Одоби суханварӣ ва баҳсу мунозира
Инсон ҳамеша бо атрофиён, бо падару модар, аҳли оила, наздикон, хешовандон, ҳамсоягон, муаллимону ҳамсин- фон, ҳаммактабҳо, дӯстону рафиқон, шиносу бегонагон дар муоширату муомила қарор дорад. Муоширату муомила ба воситаи сухан, саволу ҷавоб, баҳсу мунозира ва амсоли онҳо сурат мегирад.
Сухан воситаи муҳимтарини муносибат ва алоқаи байниҳамдигарии одамон мебошад. Суханварӣ маънии боодобона, тибқи талаботи фарҳангу маданияти сухан, бо риояи бомазмунӣ, дақиқӣ, равшании маънӣ, тозагии забон, ифода- нокӣ ва саҳеҳии фикр вобаста ба вазъият ва ҳадафи гузошта расонидани таъсир ба дигарон аст. Саволу ҷавоб – пурсиш аз дигарон оид ба ин ё он масъала ва ҷавоб додан ба пурси- ши шахсони дигар дар бораи ин ё он мавзӯъ, ҳамчунин, баҳ- су мунозира ба дигарон фаҳмонидани мавқеи худ ва исбот кардани дурустии фикри шахсӣ оид ба масъалаҳои мухта- лиф иҷрои талаботи суханвариро талаб мекунад. Аз ин рӯ, дар ҷомеа ба одоби сухану суханварӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Дар оила аввалин ҳарфу сухан гуфтанро модар ёд ме- диҳад, дар кӯдакистон мураб- биён сухани бачагонро такмил медиҳанд, дар мактаб аз иб- тидо то интиҳои таҳсил сухан гуфтан таълим дода мешавад. Маҳз ба шарофати чунин эъти- бору ғамхорӣ мо мунтазам су- хангӯию суханварӣ меомӯзем.
Барои хонанда зарур аст, ки сухандон бошад ва дар баробари ин ки бо забони адабӣ сухан мегӯяд, забонаш мантиқан дуруст бошад, бояд гуф- тораш низ ба талаботи ахлоқи писандида мувофиқ бошад.
Суханаш бомаънӣ ва зебо буда, дар он ҳурмату эҳтироми одамӣ риоя гардад.
Дар китобҳои пурқима- ту муътабари «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируд- дини Тӯсӣ, «Ахлоқи ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ, «Футув- ватномаи Султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Таҳзиб-ус-сиб- ён»-и Садриддин Айнӣ, асарҳои Абдуррауфи Фитрат, Мир- зо Абдулвоҳиди Мунзим ва ғайра ба таври махсус қоидаҳои одоби сухан баён ёфтаанд. Бисёр қоидаҳои одоби суханро адибону шоирони мутафаккир низ бо санъати баланди бадеӣ, зебову муассир ифода кардаанд. Онҳо ҳам маънии ахлоқӣ, ҳам мантиқӣ, ҳам зебоиписандӣ дошта, қадру қимати худро то ба имрӯз гум накардаанд. Зеро онҳо арзишҳои ҷовидонианд, ки бо андаке таҳрир барои толибилмони ҳикматдӯсти муосир низ хеле муфиданд. Аз ҷумла, баъзе талабот оид ба одоби сухан чунин аст:
- Суханро ба лутф, нармӣ бояд талаффуз кард, на ба дуруштиву дағалӣ ва овоз на паст ва на баланд, балки миё- на, боэътидол бошад;
- Ҳангоми сухан чеҳра бояд кушода ва шукуфон бо- шад, бо дасту абруву чашмон ҳаракатҳои зиёдатӣ нашояд ва ба чапу рост набояд нигарист;
- Сухани бисёр набояд гуфт, танҳо дар зарурат, муво- фиқи ҳолу фаҳмиши шунаванда ва бомаънию боманфиат бояд гуфт;
- Аввал фикру андеша, сипас сухани гуфтаниро дар хо- тир бояд барқарор сохт ва баъд ба забон овард;
- То напурсанд, сухан набояд гуфт, ё суханеро пурсанд, ки ба шумо дахл надорад, набояд ҷавоб гӯед;
- Дар миёни сухани касе сухан гуфтан нашояд ва сухани гӯяндаро набояд бурид ва агар касе ҳикояте кунад, вале на- фаре аз шунавандагон аз он воқиф аст, то гӯянда нақлашро тамом накунад, бояд ором истад, ҳамчунин, то он даме, ки гӯянда суханашро тамом накунад, дигаре ба ҷавоб набояд шурӯъ кунад;
- Шунидан аз гуфтан бояд ҳамеша бештар бошад.
- Дар гуфтор истифодаи калимаҳои зиёдатӣ, монанди «вай-вай», «сонӣ-сонӣ», «сонӣ баъд», «хӯш ки бошад», «ман ба Шумо гӯям», «чӣ буд», «чӣ-чӣ», «хуб-хуб» нашояд ва ғайра.
Мактаб боргоҳи илму маърифат, таълиму тарбия аст. Талабагон дар он ҳам суханварӣ меомӯзанд, ҳам асосҳои илмҳо ва ахлоқу одоби писандидаро аз бар мекунанд. Онҳо бояд илму амалро якҷоя фаро гиранд, ки ин шарти муҳимми ба даст овардани комёбиву пирӯзӣ дар зиндагӣ аст.
Саволу ҷавоб, баҳсу мунозира унсури муҳимтарини илм, дарсхонӣ, таҳсил, омилу воситаи эҷод, пайдоиши донишҳои нав, ҳақиқат аст. Ҳақиқат ҷавҳар, мақсаду ҳадафи илм аст. Бузургон аз таҷриба гуфтаанд, ки ҳақиқат ба туфайли баҳ- су мунозира тавлид мешавад. Дар раванди таҳсил пайваста аз муколама, баҳсу мунозира истифода мебаранд. Бинобар он донистани услубу одоби баҳс, оини мунозира хеле му- хим аст. Саволҳо кӯтоҳ, фаҳмо, мушаххас, ҷавобҳо низ бояд дақиқу фасеҳ бошанд. Дар раванди саволу ҷавоб одатан баҳсу мунозира сурат мегирад. Доир ба ин ё он мавзӯъ ва масъала ҷонибҳо ақидаҳои худро баён мекунанд. Ақидаҳо гуногун мешаванд. Ҳар яке нуқтаи назарашро бо далелу бурҳон исбот мекунад. Дар раванди он бояд шарти одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми ҳамдигари ҷонибҳо риоя гардад.
Саволу ҷавоб, баҳсу мунозира бояд бо муомилаи нар- му хуб сурат гирад. Чунончи, агар доир ба мавзӯи баҳс аз ҷонибе ақидаи нодуруст гуфта шавад, ҳариф набояд якбора бо суханҳои сахт «ақидаи Шумо нодуруст» гӯяд. Беҳтараш бо нармӣ гӯяд, ки ақидаатон баҳснок аст. Доир ба баёни ин ҳолатҳо усулҳои гуногун вуҷуд доранд: ман ҷонибдори фа- лон ақида ҳастам, зеро он назар ба дигар ақидаҳо эътимод- нок, ба ҳақиқат наздиктару асоси воқеӣ дорад ва монанди инҳо. Дар рафти баҳсу мунозира дағалӣ, таҳқир, расидан ба иззати нафс, суханҳои ношоиста нисбат ба шахсияти ҳариф норавост.
Дар китобхои пурқимати ахлоқии ниёгонамон ва ада- биёти муосир оид ба одоби саволу ҷавоб ва баҳс қоидаҳои махсус низ таъин шудаанд.
- Дар мунозира шарти инсоф нигоҳ бояд дошт;
- Хоҳ ба ҳак, хоҳ ба ботил асло ба аҳли маҷлис, хосса бо бузургон хилоф набояд варзид;
- Дар саволу ҷавоб ва мунозира тариқи лутфу хуширо риоя бояд кард;
- Суханҳои ниҳоят мураккаб ва дақиқ ба касе, ки фаҳ- ми ӯ ба он нарасад, набояд гуфт;
- Агар сухан мураккабу мушкил афтад, бо мисол онро равшан бояд гардонид;
- Мувофиқи фаҳму фаросоти ҳариф бояд мунозира кард;
- Бо касе, ки мунозира фоида надорад, аз баҳс худдорӣ бояд кард;
- Ақидаи ҳарифро то ба охир гӯш карда, сипас ҷавоб бояд гуфт;
- Агар касе ба ҷавоб машғул аст, вале дигаре метаво- над ҷавоби беҳтар диҳад, бо вуҷуди он сабр кунад, то он кас суханашро тамом кунад. Пас ҷавоби худро баён созад, вале гӯяндаи аввалро таъна назанад.
Ҳамчунин, дар хотир бояд нигаҳ дошт, ки ҳангоми су- ханронӣ, баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб риояи чунин шаклҳои ифодаи эҳтиром ҳатмӣ аст: 1) истифодаи калима ва ибораҳои ифодаи эҳтиром дар ҷою мавқеаш (ташаккур, марҳамат, намеарзад ва ғайра); 2) истифода аз ҳаракоте, ки эҳтиромро ифода мекунанд (даст ба рӯйи сина гузоштан, аз ҷой хестан ва ғайра).
Ҳамин тавр дар қоидаҳои одоби муошират, хосса одоби сухан ҳам доноӣ, ҳам зебоӣ ва ҳам одоби писандидаи инсон таҷассум меёбанд. Назаррас аст, ки дар кулли шарту оини муошират ва одоби гуфтор, мағз андар мағзи онҳо ҳурма- ту эҳтироми одамӣ, одамият, инсондӯстӣ ифода ёфтаанд, ки ҳадафи аслии илмҳои ахлоқу одоби муошират, зебоиши- носӣ, равоншиносӣ, педагогика ва умуман таълиму тарбия ба ҳисоб мераванд.
Маводди иловагӣ
- Аз Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Юсуф ибни Холиди Самтӣ
Вақте дар маҳфиле ширкат кардӣ ва дар он масоиле мат- раҳ шуд ва бар хилофи ақидаи ту дар он масоил назар дода шуд, фавран ба он мухолифат накун!
Агар аз ту дар бораи масоиле пурсида шуд, аввал ҳамон дидгоҳеро дар ин масъала баён кун, ки онҳо ба он ошноӣ доранд ва онро хуб мефаҳманд ва пас аз он назари худро дар бораи он матраҳ намо. Масалан, бигӯ, ки дар ин масъала назари дигаре ба ин тартиб вуҷуд дорад ва далелаш чунин аст. Вақте онҳо ба назароти ту гӯш кунанд ва ҳикмати баёни туро дарёбанд, мутмаин мегарданд, ки ту дар ҳақиқат, олим ҳастӣ ва ба ту арҷ мениҳанд.
- Намунаҳо аз ашъори адибони мутафаккир ва мақолҳои халқӣ.
Кам гӯю гузида гӯй чун дурр,
То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.
Низомии Ганҷавӣ
Надиҳад марди ҳушманд ҷавоб,
Магар он гаҳ, к-аз ӯ савол кунанд.
Носири Хусрав
Сухан к-андар ӯ суд не, ҷуз зиён, Набояд, ки ронда шавад бар забон.
Абӯшакури Балхӣ
Ҷавоби ҳар сухан андеша мекун, Сукунатро дар он дам пеша мекун.
Носири Хусрав
Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас,
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд: «Бас!»
СаъДии Шерозӣ
Агарчи пеши хирадманд хомӯшӣ адаб аст, Ба вақти маслиҳат он беҳ, ки дар сухан кӯшӣ.
Саъдии Шерозӣ
Андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам?!
Саъдии Шерозӣ
Бингар, ки чӣ мегӯяд, мангар, ки кӣ мегӯяд.
Халқ