Раванди коллективонии хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ дар солҳои панҷсолаи якуми тараққиёти халқ
Сиёсати саросар (ҳатмӣ) гузаронидани коллективонӣ. Сиёсати коллективонии солҳои 1927-1929-ро ҳамчун сиёсати таъсиси хољагиҳои истеҳсолӣ дар деҳот номидан мумкин аст. Дар СССР (ИЉШС) ба сиёсати саросар (ҳатмӣ) гузаронидани коллективонӣ баҳори соли 1929 оғоз карда буданд. Тоҷикистон ба ин сиёсат тайёр набуд, чунки ҳанўз ҳам дар ин ҷо ислоҳоти замин пурра ба охир нарасида буд. Таъсири бою кулакҳо низ ҳоло зиёд буд. Дар охири соли 1929 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 251 колхоз, ки 5421 хоҷагиро муттаҳид мекард, вуҷуд дошт. Ин миќдор колхозҳою хоҷагиҳои муттаҳидшуда қариб 2% шумораи умумии хоҷагиҳои яккадаст- ро ташкил медоданд.
Дар Тоҷикистон ба сиёсати саросарӣ ва ҳатмии ба муттаҳидшавӣ гузаштан соли 1930 оғоз гардида буд. Барои гузариш аввал татбиқи ин сиёсатро дар чор ноҳияи ҷумҳурӣ– Саройкамар (Панҷ), Қубодиён, Чиптӯра (Шаҳринав), Арал (Абдураҳмони Ҷомӣ) ва округи Хуҷанд ҳамчун таҷриба эълон карданд. Мақсад он буд, ки ин ноҳияҳоро ба такягоҳи оянда барои саросарӣ гузаронидани коллективонӣ табдил диҳанд.
Барои ба амал баровардани ин мақсад ба Тоҷикистон 87 нафар аз 25-ҳазорнафариёни умумииттифоқ, даҳҳо бригадаҳои шефӣ аз Москва, Иваново-Вознесенек, Санкт-Петербург, Тошканд ва садҳо пешқадамони ташкилотчии ҷумҳурӣ сафарбар шуда буданд. Ин номбаршудаҳо дар ташкилу мустаҳкам кардани хоҷагиҳои навтаъсис иштирок карданд. Ҳамин иштирок буд, ки коллективонӣ аз баҳори соли 1930 суръат гирифт. Соли 1930 соли ТОЗ-ҳо эълон карда шуд. Охири моҳи май дар ҷумҳурӣ 526 колхоз вуҷуд дошт, ки қариб 28 ҳазор хоҷагиро (13,1%) муттаҳид мекард. Аз ин ҳисоб зиёда аз 500 колхозаш ТОЗ-ҳо буд, ки 95% колхозҳоро ташкил медоданд. Барои хуб ба роҳ мондани кори ТОЗҳо соли 1930 оинномаи намунавии ТОЗ-ҳо қабул гардид, ки дар асоси оинномаҳои ТОЗ-ҳои таъсисёфта таҳия шуда буд. Ҳукумат ҳам тарафдори суръат гирифтани коллективонӣ будани худро бо қарори махсус эълон карда буд. Аз ҷумла қайд шуда буд, ки соли 1931 дар пахтакорӣ 50% пахтакорон ба колхозҳо ҷалб карда мешаванд. Аз ин рӯ, соли 1931 маъракаҳои якмоҳа ва думоҳаи сохтмони колхозӣ ташкил карда ва гузаронда шуданд. Дар натиҷа дар аввали соли 1932 дар ҷумҳурӣ 2554 колхоз вуҷуд дошт, ки 45% хоҷагиҳои камбағалону миёнаҳолро дар бар мегирифт. Дар пахтакорӣ бошад колхозҳо 76 % хоҷагиҳоро муттаҳид мекарданд ва 84, 2 % майдонҳои киштро дар бар мегирифтанд.
Омилҳои ба раванди коллективонӣ таъсиррасонанда инҳо буданд:
1. Ёрии техникии давлат бештар ба корҳои душвори деҳқонӣ — шудгор расонида мешуд. Соли 1929 дар Тоҷикис- тон 4 (МТС)-и (Стансияи мошину тракторҳо)-и дорои 41 трактор вуҷуд дошту соли 1932 19 (МТС)-и (Стансияи мошину тракторҳо) дорои 1284 трактор, ки дастёри деҳқонон гардида буданд.
2. Ба корҳои деҳқонӣ ҷалб намудани меҳнати занҳо ва ҳамчун деҳқонзан-колхозчизан эътироф кардани онҳо. То соли 1929 занҳо дар хоҷагӣ кор мекарданд, вале аъзои хоҷагӣ ҳисоб намешуданд. Музди меҳнати онҳоро ба музди меҳнати мардҳои аъзо ҳамроҳ мекарданд. Аз соли 1930 онҳоро аъзои хоҷагӣ ва ҳаққи меҳнат мегирифтагӣ карданд. Звеноҳо ва бригадаҳои алоҳидаи занона бо роҳбарии занони фаъола таъсис ёфтанд. Занҳо ба қувваи кории саҳро табдил ёфтанд.
3. Баландтар гардидани ҳосилнокии зироати колхозҳою совхозҳо назар ба хоҷагиҳои мустақил, яккадаст. Хоҷагиҳои мустақил ҳарчанд кӯшиш карданд, ки таҷрибаи колхозҳоро дар хоҷагии худ ҷорӣ намоянд, вале истеҳсоли маҳсулотро ба дараҷаи хоҷагиҳои коллективӣ — колхозҳо расонда натавонистанд. Манфиати иқтисодӣ онҳоро маҷбур кард, ки ба колхоз дохил шаванд.
4. Ёрии давлату шефҳо ба соҳаи пахтакорӣ, дар кофтани каналҳо ва бунёд намудани системаи обёрӣ, ташкили истеҳсолоти колхозӣ, ба роҳ мондани ҳисобу китоби хоҷагӣ – ин ҳама тадбирҳое буданд, ки кори деҳқонро осон, ҳосилнокии меҳнаташро баланд ва пеш аз ҳама, давутоз ва мущкилиҳои ӯро кам карданд. Бинобар ин, таваҷҷуҳи деҳқонон ба колхозҳо зиёд мегардид.
5. Қарору санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки раванди коллективониро танзим мекарданд инҳо буданд: қарори Пленуми КМ ВКП (б ) «Дар бораи Комиссариати халқии замини иттифоқӣ» аз ноябри соли 1929, ки оид ба оқибати зӯран коллективонидани ҳоҷагиҳои бою кулакии Тоҷикистон буд, қарори КМ ВКП(б) Тоҷикистон «Оид ба нақшаи сохтмони колхозӣ барои соли 1929-1930» аз 10-уми декабри соли 1929, ки оид ба мустаҳкамкунии идораи колхозҳо баҳс мекард; қарори Бюрои осиёмиёнагии КМ ВКП(б) «Оид ба вазифаҳои Бюрои осиёмиёнагӣ дар бораи коллективонии саросарӣ » аз январи соли 1930, ки оид ба маҷбурӣ гузаронидани коллективонӣ дар округи Хуҷанду ноҳияҳои Саройкамар, Қубодиён, Арал, Чиптӯра баҳс мекард; қарори КМ ВКП (б) «Оид ба мубориза зидди каҷравиҳо ва роҳи пешгирифтаи ҳизб дар ҳаракати коллективонӣ», ки аз вайрон кардани принсипи коллективонӣ баҳс мекард; қарори КМ ВК(б) Тоҷикистон «Дар бораи мустаҳкам кардани колхозҳо» аз моҳи майи соли 1930, ки дар бораи мустаҳкам кардани колхозҳо аз ҷиҳати ташкилӣ, раёсат, ҳисобу китоб ва бо кадрҳо таъмин намудани онҳо баҳс мекард. Ҳафтаҳо, моҳҳои сохтмони колхозие, ки солҳои 1930 — 1931 гузаронида шуда буданд, низ дар рафти коллективонии хоҷагии қишлоқ нақши муайян бозиданд.
Ноҳияҳои пешқадам дар коллективонӣ инҳо буданд: Нов — 95,1%, Қубодиён -87,4 %,Шаҳринав 86,6%, Арал — 77,1%,Конибодом — 71,3% . Соли 1932 коллективонӣ дар пахтакорӣ пурра анҷом ёфт.
Соли 1932 соли муваффақиятҳо дар раванди коллективонӣ дониста шуд, чунки ба коллективонӣ деҳқонони миёнаҳол ҷалб гардиданд, ки шумораи онҳо хеле зиёд буда, 56 % шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқононро ташкил медод. Бо вуҷуди ин пешравиҳо, рафти коллективонӣ дар Тоҷикистон нисбат ба СССР (ИҶШС) сусттар буд. Сабабаш кам будани коргарон дар ҳайати умумии аҳолӣ дониста мешуд, яъне таҷриба нишон дод, ки дар куҷое синфи коргар вуҷуд дошт, деҳқонон осонтару бештар ба колхозҳо дохил мешуданд. Дар ин раванд коргарон ба деҳқонон ёрӣ медоданд. Коргарон бештар дар шаҳрҳо ва атрофи корхонаҳое, ки дар шаҳракҳо вуҷуд доштанд, зиндагӣ мекарданд. Аз ин рӯ, сабаби дуюми суст будани сохтмони колхозӣ дар Тоҷикистон кам ва хурд будани шаҳрҳо дониста шуда буд. Барои ҳамин ҳам деҳқонони тоҷик аксаран ба суст будани таъсири ёрӣ ва дастгирии коргарон ва коллективонӣ дар як давра рӯ ба рӯ шуда буданд.
Колхозҳои солҳои панҷсолаи якум ҳар кадом ҳамагӣ 8-17 хоҷагӣ (оила, ҳавлӣ) ва 30-70 гектар заминро муттаҳид мекарданд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар колхоз 13,1 оила ва 47,7 гектар замин рост меомад.
Луғат
1. 25- ҳазорнафараҳо – мафҳумест, ки дар рафти коллективонӣ ба вуҷуд омада буд ва шахсҳоеро дар назар дошт, ки Ҳокимияти Шӯравӣ онҳоро (асосан коркунони дастгоҳи ҳизбию шӯравӣ ва ҳизбиёни фаъоли сертаҷрибаро) аз корҳои (вазифаҳои) асосиашон озод намуда, барои ёрӣ додан ба раванди коллективонӣ ба деҳот фиристонида буд. Шумораи онҳо сараввал 25 ҳазор нафар буд. Аз ин рӯ, онҳоро 25-ҳазорнафара меномиданд.
2. МТС – Стансияи мошинӣ-тракторӣ (машинно-тракторные станции).
Супоришҳо
1. Сиёсати саросар коллективониданро фаҳмонед.
2. Сабабҳои асосии ба рафти коллективонӣ таъсир расондаро шарҳ диҳед.
3. Ҳайати иҷтимоии колхозҳои ибтидои давраи коллективониро шарҳ диҳед.
4. Ноҳияҳои пешқадами коллективониро номбар кунед.
5. Душманони сохти колхозӣ киҳо буданд, номбар кунед.