• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ / Иншо

771 нафар дид 5

Муаллиф: Донишхона
03.02.2024

Қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Нақша:

Муқаддима

1. Маълумоти мухтасар доир ба ҳолу аҳволи шоир

2. Мавзўи қасидаи «Шикоят аз пирӣ»

Хулоса

Устод Рўдакӣ бо хизмати илмиву адабӣ ва мақому манзалати таърихии худ на танҳо асоси адабиёти тоҷикро гузошт, балки появу асоси адабиёти тамоми форсизабонони чаҳонро тарҳрезӣ кардааст.

Бинобар ин Абўабдуллоҳи Рўдакиро тамоми форсизабонони дунё дар ҳақиқат чун поягузори адабиёти худ мешиносанду эътироф менамоянд.

Абўабдуллоҳи Рўдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷруди ноҳияи Панҷакенти имрўза ба дунё омадааст. Номи аслии ў Ҷаъфар буда, дар андак замон ба дараҷаи бузургтарин мардони номвари ҷаҳонӣ шинохта шуд. Абўабдуллоҳ номи эҳтиромии ўст. Аз гуфтаи баъзе сарчашмаҳо маълум мегардад, ки Рўдакӣ дар бачагӣ саводи комил бароварда, ҳанўз аз синни ҳаштсолагӣ шеърҳои баландмазмун эҷод мекардааст. Ў дар мадрасаи шаҳри Самарқанд таҳсил намуда, илми балоғат, луғат, ҳикмат, таърих, риёзиёт ва нуҷумро ба дараҷаи олӣ аз худ намудааст. Баъдтар ба шаҳри Бухоро омада, дар дарбори Сомониён хизмат намудааст. Рўдакӣ пас аз гирудорҳои рўзгор боз ба деҳаи худ баргашт. Баъди се соли бозгашт, яъне соли 941 шоир аз олам даргузашт. Мероси адабии шоир бою рангин мебошад. Аз Рўдакӣ ба мо асарҳои зиёде аз қабили: «Калила ва Димна», «Синдбоднома», маснавии «Даврони офтоб», қасидаҳои «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ» боқӣ мондааст. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дорои 34 байт буда, аз нигоҳи мавзўъ шарҳиҳолӣ мебошад ва   дар айёми пириву рўзҳои сахти шоир эҷод гардидааст. Дар қасида шоир лаҳзаҳои муҳимтарини рўзгори худ ва пастию баландиҳои онро ба ёд овардааст. Устод Рўдакӣ ҳаёти гузаштаи ширини афсонавӣ ва рўзгори ҳозираи талхи воқеии худро як-як пеши назар оварда, аз онҳо ёд мекунад.

Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз нигоҳи устухонбандӣ ба панҷ қисмат ҷудо карда шудааст. Аз рўйи гуфтаи шоир фалокате ба сараш меояд ва аз таъсири он дандонҳояш мерезанд. Дар ҳамин ҷо тасвири ин манзараро бо ҳамагуна санъатҳои рўзгор вобаста медонад:

Маро бисуду фурў рехт ҳар чӣ дандон буд,

Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.

Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.

Яке намонд кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,

Чӣ наҳс буд? Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд.

На наҳси Кайвон буду на рўзгори дароз,

Чӣ буд? Ман бигўям: қазои Яздон буд.

Баъдан, шоир масъалаи ҳамеша дар ҳаракат будани одаму оламро ба қалам медиҳад. Рўдакӣ баъди омўхтани олами воқеӣ ба хулосае омадааст, ки олами моддӣ якранг набуда, ҳамеша дар гардиш аст.

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирд гардон аст,

Ҳамеша то бувад оин-ш гирдгардон буд.

Сониян, дар қисмати сеюми қасида, саргузашти шахсии худи шоир нақл карда мешавад. Ў дар ин қисмат аз ҷавониву зебоии худ меболад. Дили шоир хазинаи ганҷи сухан буд, дар шеъру шоирӣ ном баровардааст, ҳамеша шоду хурсанду ғаму андўҳро намедонист.

Дилам хазонаи пурганҷ буду ганҷи сухан,

Нишони номаи мо мўҳру  шеър унвон буд.

Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,

Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.

Қисмати чаҳоруми қасида мақому манзалати шоирӣ ва обрўву эътибори шоирро дар дарбори Сомониён фаро гирифтааст. Дар ин қисмат шоир ҳаёти гузаштаи худро бо оҳанги ғамангез таҳлилу баррасӣ менамояд. Ў ба дараҷаи султони шоирон расида, шоири Хуросон ва пешвои мирон будани худро чунин таъкид мекунад:

Шуд он замона, ки мўяш ба сони қатрон буд,

Шуд он замона, ки рўяш ба сони дебо буд.

Шуд он замона, ки ў шод буду хуррам буд,

Нишоти ў ба фузун буду ғам ба нуқсон буд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

Шуд он замона, ки ў шоири Хуросон буд.

Қисмати панҷуми асар танҳо аз байте иборат аст, ки ифодакунандаи азобу кулфатҳои шоир будааст:

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,

Асо биёр, ки вақти асою анбон буд.

Ҳамин тариқ, Рўдакӣ аввалин устоди суханест, ки аз таҷрибаи рўзгор ҳарф задааст. Ў дар ин соҳа муаллиме будааст, ки ҳама бояд аз ў дарси ибрат мегирифтанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки мактаби ахлоқии шоир барои ҳамаи шоирону адибони баъдина мақбул гардида, то имрўз низ аҳамияти пандомези худро аз даст надодааст. Эътибори устод Рўдакӣ дар қаламрави форсизабонони ҷаҳон беназир мебошад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

5 Ҳа  1 Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов