• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Рафтори низоми бонкӣ ҳангоми бӯҳронҳои молиявӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Рафтори низоми бонкӣ ҳангоми бӯҳронҳои молиявӣ / Реферат

31 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
05.02.2024

Рафтори низоми бонкӣ ҳангоми бӯҳронҳои молиявӣ

Нақша:

1. Тамоюли рушди низоми бонкӣ ҳангоми бӯҳрони молиявӣ.

2. Таъсири бӯҳрони молиявӣ ба сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон.

3. Таҳлили вазъи молиявии бонк ҳангоми бӯҳрони молиявӣ.

1. Тамоюли рушди низоми бонкӣ ҳангоми бӯҳрони молиявӣ.

Дар давраи бӯҳрони молиявӣ тамоюли афзоиши талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ мушоҳида мегардад, инрчунин аз ҷониби шахсони воқеӣ. Дар ин давра бонкҳо намуди хизматрасониҳои худро зиёд намуда, сифати хизматрасонӣ ва ҳудуди хизматрасониҳои бонкиро васеъ мегардонанд. Барои дар ин давра ба тамоюли муқаррар гардида мувофиқат намудан ва самаранок барои ҳам бонк ва ҳам мизоҷ самти дурнамои рушди фаъолияти бонкро амалӣ намудан низоми бонкӣ бояд чунин масъалаҳои актуалиро ҳал намояд:

• азнавтақсимкунии захираҳо ва хавфҳо бо ёрии чунин воситаҳо: активҳо, табдилнамоии активҳо ғайрибозоргир ба шакле, ки бозор зарур меҳисобад;

• васеъ намудани хизматрасониҳои ҷудогона бо воситаи шӯъбаҳои хурд;

• пасткунии хатарҳои хизматрасонии бонкӣ, аз он ҷумла дар асоси истифодаи усулҳои хориҷӣ ва мутобиқкунии он ба шароитҳои ҷумҳурӣ;

• ҳакории сердаромади тиҷорати бонкӣ бо фаъолияти суғурта ва сармоягузорӣ.

Ба ҳайати муносибати ғайрианъанавӣ дохил мешавад:

• пайдо намудани сарчашмаи ташкили сармояи бонкҳои хусусии миллӣ;

• муайян намудани соҳибони ҳақиқии бонк;

• устувор намудани истиқлолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун гарави устувории пули миллӣ, болобардории нақши Шӯрои Раёсат аз ҳисоби камкунии ваколатҳои шӯрои дохилии бонк;

• додани якқатор ӯҳдадориҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон (таҳияи санадҳои меъёрии иқтисодӣ, назорат ва танзими бонкҳо) ҳамчун мақомоти мустақил;

• таҳияи нақша – чорабиниҳо доир ба рушди соҳаи бонкӣ ва низоми бонкӣ.

ҷалби воситаҳои сармоягузорони хориҷӣ метавонад, барои пешрафти иқтисодиёти давлат, алалхусус соҳаи бонкӣ ва баромадани давлат аз бӯҳрони молиявӣ замина гузорад. Васеъкунии фаъолияти бонкҳо, инчунин метавонад сабаби даромаднокии бонкҳо гардад.

Дар низоми бонкӣ мавқеӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва Амонатбонк асоси мебошад, зеро ҳама воситаҳои давлат дар ин муассиса муттаҳид карда мешавад ва ҳамчун хазинадорӣ давлат арзёбӣ шудааст.

2. Таъсири бӯҳрони молиявӣ ба сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон.

Низоми бонкии муосири ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи муҳими хоҷагидории миллии давлат мебошад. Нақши амалии он дар идоракунии низоми пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо муайян карда шудааст:

• қисми зиёди муомилоти тиҷоратиро бонкҳо бо кӯмаки воситаҳои ҷалбшуда, амалиётҳои сармоягузорӣ ва қарзӣ амали мегардонанд;

• маблағҳои ҷалбшударо бонкҳо ба корхонаҳо, иттиҳодияҳо, савдо, истеҳсол, соҳаи кишоварзӣ, ширкатҳо ва дигар сохторҳо равона мекунанд.

Фишангҳои сиёсати пулӣ-қарзӣ усулҳои мухталифи таъсир ба бозорӣ молиявӣ ба ҳисоб рафта, барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташудаи амалиётӣ, лаҳзавӣ ва ниҳоии БМТ истифода бурда мешаванд.

Бонкҳои тиҷоратӣ мувофиқи сиёсати пулию қарзии давлат фаъолият намуда, ҷараёни ҳаракати пулҳоро танзим намуда, ба сурати гардиши он, эмиссия, ҳаҷми умумӣ, инчунин бо миқдори пулҳои нақди ҷдар гардиш буда, таъсир мерасонад.

Устувор намудани болоравии ҳаҷми пул ин гарави пастгардии сатҳи таваррум, таъмини устувории сатҳи нарх яке аз самараи муносибатҳои хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти бозорӣ мебошад.

Низоми бонкии муосири ҷумҳурӣ – ин соҳаи хизматрасониҳои гуногун ба мизоҷони худ – аз амалиётҳои анъанавӣ қарзӣ – амонатӣ, хазинавӣ – ҳисоббаробаркунӣ, ки асоси кори бонкиро муайян мекунад, то шаклҳои нави воситаҳои пулию қарзӣ ва молиявӣ.

Дар механизми фаъолиятбарии низоми бонкии давлат нақши бонкҳои тиҷоратӣ зиёд мебошад. Бонкҳои тиҷоратӣ муассисаи куҳантарине мебошад, ки амалиётҳои зиёди молиявй ва хизматҳоро, ки дар таҷрибаи соҳибкорӣ дар иқтисодӣ бозорӣ иҷро мекунад.

3. Таҳлили вазъи молиявии бонк ҳангоми бӯҳрони молиявӣ

Бӯҳрони молиявии муосири ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила давлатҳои гуногуни ҷаҳонро фаро гирифта, ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳо зарари моддӣ ва маънавӣ расонида истодааст. Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба соҳаи бонкӣ низ таъсир расонида, муаммоҳои молиявӣ пайдо намуда, сабабгори асосии паст гардидани қурби пули миллӣ, бе ҷои кор мондани аҳолӣ ва ё баръакс нокифоягии даромад гардид, ки дар ин марҳила муфлисшавии якқатор бонкҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба назар расид.

Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсир расонида, сабабгори кам гардидани қисми даромади соҳибкорон ва алалхусус бархе аз бонкҳо ва ташкилотҳо гардид. Сатҳи муфлисшавии натанҳо корхонаҳо инчунин бонкҳо низ мушоҳида гардид.

Рушди босурати низоми бонкии ҷумҳурӣ, ки бист соли охир мушоҳида мегардад, бо раванди табдилдиҳии иқтисодиёти нақшавӣ ба бозорӣ муайян карда шудааст.

Дар соли ҷорӣ аз рӯи таҳлили натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бӯҳронӣ баромада, ба тамоюли рушди давраи пеш аз бӯҳронӣ рӯй ниҳод. Ба ин раванд дар мадди аввал татбиқи тадбирҳои иловагии баъдибӯҳронӣ дар самти вусъатёбии бахши воқеии иқтисодиёт мусоидат намуд, ки аз ин барқарорёбии рушди истеҳсолот, афзоиши даромадҳои пулии аҳолӣ, мӯътадилии нисбии сатҳи нархҳо, беҳтар гардидани вазъи тавозуни пардохт ва устувории низоми молиявии кишвар шаҳодат медиҳанд.

Дар муддати кӯтоҳ низоми бонкии дузинагӣ дар ҷумҳури ташкил карда шуд. Дар рушди марҳилаи якум, солҳои 1991 – 1993 рушди фаъоли низоми бонкӣ, тақсимоти мутамаркази қарзҳо, дефисити хизматҳои бонкӣ мушоҳида гардид. Дар ин давра ҳамагӣ шаш бонки тиҷоратӣ ташкил карда шуда буд.

Аз оғози соли 1997 дар Тоҷикистон рушди босурати низоми бонкӣ оғоз ёфт, дар навбати аввал бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ.

Аз соли 1992 дар ҷумҳурӣ 28 адад бонки фаъолияткунанда, дар соли 2011 ҳамагӣ 14 бонк дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, инчунин дар ҷумҳурӣ 138 адад ташкилотҳои қарзӣ фаъолият мекунад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов