Оқибатҳои коррупсия ва таъсири он ба амалишавии ҳуқуқҳои инсон
1.КОРРУПСИЯ ВА ПРОБЛЕМАҲОИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДӢ. Эътирофи баробарии хама ва роҳ надодан ба табъиз нисбат ба одамон аз руи ҳамаи асосхо меъёри мутамаддинӣ ва демократӣ будани ҳар як давлату ҷомеа аст.
Соҳибият ба афзалиятҳо ва бартариҳои ноадолатона дар мукоиса бо дигарон ҳангоми иҷрои функсияҳои давлатӣ, дастрасӣ ба хидмати давлатӣ ва неъматҳои ҷамъиятӣ, бемасъулиятй дар назди қонун ва суд. баробари дигарон ба ҷо наовардани вазифаҳо дар назди давлат сӯиистифода аз ҳокимият ба манфиатҳои шахсӣ мебошад. Бинобар ин проблемаҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандӣ ва коррупсия ба ҳамдигар чун ду тарафи ҳамон як зуҳурот муносибати рӯирост доранд.
Ҷомеаи ҳозира бисёр мисолҳои табъизи одамонро аз рӯи аломатҳои нажодӣ, миллӣ, этникй ва динӣ медонад, аммо таъмини барбарҳуқуқии шаҳрвандон, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ ва моликиятдорй, ҳанӯз чун масъалаи муҳим бокй мемонад. Чунончи, дар бисёр мамлакатҳои ИДМ аъзои парламент, депутатҳо ва судҳо дар ҳамаи дарачахо ашхоси дахлнопазиранд. Созмонҳои байналмилалӣ ин номгӯро нодурусту хеле
васеъ ва ба принснпҳои баробарии одамон дар назди қонун ва суд номувофиқ меҳисобанд.
Бо вуҷуди имконпазирии дастрасии қариб қамаи одамон ба адолати судӣ дар ҳолатҳои ҷудогона коррупсия ба баробарии шаҳрвандон дар назди суд, баррасии боадолатона ва бегаразонаи парвандаҳо дар суд монеъ мешавад.
Баробари таъмини баробарҳуқуқӣ дар самти таъмини баробарии ҳама ҳангоми амалисози) вазифаҳои конститутсионӣ иҷрои корҳои зиёде дар пешанд. Аз ҷониби ашхоси ыансабдор, мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳои шаклҳой моликияташон гуногун бобати риояи қонунҳо ва Ҳуқуқу оэодиҳон шаҳрвандон ба хатоҳои зиёд роҳ дода мешаванд.
Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи додани пора, додани ҳаргуна муҳлатҳои муваққатии ғайриқонунии даъват ба хизмат, ғайриқонунӣ озод кардан аз хизмати ҳарбӣ аз вайронкуниҳои коррупсионии баробарии вазифаи шаҳрвандон бобати ҳифзи Ватан далолат мекунанд. Коррупсия баробарии вазифаҳоро бобати андозситонӣ (саркашӣ аз пардохти андозҳо чи аз ҷониби худи шахсони мансабдор ва чи ба кӯмаки онҳо аз ҷониби дигар субъектҳои хоҷагидорӣ) низ вайрон месозад.
2.ОҚИБАТҲОИ СИЁСИИ КОРРУПСИЯ ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ. Коррупсия дар соҳаи сиёсат ба вайроншавии мувозинати байни рукнҳои ҳокимият оварда мерасонад, боварии халқро ба давлат коста мегардонад, дуршавии байни ҷомеа ва давлатро пурзӯр месозад, эаминаҳои ягонагии миллиро чун шакли давлат дар назди хатари беруна вайрон мекунад.
Ба хотир овардан кофист, ки дар асри VII, замони ба қаламрави Сосониёни Эрон ҳуҷум овардани арабҳо, аз 140 миллион аҳолии ин империяи пуриқтидор аксарашон ҷанговар буданд. Сарбозони араб ҳамагӣ 50-60 ҳазор нафар буданд, ки агар ҷанговарони эронӣ иродат ба муқовимати ҷиддӣ медоштанд, байни онҳо, бешак, гум шуда мерафтанд. Вале арабҳо галаба ба даст оварданд ва сабаби он нобаробарии даҳшатангез дар ҷомеаи эронӣ буд. Яъне ин ҷо мақом, афзалиятмандиҳо, дастрасӣ ба хидмат, таҳсил ва ҳатто вазъи амволии ҳар нафар танҳо аз баромади иҷтимоии (авлодии) ӯ вобастагӣ дошт.
Фикр кунед ва мисолҳои таърихии ба Шумо маълуми оқибатҳои коррупсияро барои сиёсати давлат оред.
Коррупсия обрӯи мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ резонда, хатари баркандагии иқтисодию сиёсии онро пурэӯр мегардонад. Дар кӯшишҳои аз нав ҷудо кардани соҳаҳои таъсиррасонӣ дар ҷаҳони имруза давлатҳои пуриқтидор бисёр вақт проблемаи коррупсияро ба сифати баҳона барои дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои ҷавон истифода мекунанд.
Коррупсия ба амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат, озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи истифода аз воситаҳои ахбор ва ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷумла вайронкуниҳои коррупсионии ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон метавонад дар вайрон кардани талаботи қонун бобати шаффофияти раванди интихобот, тартиби маблағгузории интихобот, истифодаи маблағҳои давлатӣ ва захираҳои маъмурӣ ба манфиати номзадҳо ё ҳизбҳои алоҳида, харида гирифтани овози интихобкунандагон, таҳрифи натиҷаҳои интихобот ва вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи интихобот ба манфиатҳои шахсӣ ё гуруҳӣ ифода гардад.
Коррупсия метавонад ҳамчунин ба амалисозии ҳуқуқи дастрасии баробар ба хизмати давлатӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Чунин баробариро фурӯхташавандагии ходимони алоҳидаи масъули қабулу ба вазифаҳои болоӣ тавсия кардани кадрҳо, «сарпарастӣ» аз ҷониби шахсони обрӯманд, хешутаборӣ ва ҷӯраю ошнобозй метавонанд вайрон кунанд.
Ҷомеаи пӯшида ва набудани ошкорбаёнӣ муҳитест, ки ба рушди коррупсия мусоидат мекунад, бинобар ин маҳдудсозии ғайриқонунии гуногунандешӣ, озодии сухан ва матбуотро метавон чун амалҳои зидди ошкорсозии коррупсия арзёбӣ кард.
Коррупсия дар роҳи амалисозии ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатии ҳокимият метавонад монеаҳои ҷиддӣ ба вуҷуд оварад. Ин монеаҳо дар дастнорасии шахсони мансабдор барои шаҳрвандон, пешгирии ба шахсони мансабдор расидани муроҷиатҳои хаттӣ, аз руи муроҷиатҳо қабул кардани қарорҳои беасосу ғайриқонунӣ, таъқиби шаҳрванд ба сабаби муроҷиати ӯ ба мақомоти давлатӣ ё дар муроҷиат мавҷуд будани танқид ва ғайра ифода мегарданд.
3.ТАЪСИРИ КОРРУПСИЯ БА ИҚТИСОДИЁТ ВА АМАЛИШАВИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИҚТИСОДӢ. Коррупсия дар роҳи пешрафти иқтисодии давлат ва баланд гардидани самаранокии институтҳои бозорӣ монеаи ҷиддист.
Коррупсия дар соҳаи иқтисодиёт:
1) ба саркашӣ аз иҷрои вазифаҳо оид ба пардохти андозҳо, пардохтҳои гумрукй ва дигар боҷҳо мусоидат мекунад, иқтисодиёти пасипардагиро вусъат бахшида, имкониятҳои буҷавии давлатро оид ба иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ суст мегардонад;
2) ҷаззобияти инвеститсионии иқтисодиётро барои маблағгузорони хориҷию ватанӣ кам месозад;
3) барои истифодаи бесамар, азхудкунӣ ва тороҷи кӯмакҳои техникии хориҷӣ ва башардӯстона, захираҳои миллии молиявӣ, аз ҷумла маблағҳои буҷетй заминаҳои мусоид фароҳам меорад;
4) ба иштироки ғайриқонунии ходимони давлатӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, монополиякунии бозор, маҳдудсозии рақобат, дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва нобаробарии шароитҳо барои бизнес (тиҷорат) мусоидат менамояд;
5)иқтидори иқтисодӣ, қобилияти мудофиавӣ ва истиқлолияти миллии давлатро суст мегардонад.
Мувофиқи ҳисобу китоби мумайизони (экспертҳои) институтҳои байналмилалии молиявй дар мамлакатҳои ИДМ иқтисодиёти пасипардагй то 70% иқтисодиёти расмиро ташкил дода, ҳаҷми пораҳои ҳар сол додашаванда баробари нисфи қисми даромади буҷети онҳост.
Коррупсия ба пурсамар амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касб ва ғайра халал мерасонад.
Вайронкориҳои коррупсионии ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ аз ғайриқонунӣ кашида гирифтани он, маҷбурсозӣ ба дасткашӣ (баъзан ба бепул додан) аз амвол ба манфиати мақомоти маҳаллии ҳокимият ё ашхоси дигар, халал расондан ё сохтани монеаҳои сунъӣ барои пурсамар истифода кардани моликият, дахолат ба раванди фаъолияти хоҷагидории мулкдорон иборат аст.
Вайрон кардани ҳуқуқ. ба меҳнат истифодаи меҳнат бе ба расмият даровардани қабул ба кор, маблағҳои музди меҳнат ба дигар мақсадҳо, напардохтан ё сари вақт пардохт накардани музди меҳнат, ба кормандони хоҷагиҳои коллективӣ напардохтани ҳиссаи онҳо аз даромадҳои умумии корхона ва ғайра мебошад.
Ҳуқуқи одамон ба истироҳат бо надодани танаффус ба кормандон барои истироҳат, рузҳои истироҳат, ҷалб кардани кормандон ба кор дар рӯзҳои ид, надодани рухсатиҳои ҳамасола ё иловагӣ, ё додани рухсатиҳои мӯҳлаташон назар ба муқаррароти қонун кам ва ғайра вайрон карда мешавад.
4.ҶАНБАҲОИ ИҶТИМОИИ КОРРУПСИЯ, ОҚИБАТҲОИ ОН БАРОИ АМАЛИСОЗИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИҶТИМОӢ.
Коррупсия маблағҳои зиёди моддию молиявиро аз ҳадафҳои рушди иҷтимоӣ дур месозад, бӯҳрони буҷетиро амиқ мегардонад ва дар давлат иҷрои барномаҳои иҷтимоиро душвор мекунад.
Ба хотир оред, ки моҳияти «давлати иҷтимои» аз чи иборат аст?
Мисолҳои таърихӣ аз моҳияти зиддииҷтимоии режимҳои тоинқилобй дар мамлакатҳои Осиёи Марказй, набудани ягон хел маблағгузории соҳаҳои маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ аз буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳанд. Чунончи, масалан, соли 1913 даромади аморати Бухоро тақрибан 30 млн.сӯми тиллоиро ташкил медод. Аз ин маблағҳо барои нигаҳдории армия (сарбозон) 1 млн.сӯм, нигаҳдории навкарон 100 ҳазор сӯм, инъомҳо ва ҳадяҳо ба амалдорони воломақом 1 млн.сӯм, хароҷоти дигар 100 ҳазор сӯм сарф мегардид. Ҳамаи маблағҳои боқимонда — беш аз 27 млн.сӯм барои нигаҳдорӣ ва таъмини ҳавою ҳавасҳои амир Олимхон сарф мешуд.
Дигар оқибати на камтар аз ин фалокатбори коррупсия дар соҳаи иҷтимоӣ метавонад тақсимоти ноодилонаи неъматҳои ҷамъиятӣ ба фоидаи гурӯҳи маҳдуд аз ҳисоби табақаҳои нисбатан камҳимояи аҳолӣ, пурзӯршавии ба табақаҳо ҷудошавӣ ва нобаробарии амволии аҳолӣ бошад.
Коррупсия ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, бешак, таъсири манфӣ мерасонад. Чунончи,. масалан, ришваситонии духтурон (ғайриқонунӣ пул гирифтани онҳо барои расонидани ёрии тиббӣ) ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани ёрии ройгону сифатноки тиббӣ вайрон мекунад.
Ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таъминоти иҷтимоӣ бо азхудкунӣ ё тороҷи маблағҳои нафақа, муддатҳои дароз напардохтани нафақа ва кӯмакпулиҳо, дигар амалҳои сӯиистифода аз ҷониби мақомоти ба соҳаи таъминоти иҷтимоӣ алоқаманд низ метавон вайрон кард.
5.КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН МОНЕА ДАР АМАЛИСОЗИИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ФАРҲАНГӢ. Коррупсия пешрафти илмӣ-техники, инкишофи санъату маорифро боздошта ва заминаҳои ахлоқию иродати ҷомеаро ба навшавии моддиву маънавӣ вайрон сохта, барои рушди фарҳангии ҷомеа ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ оқибатҳои басо ҳузнангез дорад.
Вайронсозиҳои коррупсионии ин ҳуқуқу озодиҳо метавонанд дар маҳдудшавии дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, талаву тороҷгарӣ ва ба хориҷа интиқол додани ин арзишҳо, сохтани нусхаҳои ғайриаслии асарҳои санъати тасвирй ифода ёбанд.
Ҳуқуқҳои муаллифӣ бо нашри китобҳо бе огоҳсозии муаллиф ва ба ӯ надодани ҳаққи қалам, азхуд кардани натиҷаҳои меҳнати каси дигар ва дуздӣ, ки баъзан бо истифодаи мансаби хидматӣ ба амал меоянд, вайрон карда мешаванд.
Навъҳои паҳншудаи коррупсия дар нашриётҳо чопи дигарбораи китобҳои симиёӣ ва қадимӣ, детективҳои тарҷумашудаи хориҷӣ бо вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва напардохтани ҳаққи қалам, пинҳон кардани даромадҳои изофа аз андозбандӣ бо роҳи чопи тиражҳои сабтнашуда ва ғайра мебошанд.
Вайронсозиҳои коррупсионии ҳуқуқ ба таҳсил ситондани маблағҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маблағҷамъкунӣ аз волидон бо ҳар гуна баҳонаҳо, ришваситонӣ ҳангоми қабули имтиҳонот ва санҷишҳо дар мактабҳои олӣ ва техникумҳо ва ғайра маҳсуб мешаванд. Ҳамаи инҳо вайронкунии ҷиддии ҳуқуқҳо ва озодиҳои фарҳангӣ мебошанд.
Савол ва супоришҳо
1. Вайрон кардани принсипҳои ба коррупсыя асосёфтаи баробарҳуқуқӣ дар чӣ ифода ёфта метавонад? ’ •
2.Коррупсия ба таъмини баробарии вазифаҳо чӣ таъсирс мерасонад?
3.Коррупсия дар соҳаи сиёсат чӣ оқибатҳо дошта метавонад? Коррупсия ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон чӣ тавр таъсир мерасонад?
4.Коррупсия барои иқтисодиёти давлат чӣ оқибатҳое меорад? Коррупсия ба амалиишвии ҳуқуқу озодиҳои иқтисодии одам ва шаҳрванд чӣ тавр таъсир мерасонад? •
5.Оқибатҳои асосии иҷтимоии коррупсияро номбар кунео. Шумо таъсири коррупсияро ба сатҳи ҳифозати ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
6.Оқибатҳои манфии коррупсия барои фарҳанги мамлакат чигунаанд? Ба андешаи Шумо, коррупсия ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ чӣ навъ метавонад таъсир расонад?