Релеф ва сохти геологии Тоҷикистон
Ба хотир оваред, ки релеф дар харитаҳои миқёсашоп хурд чй гуна тасвир меёбад? Эраҳои геологй ва давраҳои онҳоро номбар кунед.
Релеф. Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор аст. Баландии мутлақи он аз 300 то 7495 м мебошад. 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ва 7 дарсади онро ҳамвориҳо ишғол кардаанд. Тақрибан 50 дарсади сатҳи қаламрави ҷумҳурӣ аз 3000 метр баландтар воқеъ гардида аст. Дар қисми шимолии Тоҷикистон қатор- кӯҳи Қурама ва кӯҳи вайроншудаи Муғул, ки шохаи шимоли ғарбии силсилакӯҳи Тиёншон мебошад, ҷойгир шудаанд. Ин кӯҳҳо назар ба дигар кӯҳҳои Тоҷикистон қадим ва паст мебо- шанд (қуллаи Бобои об – 3769 м, қуллаи Аҳромшакл – 5621 м).
Дар байни қаторкӯҳҳои Қурама ва кӯҳи Муғул аз шимоли ғарб ва қаторкӯҳи Туркистон аз ҷануб хамии Фарғона – ганҷи- наи Осиёи Миёна ҷой гирифтааст. Қисми ғарбии водӣ ба Тоҷикистон мансуб аст. Ғарбтар аз водии Фарғона Мирзочӯли тоҷик доман паҳн кардааст, ки пасттарин мавзеи ҷумҳурӣ ба шумор меравад (250-300 м).
Дар қисми марказии Тоҷикистон силсила кӯҳҳои Ҳисору Олой ҷойгир шудаанд, ки қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қа- ротегин ва Олойро (қисми ғарбӣ) дар бар мегиранд (баландии онҳо аз 5500 м зиёд аст).
Силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой ба қаторкӯҳҳои Тоҷикистон қариб баробар ҷойгир мебошанд. Дар байни ин қаторкӯҳҳо водиҳои Зарафшон ва Яғноб воқеъ гардидаанд. Водии За- рафшон, ки ба масофаи зиёда аз 200 км тӯл кашидааст, барои инкишофи кишоварзӣ шароити мусоид дорад. Дар ин водӣ дарёҳову суфаҳо бисёранд. Дар саргаҳи рӯди Зарафшон пи- ряхи Зарафшон воқеъ аст, ки аз ҷумлаи пиряхҳои начандон калони Тоҷикистон мебошад. Дарозии он 250 км, бараш то 2 км ва масоҳати қисми асосиаш 4160 км2 аст. Дар соҳили чапи рӯди Зарафшон кӯҳи Фон қад кашидааст (қуллаи баландаш Чимтарға – 5495 м).
Дар ҷануби ғарби ҷумҳурӣ депрессияи тоҷик-мавзеи паст, ки аз пуштакӯҳҳои начандон баланд ва хамиҳо иборат аст, ҷойгир мебошад. Қаторкӯҳҳои ҷануби ғарби Тоҷикистон ҷиҳатҳои хоси худро доранд. Онҳо дар шимоли шарқ зич буда, ба самти ҷануби ғарб бодбезакшакл паҳн мешаванд ва тадриҷан паст шуда, ба ҳамвориҳои рӯдҳои Панҷу Ому табдил меёбанд. Аз қаторкӯҳҳои хурд – қаторкӯҳҳои Вахш, Чилонтоғ, Қаротоғ, Оқтоғ, Боботоғ ва ғайра маълуманд. Дар байни қаторкӯҳҳо водию ҳамвориҳои Ҳисор, Вахш, Кофарниҳони Поён, Фархор, Кӯлоб, Ёвон, Данғара доман паҳн кардаанд. Онҳо дар балан- диҳои аз 300-400 то 1200 м воқеъ гардида, қатъи назар аз хурд буданашон (дарозиашон 25-110 км, барашон 2-4 км) маҳали асосии сукунати мардум ва деҳқонӣ мебошанд.
Дар қисми шарқии Тоҷикистон силсилакӯҳҳои Помир до- ман паҳн кардаанд. Қаторкӯҳи Академияи Илмҳоро маркази ин силсилакӯҳҳо ҳисобидан мумкин аст. Баландии миёнаи ин қаторкӯҳ зиёда аз 5000 м аст. Қуллаи баландтарини он – Исмо- или Сомонӣ (7495 м) на фақат нуқтаи баландтарини Тоҷики- стон, балки нуқтаи балантарини қаламрави Иттиҳоди Дав- латҳои Мустақил низ мебошад. Қуллаи Исмоили Сомониро соли 1933 қӯҳнаварди шӯравӣ Е.Абалаков фатҳ намудааст. Дар самти ғарбии он қаторкӯҳҳои Пётри Якум, Дарвоз, Ванҷ ва Язгулом ҷойгир шудаанд.
Силсилакӯҳҳои Помирро метавон ба ду қисм ҷудо кард: По- мири Ғарбӣ ва Помири Шарқӣ.
Помири Ғарбй релефи равшан дорад. Ба ин мавзеъ қатор- кӯҳҳои теғаҳояш тези барфпӯш, дараҳои чуқур ва дарёчаҳои пуртуғён хос мебошанд. Қаторкӯҳҳо дар баландии 3800-4000 м аз сатҳи баҳр доман паҳн кардаанд (баландии қуллаашон ба зиёда аз 6000 м мерасад). Водиҳо дар баландии 1700-2500 метр воқеъ гардидаанд.
Помири Шарқӣ ҳамчун суфакӯҳ дар баландиҳои 3500-4500 метр воқеъ гардидааст. Баландии нисбии қаторкӯҳҳо 1-2 ки- лометрро ташкил менамоянд. Ин мавзеъ аз водиҳои тахт, дарёҳои сустҷараён ва кӯлҳои шӯр иборат аст. Дар ин ноҳияи кӯҳсор яхбандии бисёрсола ҳукмфармост.
Дар қисми шимоли Помири Шарқӣ қаторкӯҳи Паси Олой тӯл кашидааст. Ин қаторкӯҳ осмонбӯс буда, баландиаш дар қисми мобайн ба 6000 м мерасад. Қуллаи аз ҳама баланди қа- торкӯҳ – Сино 7134 м аст. Тавассути ағбаи Қизиларт (4280 м), ки дар қаторкӯҳи Паси Олой ҷой гирифтааст, роҳи аз ҳама ба- ландтарини моштнгарди Помир мегузарад, ки он шаҳри Ӯшро бо маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Хоруғ мепайвандад. Дар ҷануби қаторкӯҳи Паси Олой қаторкӯҳҳои Музкӯл, Аличури Шимолӣ ва Аличури Ҷанубӣ ҷойгир шуда- анд.
Релефи Тоҷикистон «хусусияти зинавӣ» дорад. Дар Тоҷикис- тон минтақаҳои зеринро ҷудо кардан мумкин аст: ҳамворӣ, кӯҳдоман, пасткӯҳ, миёнакӯҳ ва баландкӯҳ.
Минтақаи ҳамворӣ дар баландии аз 300 то 900 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Ҳамвориҳо асосан ҷойҳои васлшудаи водии дарёҳо ё пастиҳои сербари байникӯҳӣ (депрессияҳо) буда, ҳамагӣ 7 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Ба минтақаи кӯҳдоман адир ва теппаҳо мансубанд, ки 900-1600 метр баландӣ доранд. Бисёр адирҳо ба замини кишт табдил дода шудаанд.
Минтақаи пасткӯҳ дар баландиҳои аз 1600 то 2000-2300 м воқеъ гардида, дар он нишебиҳои ростфуромада (беш аз 35°) зинаҳои лучи харсангӣ ва дар баъзе ҷойҳо қитъаҳои хурди за- минҳои лалмӣ дучор мешаванд.
Ба минтақаи миёнакӯҳ (баландиаш 2300-3500 м) ёнаҳои сер- шоха бо водиҳои тағорашаклу бахшгоҳҳои сербар, ки пиряхҳо ба вуҷуд овардаанд, хос мебошад.
Минтақаи баландкӯҳ хоси минтақаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Олой ва Помир буда, дар баландиҳои зиёда аз 3500 м ҷой ги- рифтааст. Ин минтақа нишебиҳои ростфуромада ва қуллаҳои тез дошта, макони тарма ва пиряхҳо мебошад. Роҳҳое, ки аз ағбаи баландкӯҳҳо мегузаранд, фақат дар мавсими тобистон кушода мешаванд.
Ба тарзи «зинавӣ» иваз шудани релефи Тоҷикистон на фақат боиси гуногунии табиат (иқлим, хок, наботот, ҳайвонот) ме- гардад, балки ба хоҷагӣ (бахусус, кишоварзӣ) низ таъсир мера- сонад. Алҳол дар баробари ҳамвориҳо, кӯҳдоман ва пасткӯҳҳо низ азхуд карда шудаанд. Дар ин ҷо қисми бештари аҳолӣ со- кин шудаанд. Корхонаҳои асосии саноатию кишоварзӣ низ дар ҳамин ҷо ҷой гирифтаанд.
СОХТИ ГЕОЛОГӢ
Релеф ва ландшафти ҳозираи Тоҷикистон бо сохти геологии он зич алоқаманд аст. Сарзамини Тоҷикистон, қабл аз ҳама шакл гирифтани он чандин давраҳои тӯлонии геологиро си- парӣ кардааст.
Дар раванди давраҳои полеозой ва нимаи аввали кайно- зой (то ибтидои давраи неоген) ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон борҳо зери об монда, танҳо дар ибтидои давраи неоген аз об озод шуд. Ҷинсҳои полеозойи қадим ва мезозой тадриҷан ба бардошташавӣ сар карданд. Дар натиҷаи баланд шудани сил- силакӯҳҳои асосӣ – Тиёншон, Ҳисору Олой дар байни онҳо водиҳои Фарғона, Ҳисор, Вахш ва ғайраҳо ба вуҷуд омада, минбаъд бо таҳнишастҳои ҷараёнҳои оби муваққатии аз кӯҳҳо фуромада пур шудаанд.
Дар давраи палеозой дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон чан- дин маротиба вулқонҳо оташфишонӣ карда, массивҳои ҷинс- ҳои кӯҳии субвулқонӣ (кристаллӣ) ташаккул ёфтаанд. Бисёр конҳои маъдан, ки дар қабати ҷинсҳои палеозой хобидаанд, аз ҷисҳои вулқонӣ иборат мебошанд. Дар таҳнишастаҳои дав- раи мезозой ва давраи сеюм кони маъданҳо ниҳоят кам дучор омада, дар он асосан сарватҳои зеризаминии ғайримаъданӣ ва
сӯзанда бартарӣ доранд. Аз ин рӯ, таърихи инкишофи геоло- гии ҳудуди Тоҷикистон якхела нест ва аз ин ҷиҳат онро ба 5 минтақа тақсим кардан мумкин аст.
Шимоли Тоҷикистон нишебиҳои қаторкӯҳи Қурама ва кӯҳи Муғулро дар бар мегирад. Аввалин ҷинсҳосилшавиҳо дар қисми ҳамворӣ рух додаанд. Қаторкӯҳи Қурама ва кӯҳи Муғул – шохаи Тиёншони Мобайнӣ дар натиҷаи ҳаракатҳои текто- никии каледонӣ пайдо шудаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои полеозойи поён ва ҷинсҳои вулқонӣ иборатанд. Дар ин ноҳия таҳшинҳои давраҳои мезозой ва кайнозой хеле кам дида меша- ванд.
Хамии Фарғона (депрессия), ки қисми ғарбии он ба Тоҷикис- тон тааллуқ дорад, дар шимоли шарқии ҷумҳурӣ воқеъ мебо- шад. Сатҳи онро ҷинсҳои аллювиалӣ ва лёсии давраи чорум пӯшонидаанд. Пайдоиши хамии Фарғона ба даври мезозой мансуб аст.
Тоҷикистони Марказй силсилакӯҳҳои Ҳисору Олой, яъне қа- торкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Қаротегинро дар бар меги- рад. Аз ҷиҳати сохти геологӣ ҳар яки ин қаторкӯҳҳо бо маҷмӯи ҷинсҳои ба худ хоси полеозой аз якдигар фарқ мекунанд. Дар давраҳои мезозой дар ҳудуди ин минтақа ҳаракатҳои текто- никӣ авҷ гирифта, ҷинсҳосилшавии алпӣ боиси пайдоиши ре- лефи ҳозираи он гардидааст.
Тоҷикистони Чднуби Ғарбй – пастии (депрессияи) Тоҷикро дар бар мегирад. Ин пастии байникӯҳӣ дар байни силсила- кӯҳҳои Ҳисору Олой, Ҳиндукуш воқеъ гардидааст. Депрессияи тоҷик асосан аз ҷинсҳои кристаллии синни токембрий, вулқо- нию таҳшинӣ, инчунин интрузивии полеозой таркиб ёфтааст.
Помир аз ҷиҳати сохти геологӣ ба геосинклинали алпӣ таал- луқ дошта, аз 4 минтақаи тектоникии ба таври арзӣ кашолёфта иборат аст: минтақаҳои Шимолӣ, Марказӣ, Ҷануби Шарқӣ ва Ҷануби Ғарбӣ. Минтақаҳои номбаршуда аз якдигар бо сохти геологии худ фарқ мекунанд. Масалан, Помири Ҷануби Ғарбӣ аз варақсангҳои кристаллӣ, мармарҳои токембрий таркиб ёф- тааст. Ҳудуди Помири Ғарбӣ бошад, серзилзила буда, дар он баъзан зилзилаҳои 8-9-баллӣ ба амал меоянд.
Дар Тоҷикистон амалиёти кӯҳпайдошавӣ ва ташаккули во- диҳо ҳоло ҳам идома дорад. Ҳамин амал дар қишри Замин ҳаракатҳои тектоникиро ба вуҷуд оварда, боиси заминларза мегардад. Тоҷикистон аз ҷумлаи мавзеъҳои серзилзилаи ҷаҳон аст. Дар ин ҷо заминларзаҳои харобиовар пас аз даҳсолаҳо рух медиҳанд. Яке аз минтақаҳои нисбатан фаъоли заминларза аз ғарб ба шарқ ба самти Қаротоғ-Файзобод – Обигарм – Рашт- Тоҷикобод тӯл кашидааст. Дар ҳамин самт гармчашмаҳои бештар радиоктивии Хоҷаобигарм, Шамбарӣ, Обигарм воқеъ гардидаанд. Заминларзаи сахт боиси афтодани кӯҳҳо, фурома- дани тарма ва дигар ҳодисаҳои нохуш шуда, ба хоҷагии халқ зарари калон мерасонад. Заминларзаҳои сахту харобиовар дар Қаротоғ (1907), Сарез (1911), Ҳоит (1949), Исфара (1977), Қай- роққум (1986), Шарора (1989) рӯй додаанд. Аз ҳамин сабаб дар ҷумҳурӣ иморатҳои серошёнаро кам бино мекунанд. Ҳангоми сохтмони объектҳои саноатӣ ва мардумӣ дар маҳали серзилзи- ла аз усулҳои навтарини зиддизилзила (таҳкурсии чуқур, исти- фодаи сутунҳо, чӯбкорӣ) истифода мебаранд.