• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон / Иншо

814 нафар дид 6

Муаллиф: Донишхона
26.04.2021

Мавзӯъ: Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақша:

Муқаддима

  1. Таъсиси Артиши миллӣ
  2. Рӯзи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хулоса

Аз таъсиси Артиши миллӣ 18 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданд, ба танзими сохтори ташкилию штати худ машғул шудаанд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умумам вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қуввахои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавой ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиҳи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.

Давраи сеюми сохтмони қувваҳои мусаллаҳ пас аз имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи қувваҳои мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини тоҷик сохтори ташкилию штатӣ тағйир ёфт.

Айни замон дар қувваҳои мусаллаҳ гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави қувваҳои мусаллаҳ қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ мутаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки солҳои аввали таъсисёбии артиши миллӣ мо ба мушкилоти нарасидани кадрҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ шудем ва дар ин ҷода федератсияи Россия ба мо дасти кӯмак дароз кард.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Ҳоло дар макотиби гуногуни ҳарбии Россия беш аз 400 мутахассиси тоҷик дарс меомӯзад. Дар бахши омӯзонидани мутахассисони ҳарбӣ ба мо ҷумҳурии халқии Хитой (зиёда аз 40 нафар), ҷумҳурии Ҳиндустон (зиёда аз 60 нафар), Британияи кабир (ҳар сол 2 нафарӣ), Канада (8 нафарӣ), ҷумҳурии федералии Олмон (9 нафар), Фаронса ( 35 нафар) ва Амрико (4 нафар) ба таври ройгон кӯмак менамоянд. Бар замми ин, бо дастгирии масъулини вобастаи низомии ҷумҳуриҳои Фаронса, Ҳиндустон, ҷумҳурии исломии Эрон, Британияи кабир, ҷумҳурии федералии Олмон ва Амрико дар донишкадаи ҳарбӣ ва литсейи ҳарбӣ синфҳои махсуси омӯзиши забонҳо ташкил ёфтаанд, ки тамоми харҷи таълим ва таъмиру таъмини синфхонаҳо бо асбобҳои хониш ва компютерҳо, пардохти маоши муаллимон ба зиммаи онҳост.

Дар навбати худ ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёрии кадрҳои ҳарбӣ барои артиши навтаъсиси Афғонистон кӯмаки бародарона расонид. Дар назди Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 26 нафар хизматчиёни ҳарбии ин кишвари ҳамсоя муддати 6 моҳ таҳсил кардаанд. Тамоми хароҷоти вобаста ба будубоши онҳо дар Тоҷикистон ба зиммаи мо буд. Ҳамзамон дар Вазорати мудофиа усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳ баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарон амалӣ мегардад. Дар назди ҳар як қисми ҳарбӣ марказҳои таълимӣ, майдончаҳои машқӣ амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии қӯшунҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машғулиятҳо мусоидат менамоянд. Натиҷаи омўзиш дар семинару курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси афсарон, ки ҳар сол дар дохил ва хориҷи кишвар барои такмили донишҳои назариявию амалӣ мегузаранд, қаноатбахшанд.

Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ ва такмили таҷрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад. Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад.

Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад. Ба кисмҳои ҳарбӣ ветеранҳои ҷангу меҳнат даъват ва бо сарбозон вохӯриҳо ташкил карда мешаванд. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиа баҳри баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва тартибу интизоми қавӣ корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.

Айни замон ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ба ҳайати нерӯҳои ҳарбии сулҳҷӯи байналмилалӣ шомил нагаштаанд ва агар лозим шавад нерӯҳои ҳарбии мо омода ҳастанд, ки дар ин ҳайат фаъолият намоянд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчунин, таърихи беш аз 18-солаи Артиши миллии ҷумҳурӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.

Tags:Тоҷикистон

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

6 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов