• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/РӮНАМОСОЗӢ (Презентация) / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

РӮНАМОСОЗӢ (Презентация) / Реферат

110 нафар дид 0

Муаллиф: umar
30.01.2024

РӮНАМОСОЗӢ (Презентация)

Гарчанде тавассути экрани компютер қариб тамоми амалиёти заруриро анҷом додан мумкин бошад ҳам, вале ҳангоми хондани лексия, пешниҳод кардани маводи таълимӣ, маърӯзаи илмӣ, методӣ, лоиҳаҳои фармоишӣ ё рӯнамоҳои таблиғотӣ имкониятҳои экрани компютер алл акай нокифоя аст. Дар чунин мавридҳо одатан ба компютер проектори электронӣ насб мекунанд, ки бо ёрии он тасвири экрании компютерро якчанд маротиба калонтар намудан мумкин аст.

Имрӯз қариб тамоми синфхонаҳои таълимии компютерӣ, толорҳои лексионӣ, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳу толорҳои семинарӣ, конфронсӣ ва ғайра пешакӣ бо тахта, экран ва проекторҳои электронӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аммо барои дар шакли дастрас, оммафаҳм ва шавқовар пешниҳод намудани муҳтавои маърӯзаҳо ё матни лексияҳо онҳоро бо ёрии барномаҳои махсус тайёр ва рӯнамоӣ кардан лозим аст. Синфи ин гуна барномаҳоро виросторони рӯнамосоз меноманд.

Барномаҳое, ки барои сохтан, таҳрир кардан ва пешниҳод намудани рӯнамоҳои таълимӣ, илмӣ, лоиҳавӣ, таблиғотӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд, виросторони рӯнамосоз номида мешаванд.

Рӯнамо (presentation – презентация) – маҷмӯи слайдҳо, воситаҳои намоиш, маводи тақсимшаванда, нақша ва матни баромад, ки ба мавзӯи муайян бахшида шуда, дар парвандаи махсус нигоҳ дошта мешавад.

Слайд (slide) – ҷузъи алоҳидаи рӯнамо буда, метавонад иттилооти шаклу хосиятҳои гуногундоштаро дарбар гирад: сарлавҳа, матн, график, диаграмма, ҷадвал, расм, объектҳои тасвирӣ ва чандрасонаӣ.

MS PowerPoint – барномаи рӯнамосоз аз MS Office.

OОImpress – барномаи рӯнамосоз аз OpenOffice, ки ҳам дар муҳити СА MS Windows ва ҳам СА Linux якхела кор карда метавонад.

Рӯнамосозӣ яке аз воситаҳои тавоно ва асосии маркетинг ва рекламаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, дар заминаи он фаъолияти корхонаҳои нав ба кор оғозкунанда, сифати маҳсулоти онҳо, навъҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ, тарзи ташкили таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра барои назарандозӣ ва хулосабардорӣ пешкаши умум гардонида мешавад.

Барномаҳои рӯнамосоз дорои имкониятҳои таҳия, таҳрир ва намоиш додани санадҳои махсус мебошанд. Бо ёрии онҳо, ҳамчунин, санадҳои тавассути дигар барномаҳо эҷодгардидаро, аз қабили: иттилооти матнӣ, графикӣ, формулавӣ, расмӣ, ҷадвалӣ, суруду мусиқӣ ва ғайраро барои мураттабсозии рӯнамо муттаҳид сохтан ва пешкаши истифодабарандагон ё тамошобинон гардонидан мумкин аст.

Барои худкор сохтан ва ба роҳ мондани раванди рӯнамосозӣ дар барномаҳои рӯнамосоз қолабҳои тайёри намунавӣ ва мавзӯъҳои стандартии пешакӣ сохташуда пешбинӣ шудаанд. Дар раванди рӯнамосозӣ ба слайдҳои он ҳамеша имконияти илова намудани ҷаззобиятҳои овозӣ ва аниматсионӣ вуҷуд дорад.

Вазифаҳои барномаҳои рӯнамосоз:

  • идора намудани раванди намоиш;
  • муайян ва идора намудани пайдарпайии намоиши слайдҳо ва гузариши байни онҳо;
  • интихоби шакли зоҳирии слайдҳо;
  • корбарӣ бо матнҳо, ҷадвалҳо, тасвирҳои графикӣ, сабтҳои овозӣ ва видеоӣ;
  • истифодаи объектҳои протсессорҳои матнӣ, ҷадвалҳои электронӣ, Internet ва ғайра.

Имкониятҳо ва хосиятҳои рӯнамо:

  • аз маҷмӯи слайдҳо иборат будан;
  • бо ёрии моҳири рӯнамосоз тайёр намудани слайдҳои худкор;
  • тавассути параметрҳои соҳаи корӣ муайян намудани андоза ва тамоюли слайдҳо;
  • ба слайдҳо вобаста кардани хусусиятҳои хосаи рӯнамоӣ;
  • бо истифода аз намунаҳои оройишӣ тағйир додани хосиятҳо ва сохтори рангӣ, заминавӣ, ҳуруфӣ ва ғайраи слайдҳо;
  • муайян намудани тарзи ҷойгиркунии иттилоот дар слайд: сарлавҳа, матн, расмҳо, ҷадвалҳо, навиштаҷот ва ғайра;
  • илова намудани таассуротҳои (тақвият, эффект) аниматсионӣ, садоӣ, намудоршавӣ, хомӯшшавӣ, фосилавӣ ва ғайра ба слайдҳои рӯнамо.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов