Пуст. Сохт ва вазифаҳои пуст
Сохти пӯст. Пӯст рӯйпӯши берунии бадан аст. Сатҳи он қариб ду метри квадратиро ташкил медиҳад. Пӯст аз се қабати асосӣ иборат аст (расми 82).
Расмм 82. Сохти пуст
Қабати берунӣ — эпидермис аз бофтаҳои бисёрқабатаи эпителӣ таркиб ёфта, дар натиҷа пӯстпартоӣ ва аз ҳисоби афзоиши ҳуҷайраҳои чуқуртар ҷойгиршуда мунтазам нав мешавад.
Дар зери эпидермис қабати бофтаи васлкунанда — дерма ҷойгир аст. Дар он бисёр ретсепторҳо, ғадудҳо чарбӣ ва арақҷудокунии решай мӯй, рагҳои хун ва лимфа мавҷуданд.
Қабати аз ҳама чуқуртарин — насҷи зери пӯст аз бофтаи чарбӣ таркиб ёфта, чун — «болиштак» қабати ҷудокунанда, «анбори» моддаҳои ғизоӣ ва нерӯӣ хизмат мекунанд (расми 83).
Расми 83. Ҳуҷайраҳои бофтаи чарбу
Вазифаҳои пӯст. Пӯст ҳамаи бофтаҳо ва узвҳоро аз зарбу лат муҳофизат карда, ба организм дохил шудани моддаҳои бегона ва микробҳои бемориоварро боз медорад. Дар пӯст пигменти сиёҳ ҳосил мешавад ва организмро аз таъсири шуоъҳои ултрабунафши зиёдатӣ муҳофизат менамояд. Витамини D-и дар пӯст ҳосил шуда бемории рахити кӯдаконро пешгирӣ мекунад.
Ретсепторҳои гуногуни пӯст фишор, дард, хунукӣ ва гармиро ҳис мекунанд. Онҳо ба одам имкон медиҳанд, ки худро аз захмдоршавӣ, сӯхтан ва сармо задан нигоҳ дорад. Ҳассосияти пӯст дар таъсири тарафайни организм ва муҳити атроф нақши муҳим мебозад. Аз байн рафтани ҳассосияти пӯст боиси захмдоршавии доимии одам мегардад.
Пӯст вазифаи ихроҷро ҳам иҷро мекунад. Ба воситаи ғадудҳои арақҷудокунӣ аз организм оби зиёдатӣ ва намак хориҷ мешавад.
Пӯст дар нигоҳ доштани ҳарорати мӯътадили бадан иштирок мекунад.
Нақши пӯст дар танзими ҳарорат. Дар сармои зимистон ва гармои тобистон, ҳангоми истироҳат ва кор ҳарорати бадани одам қариб як хел +36,6° С мебошад. Дар баробари ин организми одамоне, ки ба корҳои вазнини ҷисмонӣ машғуланд, дар як шабонарӯз қариб 21 000 кҶ гармӣ ҳосил мекунад. Ин миқдор гармӣ метавонад тахминан 80 л обро аз +37° С то ба ҷӯшиш бирасонад. Ин гармии зиёдатиро организм хориҷ мекунад.
Ҳамин тавр дар организми солим равандҳои ҳосилшавӣ ва хориҷшавии гармӣ баробар шуда, дар натиҷа ҳарорати доимии бадан нигоҳ дошла мешавад.
Ҷараёнҳои ҳосилшавӣ ва хориҷшавии гармиро дар организм танзими гармӣ меноманд. Гармӣ дар узвҳои гуногун, хусусан дар ҷигар ва мушакҳо бошиддат ҳосил мегардад. Гармии зиёдатӣ аз организм тавассути нафасбарорӣ ва пӯст берун мешавад. Насҷи равғании зери пӯст ба гармидиҳӣ монеъ мешавад.
Пӯст рагҳои хунгарди хурди хеле зиёд дорад. Ҳангоми пастшавии ҳарорати муҳит рагҳо бо таври рефлекторӣ танг мешаванд, ба пӯст камтар хун омада, гармидиҳӣ кам мешавад.
Ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво рагҳои хунгарди пӯст ба таври рефлекторӣ васеъ шуда, ба воситаи онҳо бисёртар хун ҷорӣ мегардад ва боиси гармидиҳии зиёд мешавад. Танг ё васеъ шудани рагҳои пӯстро ҳар кас мушоҳида карда метавонад. Пӯст ҳангоми хеле баланд шудани ҳарорати муҳит сурх шуда, дар ҳавои хунук сафед мегардад.
Ҳангоми кори бошиддати ҷисмонӣ организм аз гармии зиёдатӣ на танҳо ба воситаи рагҳои васеъшуда, балки тавассути бухоршавии арақ аз сатҳи пӯст озод мегардад.
Пӯсти одам зиёда аз 2 млн. ғадудҳои арақҷудокунӣ дорад. Онҳо дар як шабонарӯз то 12 литр арақ хориҷ карда метавонанд. Ин ба одам имкон медиҳад, ки дар муҳити ҳарораташ аз ҳарорати бадан баланд зиндагӣ кунад. Ҳангоми хеле намнок будани ҳаво ба таври бухоркунӣ хориҷ шудани гармӣ душвор мегардад.
Пастшавии ҳарорати муҳит дар организм ба вуҷуд омадани гармиро зиёд мекунад. Ин бо ҳаракати ихтиёрӣ ба амал меояд. Механизми дигаре, ки боиси афзудани гармиҳосилкунии организм мегардад, ларза мебошад. Ларза — кашишхӯрии доимӣ, беихтиёрона ва суръатноки мушакҳо аст. Онро ихтиёран (бо роҳгардӣ, давидан, дастҷунбонӣ) боздоштан мумкин аст. Гармӣ ба таври рефлекторӣ танзим мешавад. Ба вуҷуд омадани гармӣ ва хориҷ шудани он низ бо усули ҳуморалӣ танзим мегардад. Масалан, ҳангоми тарсу ғазаб миқдори адреналини хун зиёд ва рагҳои пӯст танг шуда, ранги рӯй мепарад, намии бадан зиёд мешавад.
Ёрии аввалин ҳангоми гармию офтобзанӣ. Ҳангоми дар ҳавои офтобӣ, хусусан ҳавои сербуғ истодан, дар хонаи камҳаво гарм будан ё бо либоси ҳавоногузар ба кори ҷисмонӣ машғул шудан гармидиҳии организм суст мешавад. Вайроншавии мувозинати байни гармиҳосилшавӣ ва гармидиҳӣ боиси гармозанӣ шуда метавонад. Дар натиҷа сари бемор дард карда, зуд-зуд нафас мекашад, сараш чархзада гӯшҳояш ғуввос мезананд, бемадор мешавад, набзаш тез-тез шуда, чашмонаш сиёҳӣ мезанад. Ранги бемор меканад. Дар вақти гармозанӣ беморро дар ҷои салқин хобонида, либосашро кашидан ё тугмаҳояшро кушодан лозим аст. Баъд ба сараш сачоқи бо оби хунук таркардаро гузошта, зери пойҳояш либосашро лӯла карда мондан даркор аст. Агар бемор аз ҳуш нарафта бошад, ба вай оби хунук менӯшонанд. Барои паст кардани ҳарорати бадан зарардидаро бо рӯйҷо ё либоси тар печонида барои тезонидани бухоршавии об ӯро бод медиҳанд.
Агар зарардида аз нафаскашӣ монда, набзаш гум шавад, ҳатман ба ӯ нафаси сунъӣ дода, дилашро молиш додан ва фавран духтур ҷеғ задан лозим аст.
Барои пешгирии офтобзанӣ дар тобистон сарро аз офтоб паноҳ кардан лозим аст. Аломатҳои офтобзанӣ ҳам тахминан ба гармизанӣ монанд буда, тадбирҳои ёрии аввалин низ як хелаанд.
Обутоб додани организм. Обутоб додани организм тадбирест, ки дар натиҷаи он организм ба ҳарорати тағйирёбанда зуд мутобиқ мешавад. Об, ҳаво ва офтоб воситаҳои асосии обутоб ёфтани организм мебошанд. Муолиҷа бо об (шустушӯ, молиш додан, оббозӣ ва минбаъд маҳс кардани бадан) одатан ҳангоми аз +20°С кам набудани ҳарорати обу ҳаво қабул карда мешавад. Давомияти ин кор бояд аз 10 дақиқа зиёд набошад. Ваннаи ҳавоиро баъд аз 1-2 соати баъди хӯрок хӯрдан ҳангоми +18-20°С будани ҳарорати ҳаво 15-20 дақиқа қабул мекунанд ва онро то 2-3 соат дар як рӯз давом медиҳанд.
Муолиҷаи офтобӣ дар соатҳои байни 8-11-и рӯз ниҳоят фоиданок аст. Дар рӯзҳо аввали истироҳати тобистона дар зери таъсири офтоб дуру дароз истодан лозим нест. Онро аз 4-5 дақиқа саркарда, тадридан то ба 40-50 дақиқа расондан лозим аст. Дар айни ҳол сарро бо сарпӯш ё дастрӯймол мепӯшонанд. Дар мамлакати мо бисёр варзишгоҳҳо, нерӯҳои обӣ, майдонҳои яхмолакбозӣ, пойгоҳҳои лижатозӣ, ҳавзҳои шиноварӣ дастраси бачагону калонсолонанд. Корҳои оммавӣ — варзишӣ дар пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани қобилияти корӣ ва дарозумрии одамон нақши калон мебозад.
Саволҳо:
- Сохт ва вазифаи пӯст аз чӣ иборат аст?
- Танзими гармӣ чист?
- Кадом равандҳо танзими гармиро таъмин менамоянд?
- Пӯст дap равандҳои гармидиҳии организм чӣ хел иштирок мекунад?
- Гармою офтобзанӣ дар кадом шароит рӯй медиҳанд?
- То омадани духтур ба шахси гармизадаю офтобзада чӣ хел ёрӣрасондан мумкин аст?