Президент — сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат)
Президент дар баробари роҳбари умумии давлат будан, мувофиқи муқаррароти Конститутсия сарвари яке аз се шохаи ҳокимияти давлатӣ — ҳокимияти иҷроия, яъне Ҳукумат низ мебошад. Ҳукумат мақоми марказии ҳокимияти иҷроия ба шумор меравад.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон доир ба фаъолияти Президент як боби алоҳида — боби 4-ум бахшида шудааст. Президент маҳз дар асоси ҳамин боб фаъолият намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад. Бояд гуфт, ки на дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мақоми Президент як хел муайян карда шудааст.
Аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фақат конститутсияҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон Президентро сарвари ҳокимияти иҷроия муайян намуда, сардории Ҳукуматро ба уҳдаи Президент гузоштаанд, аммо баробари ин дар онҳо мансаби Сарвазир низ муқаррар гардидааст. Дар конститутсияҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба уҳдаи Ҳукумат гузошта шудааст. Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия нисбат ба президёнтҳои баъзе кишварҳои аъзои ИДМ салоҳияти васеътари конститутсионӣ дорад.
Мувофиқи Конститутсия Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдории давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлати, ҳамкории онҳо ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Иҷрои вазифаҳои Президент аксар вақт бо фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва мақомоти судӣ алоқамандӣ дорад. Вале баробари ин Президент мураттабии фаъоЛияти ҳамаи соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимиятро дар назди қонун ва халқ таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, мувофиқи Конститутсия Президент бояд шахси беғараз бошад. Ӯ наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад (моддаи 68). Ин номгӯй хеле маҳдуд аст, зеро аслан ҳар як мансабу амале, ки Президент ба таври илова ишғол ё иҷро менамояд, набояд беғаразии ӯро ба шубҳа гузорад. Ҳатто иҷрои вазифаҳое, ки ҳамчун шаҳрванд ба уҳдаи вай гузошта шудаанд, бояд бечунучаро ва қатъӣ риоя гарданд. Шакли идораи президентӣ бо мавҷудият ва фаъолияти мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, яъне Маҷлиси Олӣ алоқаманд гардонида шудааст.
Дар муайян кардани ҳадди вазифаҳои Президент, хусусан алоқамандӣ ва фарқи онҳо бо вазифаҳои Маҷлиси Олӣ ба таври конститутсионӣ риоя кардани усули боздорию мувозинати ҳокимияти ҳар яки онҳо мавқеи калон дорад.
Мувофиқи моддаи 67-уми Конститутсия Президент пеш аз оғози вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Матни савганди Президент чунин аст:
«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хизмат менамоям».
Дар матни савганд самтҳои асосии фаъолияти Сарвари давлат зикр шудаанд. Ин вазифаҳоро ба гурӯҳҳои зерин тасниф кардан мумкин аст: якум, вазифаҳое, ки ба ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар алоқаманданд. Дуюм, кафолату таъмини ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандон. Сеюм — ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва чаҳорум, вазифаҳое, ки аз хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон бармеоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рамзҳо мебошад, ки онро Қонуни Ҷумҳури Точикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли оли 2006 муқаррар намудааст. Тибқи моддаи якуми Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.
Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» — чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.
Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ-ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи як», Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.
Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан аз ҷониби Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Дар маросими ба вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ӯ афрохта мешавад.
Таҳқири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, манъ аст.
Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани иҷрои ваколатҳои Президент дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисоди, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, алоқа бо мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, парламент ва ғайра Президент аз хизмати гурӯҳи ёрдамчиёни давлатӣ истифода мебарад.