Озодии виҷдон ва эътиқод
1.МАФҲУМИ “ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ЭЪТИҚОД”. Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Ҳар як давлати ҳозираи демократии ҳуқуқбунёд пеш аз ҳама озодии вичдонро таҳким бахшида, кафолат медиҳад.
Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии инсон буда, оэодии шахсият аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона баҳри худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.
Озодии виҷдон ҳуқуқи фитрии бунёдии инсон буда, озодии ӯро бахри интихоби ҷаҳонбинӣ пешбинӣ мекунад. Озодии виҷдон ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд мансуб буда, аз шаҳрвандӣ вобаста нест. Инсон ҳуқуқи худро ба озо ҷии виҷдон амалӣ гардонда, худро инсон эҳсос мекунад ва ҳаёташ маънӣ пайдо карда, мавқеи худро дар зиндагӣ муайян месозад. Ба ин тариқ, он яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон аст, ки амалӣ гардонданаш ба шукуфоии давлат, барқарории ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалишавии дигар ҳуқуқу озодиҳо таъсир мерасонад.
Мафҳуми “озодии виҷдон” аз рӯи маъно бо мафҳуми “озодии афкор” хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ истифода мешавад. Озодии афкор ва виҷдон ҳаҷман назар ба озодии эътиқод хеле васеъ аст, зеро аввалан, доштани аз ҷумла ақидаҳои атеистиро низ фаро гирифта, сониян, на танҳо ҷанбаи динӣ, балки ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти зеҳнӣ ва маънавии инсонро шомил месозад. Озодии афкор ва виҷдон ҳуқуқӣ мутлақи инсон буда, аз ҷониби давлат маҳдуд карда намешавад.
Атеист(эътикоди динӣ надошта) одамест, ки ба мавҷудияти хама гуна қувваҳои фавқултабиӣ бовар надорад.
Озодии эътиқод яке аз унсурҳои озодии виҷдон аст. Он ба дин муносибати бевосита дошта, дар ҳамин соҳа амалӣ мешавад.
Дин (аз лот. Reiigio — такводорӣ, муққаддас, предмети парастиш) ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонэҳсоскунӣ, ҳамчунин рафтору амалҳои ба онҳо мутобиқест (парастишест), ки ба боварӣ ба мавҷудияти қувваҳои фавкултабиӣ асос меёбад.
Озодии эътикод ҳуқуқи негативи буда, ҳимояи озодии дин аз ҷониби давлат таъмини гуногуннавъии диниро дар назар дорад. Давлат ҳуқуқ
дорад танҳо вақте дахолат кунад, ки қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи рафтор дар ҷомеа, қонунгузорин мамлакат вайрон карда мешаванд, ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хавф таҳцид мекунад.
Озодии эътиқод яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст, ки ҳуқуқи ба таври инфиродӣ ё якҷоя бо дигарон эътиқод овардан ба ҳар дин, озодона интихоб намудан, доштан ва паҳн кардани эътиқоди динӣ ва тибқи он амал карданро фаро мегирад.
Ба ин тариқ, озодии эътиқод инҳоро дар бар мегирад: 1) ҳуқуқи эътиқод овардан ба ҳар дин; 2) ҳуқуқи ба ҷо овардани расму оинҳои динӣ; 3) ҳуқуқи иваз кардани дин; 4) ҳуқуқи паҳн кардани иттилоот дар бораи таълимоти динӣ; 5) ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти динӣ; 6) ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти хайру эҳсонкорӣ; 7) ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти динии фарҳангӣ- маърифатй; 8) озодӣ аз табъиз бо асосҳои динӣ.
Агар Шумо дар хона намоз хондан хоҳед, касе ҳақ надорад, ки инро ба Шумо манъ кунад, ба шарте, ки амалҳои Шумо ҳуқуқҳои дигар аъзои оиларо маҳдуд на- созанд. Ё агар ҳа- маи хешовандони Шумо ва ҳамсояҳо- ятон рӯза гиранду Шумо инро наме- хоҳед ва руза наме- гиред, касе ҳақ на- дорад, ки Шуморо ба рӯзадорӣ маҷбур созад. Шумо ҳуқуқ доред, барои худ интихоб кунед, ки ба кадом дин эъти- қод меоред ва ё баръакс атеист бо- шед.
Эҳтиром ба ҳу- қуқҳои инсон ба озодии виҷдон ва эътиқод бо ҳақ баровардани ҳама гуна амалҳои динӣ ва ҷазодиҳӣ нисбат ба одамони алоҳида, ё ба ташкилотҳои динӣ номувофик аст. Чунончи, ҷавобгарии чи гражданӣ ва чи ҷиноятӣ наметавонад ба тамоми ташкилоти динӣ паҳн шавад, танҳо ба ин сабаб, ки як ё якчанд аъзои он ба ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят айбдор карда мешаванд.
Табъизи динӣ ҳама гуна фарқиятгузори, маҳдудсозӣ ё бартаридиҳии ба дин ё мазҳаб асосёфтаи ҳадафаш рад кардан ё кам сохтани эътироф ва имконияти амалисозӣ дар асоси принсипи баробарии ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инфиродӣ мебошад.
Фикр кунед ва мисолҳои ба Шумо маълуми табъизи диниро оред.
2.ОЗОДИИ ДИН, ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ ОН. Дар давоми асрҳо муносибатҳои байниҳамдигарии эътиқодмандон ва эътиқод надоштагон (чун намояндагони динҳои гуногун) басо мураккаб буд. Замонҳое буданд, ки эътиқодмандон барои муҳаббати худ ба Худованд дучори азобу уқубатҳо мешуданд. Аз ҷумла дар ин хусус ба хотир овардани такдири насрониёни аввалин дар Рими қадим кофист. Дар асрҳои миёна, дар замони бартарияти комили эътиқодмандй ҳоли онҳое, ки умуман ва ё ба андозаи зарурӣ эътиқод надоштанд, хароб буд. Дар Аврупо судҳои инкивизитсия бар хилофи аҳкоми маҳакии насронии “накуш” озодфикронро хеле “муваффақона” нобуд месохтанд. Нуҷумшинос ва риёзидони бузург Мирзо Улуғбек (солҳои 1394-1449) низ чун бисёр олимони он замон ба он сабаб, ки ба инкишофи чунин илмҳои дақиқ, чун нуҷумшиносӣ ва риёзӣ, мусоидат карда, мавқеи ҷойгиршавии ситораҳоро меомӯхт, таблисаи астрономй мураттаб сохта, дар як гӯшаи Самарқанд нахустин расадхонаи ҷаҳонро бунёд намуд, ба “бехудой” айбдор карда шуд. Ба андешаи рӯҳониён фақат Худованд қодир буд, ки ситораҳо ва кайҳонро омузад. Онҳо барои тозагии дин мубориза бурда, муваффақ шуданд, ки ба писари Улуғбек Абдулатиф таъсир расонанд ва ӯ барои куштани падараш розигӣ диҳад. Ҳамин тавр, Мирзо Улугбек соли 1449 аз дасти қотили зархарид Аббос кушта шуд.
Дар асри XX дар як қатор мамлакатҳои сотсиалистй ба дин зарбаи ҳалокатбор зада шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравй муносибати руҳониён бо Давлати Советӣ ба таври драмавӣ сурат гирифт. Аз Инқилоби Октябр вақти зиёде нагузашта, Декрет дар бораи ҷудо кардани калисо аз давлат ва мактаб аз калисо қабул шуд. Он ба эътиқодмандон ва атеистон ҳуқуқҳои баробар дод. Вале дар амал эътиқодмандон ва ходимони дин беш аз пеш дучори таъқиб, маҳдудсозиҳои ҳуқуқҳояшон мегардиданд, зеро идеологияи расмии Иттиҳоди Шӯравй ба атеизм асос ёфта буд. Дар даҳсолаҳои аввали мавҷудияти ИҶШС намояндагони ҳамаи конфессияҳои динӣ дучори таъқибу ҷазодиҳӣ гардида, бисёре аз онҳо несг карда шуданд. Ба таври оммавӣ вайрон кардану мурдорсозии калисоҳо, масҷидҳо, аҳром ва синагогҳо, ки бисёре аз онҳо ёдгориҳои таърихию меъморй буданд, шурӯъ ёфт. Одами ошкоро эътиқодманд аз ҷумла умеди иштирок кардан дар мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ, ишғол кардани вазифаҳои роҳбарикунандаро надошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯхониён ҳудро аз нигоҳи ватандӯстӣ нишон доданд ва таъқиби онҳо андак сусттар шуд. Вале дар солҳои 60-ум пӯшидашавӣ ва вайронсозии иншоотҳои динӣ характери харобиовар касб кард.
Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон асосҳои ҳуқуқии озодии виҷдон ва эътиқодро таҳким бахшиданд. Чунончи, тибқи моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар “ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ аз тағйири озодонаи дин ва эътиқод, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ чи бо тартиби инфиродӣ ва чи якҷоя бо дигарон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ дар гаълим гирифтан, ибодат намудан ва расму оинҳои динӣ ва маросимиро иҷро кардан иборат аст”.
Моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ мундариҷаи озодии виҷдон ва эътиқодро баён мекунад: “Ҳар кас ба озодии фикр, вичдон ва дин ҳақ дорад. Ин ҳуқуқ озодии доштан ё қабул кардани дин ё эътиқодро мувофиқи интихоб ва озодии ибодат кардан ба дину эътиқоди худ чи танҳо ва чи якҷоя бо дигар одамон, ба таври оммавӣ ё хусусӣ, интиколи дин, иҷрои расму оинҳо ва таълимоти динию маросимӣ фаро мегирад”. Мувофиқи санади мазкури байналмилалӣ-ҳуқуқӣ касе набояд дучори маҷбурсозие гардад, ки озодии ӯро нисбати доштан ё қабул кардани дин ва эътиқодмандӣ аз рӯи интихоби худ мекоҳонад.
Аз охири солҳои 80-ум вазъият дар соҳаи дин дар мамлакати мо рӯ ба беҳбудӣ овард. Ибодатхонаҳо барқарор мегарданд, ба эътиқодмандон баргардонда мешаванд, ҷамоаҳои нави динӣ ба миён меоянд. Ходимони дин имконияти ҳар чи бештари ба таври оммавӣ баён кардани фикри худ, иштирок кардан дар ҳаёти ҷамъиятӣ доранд. Ҷамъият ба дарки нуктае наздик мешавад, ки ҳуқуқ ба озодии виҷдон шарти ҷудонопазири мавҷудияти шоистаи инеон аст.
Дар Конститутсияи ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ озодии виҷдон ва эътиқод кафолат дода мешавад, ки музаффарияти муҳими мамлакат дар роҳи бунёди давлати Ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.
Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё (якҷоя бо дигарон дунёро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Моддаи 26-и Котститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мамлакати мо ҳар кас ҳак дорад муносибати худро ба дин мустакилона муайян намояд. Агар дар замони шӯравй соле ҳамагӣ 30 нафар ба ҳаҷ мерафта бошанд, ҳоло ҳамасола чунин имкониятро беш аз 2 ҳазор мусулмонони Тоҷикистон доранд.
Давлат ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ мегирад, ки дар асосҳои қонунӣ намояндагони як динро бо ашхоси пайрави эътиқоди дигар таъмин менамояд.
Қисми 4-и моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ давлатро вазифадор мекунад, ки “…озодии волидайн ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро дар бобати таъмини тарбияи динӣ ва ахлоқии фарзандон худ мутобиқи ақидаи худ эҳтиром мекунанд”. Дар айни замон аз волидон вобаста аст, ки кудакони онҳо чӣ гуна тарбият мегиранд — динӣ ё атеистӣ. Ҳангоми ҳалли масъалаи мазкур ба онҳо лозим меояд, ки масъулияту хирадмандии бузург зоҳир карда, ба мӯд, ҳаёҳуй дода нашаванд, ояндаи имконпазири кӯдакони худро равшан тасаввур намоянд.
3.МАҲДУДСОЗИИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ЭЪТИҚОД. Озодии омурзиш ба дин ва эътиқодро чун ҳуқуқу озодиҳои асосии дигар одамон барои нигаҳдории амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, тансиҳатию ахлоқ тибқи тартиботи муқарраршуда маҳдуд кардан мумкин аст. Яъне маҳдуд кардани озодии вичдон ва эътиқод, агар дар асоси қонун эътироф шавад, ки кадом як дине характери зидди инсондӯстона, барои саломатӣ, маънавият ва амнияти ҷамъиятӣ зараррасон дорад, мумкин аст. Ин ҷо сухан пеш аз ҳама дар бораи тариқатҳо ё сектаҳои (мисли “Аум-Сенрикё” ва ғайра) ба тариқи сунъӣ аз ҷониби васвосиҳо -мутаъаллимин таъсисёбанда, расму оинҳои одамонро таҳқиркунанда ва ғайра меравад.
Секта» (аз лот. Sесtа -таълимот, самт, мактаб) гурӯҳ ё ҷамоаи диннест, ки аз калисои ҳукмрон ҷудо шудааст.
Ин ҷо ҳамчунин созмонҳои майли экстремистй дошгаеро чун “Ҳизб- ут-таҳрир-ал-исломӣ” шомил сохтан мумкин аст, ки ислом барояшон фақат чун ниқоб, усули муваффақшавй ба ҳадафҳои “ифлосашон” аст. “Ҳизб-ут-таҳрир-ал-исломӣ” ҳизби экстремистии радикалии сиёсиест, ки кушиш дорад, бо роҳи ғасби ҳокимият ва маҳв сохтани одамони ба онҳо эътиқоднадошта дар тамоми ҷаҳон давлати исломӣ барпо намояд. Дар ин маврид ҷонибдорони ҳизби мазкур аз қафоравии архаистонаи хеш ба гузашта шарм намедоранд. Онҳо бо ғояи эҳёи чунин диндорие қаллобй мекунанд, ки озодии виҷдон, яъне дастовардҳои ҳозираи тамаддуни ҷаҳонӣ ва демократия, меъёрҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро намегузорад. Фаъолияти чунин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарасти, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсиони ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Моддаи 8-и Конститутсияи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои динӣ аз давлат чудо карда шудаанд ва наметавонанд, ки ба корҳои давлатӣ мудохила кунанд. Идеологияи ягон ҳизб, ягон дин ҳамчун давлатӣ эътироф карда намешавад.
Давлати дунявӣ тавсифи конститутсиони-Ҳуқуқии давлатест, ки маънии ҷудоии дин аз давлат, маҳдуд будани соҳаҳои фаъолияти онро дорад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1 характери дунявӣ доштани давлатро эълон карда, муқаррар намудани ягон динро ба сифати давлатӣ ё ҳатмӣ манъ мекунад. Холо дар мамлакати мо бисёр ҷомеаҳои динӣ фаъолият дошта, ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд ва ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои баробар доранд.
Ба хотир оред, ки истилоҳи «конфессия» чи маъни дорад? Ба андешаи — ‘ Шумо, дар қаламрави Тоҷикистон имруза чанд конфессия мавҷуд аст?
Моҳияти «давлати дунявӣ» манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҳамаи гуруҳҳои одамон- мусулмонон, насрониҳо ва на- мояндагони дигар динҳо, ҳам- чунин онҳоеро, ки эътиқоди динӣ надоранд, ифода мекунад. Дар фаҳмиши имруза моҳияти дун- явӣ маънии таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дорад, ки ба корҳои якдигар халал намерасонанд, ба ҳуқуқу вази- фаҳои якдигар даъвогар нестанд.
«Дунявӣ» маънии “зиддидинӣ” ё «зиддиатеистӣ» надорад. Давлати дунявӣ муқобилмаънои (антоними) мафҳуми «давлати исломӣ» нест. Қонунҳои Тоҷикистон озодии эътиқоди динӣ ва фаъолияти муассисаҳои диниро эътироф мекунанд. Дар ин фаҳмиш «моҳияти дунявӣ» эҳтирому ҳифзи «эътиқодҳои динӣ», ҷаҳондарккуниҳои гуногун ва ҳимояи онро аз рақибон» инъикос менамояд.
Ҳангоми муайянсозии мавқеи ислом ва ҳизбҳои динӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар гирифтани нуқтаҳои пешбиникардаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар хусуси он, ки ҳар як одам на танҳо ба озодии фикр, виҷдон ва эътиқод Ҳуқуқ дорад, балки табъиз низ дар заминаи динӣ раво нест, басо муҳим аст. Барои мамлакати мо, ки тӯли даҳсолҳои зиёд бехудосозии маҷбурии аҳолиро аз сар гузаронидааст, ҳанӯз иҷрои корҳои зиёде дар
пеш аст, то ки муносибатҳои динӣ моҳияти мувофиқ ба давлати мутамаддинро соҳиб шаванд.
Мафҳумҳои зерннро ба хотир гиред: озодии виҷдон, озодии эътиҳод, атеизм, дин, табъизи динӣ, давлати дунявӣ, конфессияҳои динӣ.
Савол ва супоришҳо:
1.Озодии виҷдон чист?
2.Шумо моҳияти озодии эътиҳодро чӣ гуна мефаҳмед?
3.Ба андешаи Шумо, чаро дар ИҶШС ин ҳадар зиёд иншоотҳои динӣ вайрон карда шуданд?
4.Фикр кунед, аз ҷониби волидон барои крдак интихоб гардидани тарбия ва таълими динӣ ва ҳуҳуҳи кудак ба озодии виҷдон чӣ тавр ба ҳам мувофиҳ меоянд?
5.Санадҳои байналмилалӣ-ҳуҳуҳии таҳкимбахшандаи озодии виҷдон ва эътиҳодро номбар кунед.
6.Шумо маънии моддаи 26-и Конститутсияи (Сарҳонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро чӣ гуна мефаҳмед?
7.Ба андешаи Шумо, оё маҳдудсозии озодии эътиқод раво аст? Ҷавоби худро бо далелҳо асоснок гардонед.
8.Давлати дунявӣ чист?