Раванди ташаккули музди меҳнати колхозчиён дар рафти сохтмони колхози
Баробармузддиҳӣ аз рӯйи шумораи хӯрандаҳо дар хољагӣ (оила). Аз сабаби он ки таҷрибаи меҳнати коллективӣ ҳамчун шакли нави муносибатҳои истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда буд, он ҳаќќи меҳнат доданро ҳам тақозо мекард. Ин усули музди меҳнат додан дар хоҷагиҳои фермерии ИМА ҳанӯз дар асри Х1Х таҷриба шуда буд. Шаклҳои баробарҳақдиҳӣ ба аъзоён, аз рӯйи шумораи хӯрандаҳо ҳақ додан, аз рӯйи шумораи аъзо ҳақ додан, аз рӯйи миқдори вақти кор дар саҳро ҳақ додан, аз рӯйи ҳаҷми кори иҷрошуда музд додан вуҷуд дошт.
Дар солҳои 1918-1927 дар артелу коммунаҳо додани музди меҳнат дар асоси баробарии иҷтимоӣ – аз рӯйи шумораи хӯрандаҳо ҷорӣ буд, яъне хонаводаҳое буданд, ки 5-6 нафар қувваи корӣ доштанду ҳамаашон дар корҳои саҳроӣ кор мекарданд ва барои ҳамон 5-6 нафар музди меҳнат мегирифтанд. Аммо хонаводае ҳам буд, ки аз 5-6 нафар иборат буду як нафарашон қобилияти корӣ дошт ва ҳамон як нафар дар корҳои саҳроӣ иштирок мекард, вале барои 5-6 нафар хӯранда аз маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ(колхоз)ҳақ мегирифт. Ин тарзи ҳақдиҳӣ ва тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда норозигиро ба миён меовард. Дар ин бора ҳазорҳо арзу шикоятҳо ва ҳалномаҳои судие, ки дар бойгониҳо вуҷуд доранд, шаҳодат дода метавонанд. Аз ҳама бештар ин усули музддиҳӣ ҳавасмандиро аз байн мебурд.
Баробармузддиҳӣ аз рӯйи иштирок дар корҳои саҳроӣ. Солҳои 1928-1931 дар артелҳои хоҷагии қишлоқ (колхозҳо) музди меҳнат аз рӯйи иштироки бевоситаи деҳқонон дар корҳои саҳроӣ таҷриба шуд ва ҳавасмандии аъзои артели хоҷагии қишлоқро баланд кард, вале камбудии дигареро ошкор кард: аъзоёни хоҷагӣ баробар кор кунанд ҳам, ҳаҷми кори иҷрокардаашон баробар набуд, яъне баъзеҳо дар саҳро хуб ва босамар меҳнат мекарданду баъзеҳо фақат иштирок доштанд, вале хуб кор намекарданд. Бинобар ин, ин тариқи ҳақдиҳӣ ҳам камфаъолиятӣ ва ҳам танбалиро эҷод кард.
Раванди ташаккули музди (ҳаққи) меҳнати колхозчиён. Ҳақдиҳӣ аз рӯйи иҷрои кори амалиро ҳукумат аз соли 1932 сар карда, аввал ҳамчун таҷриба ва аз баҳори соли 1932 ҳамчун воситаи асосии тақсими даромад, ба амалӣ кардан оғоз намуда буд. Ҳукумат барои иҷрои корҳои саҳроӣ номгӯй ва меъёрҳоеро тартиб дода буд, ки барои кори як рӯзи саҳроӣ пешниҳод шуда буданд ва деҳқоне, ки чанд нормаро иҷро мекард, ба номи ӯ ҳамон қадар рӯзи меҳнат мегузарониданд: як норма як рӯзи меҳнат, се норма се рӯзи меҳнат, яъне норма бо рӯзи меҳнат ва рӯзи меҳнат аз рӯйи ҳаҷми кори иҷрогардида муайян карда мешуд. Иштирок дар корҳои саҳроӣ то миёнаи соли 1932 ба тариқи бригадавӣ (дастагӣ) ва минбаъд ба тариқи звеногӣ (нимдастаҳо) сурат мегирифт. Оинномаи намунавии ТОЗ-ҳо ва артелҳои кишоварзӣ ҳам таҳия шуда буд. Музддиҳӣ ба меҳнат аз рӯйи рӯзи корӣ ва ҳаҷми кори иҷрогардида муайян гардида буд. Дар як рӯз чанд нормаи коре, ки иҷро мешуд, ҳамон қадар музди меҳнат гузаронида мешуд. Деҳқонони колхозӣ музди меҳнаташонро асосан ба тариқи пешпардохт бо мол (натура) ва қисман бо пул мегирифтанд. Колхозҳои пахтакор агар нақшаро иҷро мекарданд, ба ҳар як рӯзи меҳнаташон аз 6 то 10 кг гандум, то 1кг шолӣ, 100-150 грамм равған, 50-60 грамм чой, 130-140 грамм қанд, 0,20-0,25 метр газвор, 5-7 сӯм пул мегирифтанд. Колхозчӣ ё аъзои оилаи ӯ ба ҳисоби миёна соле то 450 рӯзи меҳнат кор мекарданд, ки ин миқдор рӯзи меҳнат ба хоҷагии ӯ тахминан 3500 кг гандум, 200-250 кг биринҷ, 45-65 кг равғани пахта, 22-25 кг чой, 60-70 кг қанд,100 метр газвор, 2700 сӯм пул ва дигар чизҳо даромад меовард. Масалан, колхози «Пахташиркат»-и ноҳияи Шаҳринав соли 1931 ба ҳар як рӯзи меҳнат 9,1 кг гандум, 505 грамм равған, 440 грамм картошка, 7 сӯму 95 тин пул дода буд.
Савол ва супоришҳо
1. Баробарҳақдиҳиро шарҳ диҳед.
2. Камбудиҳои баробарҳақдиҳиро барои иштирок дар корҳои саҳроӣ шарҳ диҳед.
3. Шаклҳои ҳақдиҳиро дар колхозҳои ибтидои коллективонӣ муайян намоед.
4. Рӯзи меҳнат чист?
5. Ҳақдиҳӣ ба воситаи рӯзи меҳнатро шарҳ диҳед.