• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Сабабҳо ва шаклҳои иштироки давлат дар танзимнамоии иқтисодиёт
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Сабабҳо ва шаклҳои иштироки давлат дар танзимнамоии иқтисодиёт

5 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Сабабҳо ва шаклҳои иштироки давлат дар танзимнамоии иқтисодиёт

Дар мавзӯҳои дар боло зикргардида мо оид ба кумаки давлат ба шаҳрвандони камбизоат, фаъолона ширкат варзидани он дар ҳалли му­ амоҳои иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, танзими бозор фаъолияти босамар доштани давлатро дарк намудем. Аммо вазифаҳои воқеии давлат аз ин ҳам васеътар мебошанд. Ин мавзӯъ доимо дар мадди назари шаҳрвандон ва иқтисодчиён қарор дошта, баҳснок ба ҳисоб меравад. Барои муайян кардани ин сабабҳои иштироки давлатро дар танзимнамоии иқтисодиёт, роҳҳои ҳалли муаммоҳои ҷойдошта ва нақши онро дар иқтисодиёт бояд пурра таҳлил намоем.

Чӣ гуна шароитҳо лозиманд, ки ҳар як давлат ва шаҳрвандонаш со­ ҳиби хоҷагидории самаранок бошанд? Ба ин савол Адам Смит (1723– 1790), ки яке аз бузургтарин намояндагони иқтисоди сиёсии классикӣ мебошад, чунин мегӯяд: «Барои давлатро аз зинаи поёнӣ ба зинаи болои рушди хоҷагидорӣ баровардан танҳо сулҳ, ва инчунин, андозҳои сабуку тоқатпазир дар идоракунӣ лозиманд, боқӣ худ ҷо ба ҷо хоҳад шуд». Аз на­ зари дигар, давлат набояд ба фаъолияти хоҷагидории шаҳрвандон халал расонад, балки ҳуқуқҳои онҳоро бояд ҳимоя карда, фазои кориро барои онҳо муҳайё намояд ва онҳоро аз душманони берунӣ ҳифз кунад.

Дар маҷмӯъ инро озодии иқтисодӣ меноманд, ки дар асоси он са­ надҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ мондани фаъолияти озодонаи шаҳрван­ донро таъмин мекунад. Дар иртибот бо ин давлат – сохтори сиёсию ҳукмрон ва назорату таъминкунандаи ҳаёти орому осоиштаи мардум мебошад. Аз назари таърих бармеояд, ки пайдоиши давлат ба замонҳои хеле қадим мансуб аст. Мувофиқи далелҳо давлат ҳамчун сохтори зери итоат нигоҳдорандаи мардум ҳанӯз дар зинаҳои болоии даврони қаби­ лагии инсоният арзи вуҷуд кардааст. Пешрафти минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа боиси миқёсан васеву калон гардидани давлат мегардад.

Дахолати давлат ба иқтисодиёт асосан ба воситаи сиёсати иқтисо­ дӣ ба роҳ монда мешавад. Давлат барои ин фишангҳои иқтисодиро ис­ тифода намуда, усул ва услубҳои ташкили ҳаёти иқтисодӣ ва таркиби онро муайян мекунад. Он ҳимоятгари моликият, манфиатҳои субъектҳо ва агентҳои иктисодӣ буда, имконият медиҳад, ки мақсадҳои иқтисодии онҳо дар амал тадбиқ карда шаванд. Давлат ба воситаи «дастҳои ноаён» қонунҳои иқтисодиро дар амал тадбиқ менамояд.

Давлат фақат масрафи нигоҳ доштани соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва зербинои иқтисодию иҷтимоӣ (сохтани роҳҳо, 110

фурудгоҳҳо, шабакаҳои алоқа, нақлиёт, барқ, илм, фарҳанг, мудофиа, маориф…)­ро ба уҳда мегирад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов