. Ба ғайр аз ин ҳангоми маҳдуд кардани воридот аз тарафи як мамлакат, мамлакатҳои дигар низ одатан ба ҳамин монанд чораҳо меандешанд. Дар натиҷа имконияти со дироти ҳамаи соҳаҳои содиротии мамлакат паст шуда, шароит дар бозо ри меҳнат низ ба кормандони соҳаҳо ва ширкатҳо бадтар мешавад.
Агар сухан дар бораи маҳдудияти пешниҳоди меҳнат равад, он гоҳ иттифоқҳои касаба одатан бо розигии корфармоён танҳо аъзои ит тифоқро барои ба кор қабул намудан, кӯшиш менамоянд. Тактикаи мазкур, дар давраи асримиёнагии фаъолияти косибон ва ҳунармандон ба вуҷуд омада, дар хориҷа хеле васеъ истифода мешавад.
Масалан, ин ба ҳунармандоне ки барои ҷустуҷӯи кор ба ИМА ме раванд халал мерасонад, зеро соҳибони театр ва киностудияҳо онҳо ро ба нақш танҳо бо иҷозати иттиҳоди ҳунармандони амрикоӣ даъват менамоянд.
Маҳдудияти имкониятҳои худро барои баланд бардоштани музди меҳнат бо роҳи ҳавасманд гардондани талабот ё ин ки маҳдуд кардани пешниҳод дар бозори меҳнат дарк намуда, иттифоқҳои касаба бо дигар роҳ барои ҳалли ин масъала даст заданд. Яъне онҳо ҳамчун намояндаи ягона аз номи ҳамаи аъзоёни худ ҳангоми муҳокимаи шароити меҳнат ва пардохти он баромад карданд.
Ин масъала бо роҳи гузаронидани гуфтушунидҳои коллективӣ бо корфармоён ҳал мегардад. Барои иттифоқи касаба ин ҳолати мукарра рист: ё ки ҳамаи аъзои он нисбатан музди меҳнати баланд мегиранд ё корпартоӣ оғоз мегардад.