Пешгирӣ кардани бемориҳои меъдаю руда
Бемориҳои меъдаю рӯда. Истеъмоли озуқаи кӯҳна боиси заҳролудшавии организм шуда метавонад. Ҳангоми заҳролудшавӣ меъдаро ҳатман аз хӯрок тоза кардан лозим аст. Барои ин ба зарардида якчанд истакон оби ширгарм хӯронда, барои қайкунӣ бехи забон ё девори ақиби ҳалқашро бо қошуқ ё панҷаи даст ангезонидан лозим аст.
Якҷоя бо хӯрок бо роҳи ҳозима микроорганизмҳои бемориовар дохил шуда метавонанд. Аксарияти онҳо дар даҳон аз таъсири моддаҳои оби даҳон нобуд мешаванд. Баъзе микробҳоро кислотаи гидрогенхлориди шираи меъда ва моддаҳои таркиби талха безарар мекунанд. Аммо микроорганизмҳое ҳастанд, ки ба таъсири ин моддаҳо устувор мебошанд. Чунин микробҳо ба меъдаю рӯда даромада, афзоиш меёбанд ва домана, исҳоли хунин, вабо барин бемориҳои сирояткунандаро ба вуҷуд меоранд. Заҳре, ки ангезандаҳои ин бемориҳо хориҷ мекунанд, организмро заҳролуд мекунад (расми 73).
Расми 73. Барангезандагони бемориҳои рӯда
Исҳоли хунин, домана, вабо, сирояткунандаанд. Аз ин рӯ одамони ба чунин бемориҳо гирифторшударо зуд ба беморхона фиристода, манзилашонро бо усулҳои махсус тамиз (дезинфексия) мекунанд. Бемориҳои рӯда аксар аз нӯшидани обҳои равон, оби чоҳҳо наҳрҳо ва дигар обанборҳо ба вуҷуд меоянд. Магасҳо низ паҳнкунандаи ангезандаҳои бемориҳои рӯда шуда метавонанд. Як қисми микробҳои бемориовар ба воситаи ашёе, ки бемор истифода кардааст, мегузарад. Дар муборизаи зидди бемориҳои сироятии рӯда антибиотикҳоро истифода мебаранд, вале онҳоро зери назорати духтур бояд истеъмол кард. Антибиотикҳо дар баробари микроорганизмҳои бемориовар, бактерияҳои фоиданок — қаламчамикробҳои рӯдаро ҳам нобуд сохта, боиси вайроншавии ҷиддии хӯрок мегарданд. Ин дар навбати худ ба саломатии одам таъсири манфӣ мерасонад. Дар чунин ҳолат истеъмоли чаккаю ҷурғот, сабзавоту меваҷот, ноне, ки аз орди дурушт пухта шудааст, ба барқарор кардани қобилияти ҳаётии бактерияҳои рӯда ва ба кор даромадани ҷараёни ҳозима ёрӣ мерасонад.
Бемориҳои киҷҷавӣ. Хӯроке, ки дар он тухми киҷҷа (кирми меъда) мавҷуд аст, манбаи сироят ба шумор меравад. Чунин кирмҳои меъда, ба монанди кирми кадудона ба организм ба воситаи гӯшти нимбирён ё нимпаз мегузарад. Дар гӯшти моҳии хом ҳам чунин кирмҳо вуҷуд дошта метавонанд.
Тадбирҳои пешгирӣ кардани бемориҳои рӯда ва киҷҷавӣ. Аксар вақт дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оддитарини гигиенӣ бепарвоёна рафтор кардан, ба нойи ҳозима микробу заҳрҳо дохил мешаванд.
Дар ёд доред, ки дастонро пеш аз истеъмоли хӯрок шустан, сабзавоту меваҷот (ҳатто аз боғу полизи худ ҷамъ карда) — ро тоза шуста хӯрдан, болои хӯрокро барои нанишастани чангу магас пӯшонидан, ба ҳар восита магасҳоро нобуд кардан, оби наҷӯшидаро нанӯшидан, гӯшт ва моҳиро нагз бирён ё пухта хӯрдан лозим аст.
Дар мамлакати мо, барои пешгири кардани исҳоли хунин ва домана усули моягузаронӣ васеъ ба кор бурда мешавад. Он ба пайдоиш ва вусъати эпидемияҳое, ки одатан тобистон якбора cap мезанад, роҳ намедиҳад.
Барои пешгирии бемориҳои киҷҷавӣ дар мактабҳо мунтазам ҳама хонандагонро муоина мекунанд ва ба беморон муолиҷаи зарурӣ мефармоянд.
Таъсири машрубот ва никотин ба ҳазми хӯрок. Машрубот ва никотин ба системаи ҳозима таъсири манфӣ мерасонанд. Онҳо ба меъда дохил шуда, аввал ғадудҳои меъдаро меангезанд ва кори онҳоро метезонанд. Вале дере нагузашта ғадудҳои меъда дуруст кор намекунанд ва ҷудошавии шираи меъда кам мешавад, ки иштиҳо ба он вобаста аст. Одамоне, ки тез-тез шароб менӯшанд, тамоман иштиҳо надоранд ва хӯрокро дуруст ҳазм ва аз худ карда наметавонанд. Дар натиҷа пардаи луоби меъдаашон бемор шуда, ба дарди гастрит (газаки меъда) дучор мешаванд.
Саволҳо:
- Ба шумо кадом бемориҳои меъдаю рӯда маълуманд?
- Киҷҷа чӣ хел сироят мекунад?
- Кадом тадбирҳои пешгири кардани бемориҳои меъдаю рӯда ва киҷҷавӣ мавҷуданд?
- Оё машрубот ва никотин ба ҷараёни ҳозима таъсири бад мерасонанд?
- Ҳангоми заҳролудшавии ғизоӣ чӣ хел ёрӣ расондан лозим аст?