Ин қалъа дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, Он зиёда аз 2500 сол қабл дасти сохта шудааст. Қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.Дарвозаҳои он дар асри 16 сохта шуда, имрӯз пурра таҷдид карда шудаанд.