• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Организм ҳамчун як воҳиди том
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Организм ҳамчун як воҳиди том

64 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
08.02.2024

Организм ҳамчун як воҳиди том

Усулҳои танзими функсияҳои организм. Дар организми одам ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, аъзо ва системаи онҳо ҳамчун як чизи ягона ва бутун кор мекунанд. Кори онҳо бо ду роҳ: ҳуморалӣ (моддаҳои химиявӣ тавассути моеъи муҳити дохилии организм – хун, лимфа, моеъи байниҳуҷайра сурат мегирад) ва асабӣ танзим карда мешавад.

Моддаҳои кимиёвӣ ба ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва умуман дигар равандҳои организм таъсир расонида, кори онҳоро танзим менамоянд. Миқдори ками моддаҳо қобилияти баланди таъсиркунӣ доранд. Бинобар ин онҳоро моддаҳои фаъоли биологӣ меноманд, ки ҳуҷайраҳои махсуси организм аз худ ҷудо мекунанд. Ба ин узвҳо, пеш аз ҳама, ғадудҳои тарашшӯҳи (секретсия) дохилӣ тааллуқ доранд.

Аз ҷиҳати тарашшӯҳ онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ маҳсули худро ба ковокиҳои бадан хориҷ мекунанд. Ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ маҳсули худро фақат ба хун медиҳанд.

Расми 6. Ғадудҳои тарашщуҳи берунӣ

Ба ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ ғадудҳои луоби даҳон, ашкбарор, арақҷудокунанда, ҷигар ва ғадудҳои меъдаю рӯдаҳо дохил мешаванд (расми 6).

Танзими асабии вазифаҳо. Мағзи сар ва ҳароммағз тавассути торҳои асаб тамоми узвҳои организмро бо ҳам алоқаманд мекунанд. Системаи асаб ҳам ба монанди ҳормонҳо ба узвҳо таъсир расонида, корашонро тез ё суст мекунад. Бинобар мавҷудияти мағзи сар организм аз тағйирёбии шароити муҳит мунтазам бохабар мешавад, чунки байни мағзи сар ва тамоми узвҳо алоқамандии тарафайн мавҷуд аст.

Танзимкунандаҳои асабӣ ва ҳуморалӣ алоқамандии дутарафа ва кори бо ҳам мувофиқи системаи узвҳоро амалӣ мегардонанд. Аз ҳамин сабаб организм ҳамчун як чизи бутун (том) амал мекунад. Ин ду система пойдории муҳити дохилӣ ва устувории тамоми вазифаҳои организмро дар натиҷаи худтанзимкунӣ таъмин мекунанд. Худтанзимкунӣ гуфта, ҳолатеро меноманд, ки ҳар як дигаршавии таркиби муқаррарии муҳити дохилии организмро системаи асабӣ ва ҳуморалӣ ба ҳолати аввалааш бармегардонад. Мисол, дар вақти зиёд шудани миқдори қанд (глюкоза) дар хун системаи асабӣ ва ҳуморалӣ ба кор даромада, миқдори қандро кам мекунанд.

Саволҳо:

  1. Фаъолияти ба ҳам мувофиқи ҳуцайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва системаи онҳо бо чӣ таъмин мегардад?
  2. Танзими ҳуморалӣ чист?
  3. Фарқи байни ғадудҳои тарашшӯҳи берунӣ ва дохилӣ дар чист?
  4. Танзими асабӣ чист?
  5. Худтанзимкунӣ чист?

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов