• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Маводҳои мактабӣ/Омилҳои бавуҷудоварандаи талаботу таклифот дар бозори меҳнат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Омилҳои бавуҷудоварандаи талаботу таклифот дар бозори меҳнат

74 нафар дид 1

Муаллиф: Донишхона
16.02.2024

Омилҳои бавуҷудоварандаи талаботу таклифот дар бозори меҳнат

Чуноне дар боло зикр намудем, сабаби ҳаракати одамон байни бо­ зори меҳнати соҳаҳои гуногун ва дар он ҷо тағйир ёфтани сатҳи музди меҳнат вазъи таъмини молҳо дар бозор мебошад, ки ин ё он корхона истеҳсол мекунад. Таносуби талабот ва таклифот дар бозори меҳнат, ки музди меҳнатро муайян менамояд, маҳз аз ҳамин вобастагӣ дорад.

Бинобар ин фарқият дар пардохт ва шароитҳои меҳнат байни шир­ катҳои муваффақ ва ширкатҳое, ки давраҳои душворро аз сар мегузаро­ нанд, унсури ҳатмии бозори меҳнат мебошад.

Вале агар музди меҳнат танҳо бо чунин тағйироти кӯтоҳмуддат дар вазъияти бозорӣ чен карда шавад, пас, дар ниҳояти кор дар ҳамаи соҳаҳо ва касбҳо дараҷаи он ба сабаби ҳаракати кадрҳо аз як корхона ба кор­ хонаи дигар аз пайи пардохти нисбатан баландтари меҳнат тахминан якранг хоҳад шуд.

Фарқият дар пардохти музди меҳнат ба панҷ омили асосӣ вобастагӣ дорад:

Мураккабии меҳнат. Вазифаҳои меҳнатӣ ҳар қадар мураккаб бо­ шанд, онҳоро ҳамон қадар бештар омӯхтан лозим аст. Барои он ки ода­ мон ба ин розӣ шаванд, кӯшишҳои иловагиашонро бо музди меҳнати нисбатан баландтар ҷуброн кардан зарур мебошад. Дар аксари мамла­ катҳои мутараққии ҷаҳон одамони соҳиби таҳсилоти олӣ, чун қоида, назар ба онҳое, ки корашон чунин таҳсилотро тақозо намекунад, музди меҳнати баландтар мегиранд ва ин қонунист, зеро одамони соҳиби таҳ­ силот ба бозор бо донишҳои мукаммал ва малакаҳои зиёд меоянд. Ин имконият медиҳад, ки онҳо барои кироягирандагон намудҳои нисба­ тан пурарзиши корро иҷро намояд. Онҳо барои ҳаҷми калони сармояи  инсонӣ, ки ба ихтиёри кироягирандагон вомегузоранд, пардохти бешта­ ре талаб мекунанд;

Вазнинии меҳнат. Баъзе коргарон назар ба муҳандисон музди меҳнати бештар мегиранд. Ин вобаста ба он аст, ки музди меҳнат бояд ба онҳо на танҳо ба кӯшишҳои омӯзиши ихтисос дода шавад, инчунин вазнинии зиёди корро дар баъзе намудҳои истеҳсолот ҷуброн намояд. Маҳз ба ҳамин сабаб музди меҳнати коргарони саноати металлургӣ ва химиявӣ, инчунин ангиштканон, одатан хеле баланд аст;

Маҳдудияти истеъдодҳо. Дар тамоми ҷаҳон маоши варзишгаро­ ни варзида, мусиқичиёни рок, сарояндагони номии опера, ситораҳои кино хеле баланд аст. Ҳар кадоме аз чунин одамон бо сабаби истеъдоди фавқулодаи табиӣ доштан дар бозори меҳнат чун «моли нодир» арзиш доранд. «Харидорон»­и чунин молҳо бошанд, хеле зиёданд. Ба таври ди­ гар гӯем, бо вуҷуди зиёд будани талабот, пешниҳоди чунин «молҳо» басо маҳдуд аст. Бо ин сабаб нархи чунин истеъдод, яъне пардохти меҳнати ӯ ҳам то хеле баланд аст;

Дараҷаи хавфнокӣ, ки иҷрои ин ё он кор ба он вобаста аст. Хавфи кори барои ҷамъият зарурӣ ҳар қадар баланд бошад, одамони барои иҷрои он розишуда ҳамон қадар музди меҳнати баландтарро барои он талаб мекунанд. Инро аз ҷумла дар пардохти меҳнати кормандони их­ тисосҳое, мисли ангишткан, ҳавонавард (лётчик) – озмоишгар, кайҳон­ навард, соҳибкорон ва мутахассисон оид ба амалиёти биржавӣ (масалан, бо коғазҳои қиматнок) мушоҳида кардан мумкин аст: ин ҷо яке бо сало­ матӣ ва ҳаёти худ таваккал мекунад, дигаре бо маблағҳои ҳангуфти пулӣ, ки ба миён гузошта шудааст;

Сиёсати иҷтимоии давлат. Агар механизмҳои иқтисодии мамла­ кат муътадил кор кунанд, бозори меҳнат бо фарқиятҳои зиёд дар сатҳи пардохти музди меҳнат барои одамони касбҳои оммавӣ роҳ намедиҳад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

1 Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  •  Мусобиқаи истеҳсолӣ дар давраи бунёди асосҳои ҷомеаи сотсиалистӣ
  • Хизмат ба Ватан-Модар шараф аст
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми таркибии хоҷагии ҷаҳонӣ
  • Зарурати гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ
  • Мафҳум ва моҳияти бозори асъор
  • Сабабҳои иқтисодии пайдоиши савдои байналхалқӣ. Содирот ва воридот
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов