Одоби муошират ва рафтор дар синфхонаву мактаб
Мактаб барои ҳар як фард бисёр азиз аст, зеро вай хонаи муътабари дувуми ӯст. Мактаб муассисаест, ки ҳар як инсон дар он ҳам таълим ва ҳам тарбия мегирад. Модар ба мо ҳарфи аввалин, сухан гуфтан ва қадам гузош танро ёд медиҳад. Мактабу муаллим навиштану хондан, дар роҳи маънавӣ қадам гузоштанро меомӯзанд. Падару модарон дар оила, мураббия дар кӯдакистон барои забони моро ташаккулу такмил додан, тасаввуроти одиро дар бораи аҳли хонавода, хешу ақрабо, одамон, табиат, кишвари азиз пайдо кардан, ёрӣ мерасонанд. Дар мактаб асосҳои илмҳои гуногун, донишҳои иҷтимоию табиӣ, зебоишиносӣ, ахлоқӣ, экологиро таълим медиҳанд, тарбияи ҷисмониву маънавии насли ҷавонро амалӣ мегардонанд.
Ба туфайли таълиму тарбияи устод мо асрори оламу одам, табиат, ҷомеаро дарк менамоем, Ватани азизамон Тоҷикистонро хубтар мешиносем. Мактаб, таълимгоҳ дар ҳаёти ҳар як инсон тақдирсоз аст. Ҳар як хонандае, ки илму адаб меомӯзад, ба ояндаи нек ва дурахшон ноил мешавад.
Хонанда, талаба кист? Хонанда касест, ки асосҳои илм, донишҳои иҷтимоию табиӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, экологиро омӯхта, ба ҳаёти мустақилона, барои хизмат ба модару падар, ба ватани азизи худ тайёр мешавад. Толибилм чӣ гуна метавонад бомуваффақият дар мактаб таҳсил кунад? Ба ин савол аз таҷрибаи бисёрасраи рӯзгор бузургон ҷавоб додаанд:
Толиби илмро адаб бояд, Боадаб саъй дар талаб бояд.
Яъне, хонанда, аввалан, бояд боадаб бошад. Қонуну қоидаҳои ахлоқи ҳамида, одоби муоширатро риоя кунад, боинтизом бошад, зеро ки ҳамаи ин восита ва омили муҳим- ми омӯхтани илму ҳунар аст.
Мактаб ихтирои бузурги хирад ва таҷрибаи тамаддуни инсонӣ дар роҳи таълими илму маърифат ва тарбияи маъ- навии насли наврас мебошад. Мактаб барои омӯзиши илму ҳунар ва парвариши одобу фазилатҳои писандида бағоят мувофиқу мусоид аст. Хонандагон дар мактаб тавассути таълиму тарбияи устоди худ бо ҳамсинфон дастаҷамъо- на таҳсил мекунанд, меомӯзанд, саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва баҳсу мунозира мекунанд. Онҳо аз ҳамдигар ибрат ва сабақ мегиранд, ба якдигар назар карда, кӯшишу ғайрат мекунанд, то ки аз ҳамдигар қафо намонанд. Дар ин раванд байни ҳамсинфон эҳсосу риштаҳои бародарӣ, рафоқату дӯстӣ пайдо мегарданд. Яке ба дигаре дар омӯзишу дарки мавзӯъҳо ёрӣ мерасонад, якҷоя бо варзишу тарбияи бадан машғул мешаванд, ки барои аз бар кардани илму ҳунар му- соидат мекунанд. Ин ҳама боиси инкишофи нутқ, тафаккур, такмили дониш, афзудани услубу одоб, худшиносӣ ва муо- ширати писандида мешавад.
Дар мактаб мақоми бузург ва нақши марказиро устод, муаллим ишғол мекунад. Омӯзгорӣ аз касбҳои қадим ва ниҳоят муътабар аст. Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташакку- ли ақлонии инсон, маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст.
Дар таълимоти ҷавонмардӣ роҷеъ ба мақоми баланди муаллим чунин омадааст: «Бидон ки ҳеҷ коре бе устод муяс- сар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад, бебунёд бошад:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест, Дар раҳи маъни рафиқе беҳтар аз устод нест.
Дар ин таълимот устодро барҳақ ба баҳру иксир низ мо- нанд кардаанд, ки қатраро ба гавҳар ва мисро ба зар табдил медиҳад:
Қатра ба баҳр ояду гавҳар шавад,
Мис чу ба иксир расад зар шавад.
Адиб ва мутафаккири асри ХУ Камолиддини Биноӣ мартабаи баланди устодро зикр карда, ҳуқуқи ӯро аз воли- дон боло гузоштааст. Ин адиб мефармояд, ки агар падару модар фарзандро ҷисман офаранд, муаллим тавассути таъ- лиму тарбия ӯро ба камоли маънавӣ расонида, умри ҷови- донӣ мебахшад:
Падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Дар китобҳо ҳамчунин, зикр шудааст, ки мартабаи му- аллим аз олим низ боло меистад. Зеро устод ба шогирдон, ғайр аз он , ки илму ҳикматро эҳдо мекунад, ҳидояткунан- даи хайру салоҳ, парварандаи фазилатҳои маънавии воло, одамият низ мебошад, ки онҳо дар маҷмӯъ бунёду ҷавҳари одамиро ташкил медиҳанд.
Хонанда бояд ба қадри муаллим, устод бирасад, иззату эҳтироми ӯро ба ҷо оварад, услубу одоб ва шартҳои шогир- диро риоя кунад. Тибқи ахлоқи миллӣ аввалин фазилате, ки шогирд бояд доро бошад, иродат аст. Маънии иродат ба суханони устод гӯш кардан – ҳарчи устод гӯяд, ба ҷон шуни- дану сидқан пазируфтан ва аз рӯйи он амал кардан мебошад. Дигар фазилат ба хидмат будан аст. Маънии хидмат тарки роҳат ва кашидани ранҷ, меҳнатдӯстист. Шарти шогирдӣ бошад, аз чор асос ё поя иборат аст. Аввалан, ба кору таҳ- сил мардона шурӯъ кардан. Дувум, бо сидқи тамом хидмат кардан. Севум, дилу забонро бо ҳам рост доштан. Чаҳорум, панд пазируфтан ва ҳарчи аз устод шунавад, ёд гирифтан.
Ахлоқи миллиамон – ҷавонмардӣ барои толибилмон, аз ҷумла, ҳашт қоидаи зерини шогирдиро таъйин кардааст:
- аввалан, чун устодро дид, дар ибтидо салом кардан;
- дувум, дар пеши устод кам сухан гуфтан;
- севум, сар дар пеш андохтан;
- чаҳорум, ба ҳар тараф бисёр нанигаристан;
- панҷум, агар саволе дошта бошад, аввал иҷозат тала- бидан;
- шашум, чун ҷавоб гӯяд, эътироз накардан;
- ҳафтум, дар пеши устод бо касе сухани саргӯшӣ накардан;
- ҳаштум, бо ҳурмати тамом нишасту бархост кардан.
Барои хонанда остонаву дару девори мактаб, синфхона, ашёи он, ҳамсабақону муаллимон, кормандони таълимгоҳ ба мисли хонаву аҳли хонавода азизу гиромӣ аст. Тоза- ву озодагӣ ва зебоии синфхонаву мактаб, муҳити солими маънавии таълимгоҳ ба тартибу интизом ва услубу одоби хонандагон вобаста аст. Бинобар ин хонандагон қоидаҳои дохилимактабӣ, шартҳои одоби муоширатро бояд риоя кунанд. Дар мактаб, ки боргоҳи илму адаб аст, дар дохи- ли бино, синфхона бояд оромии мутлақ, услубу одоби на- мунавӣ риоя гардад, зеро таҳсилу таълим, тарбия танҳо дар шароити оромӣ, муҳити солим метавонад сурат бигирад. Дар синф, дохили бино бо овози баланд сухан кардан, да- видану шӯхӣ ва мағал кардан нишонаи беодобии шахс аст.
Ба мисли он ки ҳамсинфон ҳамдигарро чун хоҳару баро- дар ҳурмат мекунанд, нисбат ба тамоми аҳли мактаб чунин муносибатро бояд риоя кард. Хусусан, бо талабагони синф- ҳои ибтидоӣ мушфиқу меҳрубон мебояд буд. Чун ба саволе ё илтимосе муроҷиат кунанд, ба онҳо бо таваҷҷуҳи махсус ҷавоб бояд дод ва дасти ёрӣ дароз кард.
Баъзан чунин ҳодиса ба назар мерасад, ки талабагони синфи боло нисбат ба хонандагони синфи поён, ё талаба- гон ба толибагон беҳурматӣ зоҳир мекунанд, онҳоро озор медиҳанд. Ҳамаи ин аз рӯйи одати миллӣ ва ахлоқи ҷавон- мардӣ нест. Тибқи ахлоқи ҷавонмардӣ нисбат ба хурдсолон мушфиқ, ба калонсолону духтарон баҳурмат бояд буд.
Мактаб ба мисоли як оилаи бузург аст. Ҳамаи аҳли мак- табро бояд эҳтиром кард. Чун ба таълимгоҳ меоем, сарфи назар аз ин ки вай кист, хоҳ сарвари мактаб, хоҳ муаллим, хоҳ посбон, хоҳ фаррош, хоҳ хоҷагидор, хоҳ талабаи синфи болоӣ ва ғайра ба онҳо аввал шуда салом бояд гуфт. Чеҳра бояд кушода ва шукуфон бошад, қатъи назар аз он ки баъ- зан табъамон нохуш, аз касе ранҷида ҳастем.
Падару модарон барои пурсиши хонишу давомоти фар- зандон ба мактаб меоянд, ки ҳангоми дучор омадан ба онҳо, албатта, салом бояд дод. Агар шахсе ба мактаб ояд ва утоқи сарвар, ҷонишини сарвар, ё муаллимеро пурсад, бо та- ваҷҷуҳу самимият ҷойи нишаст, қароргоҳи онҳоро лутфан бояд нишон дод.
Дар ҷашнҳои бузург ва маъракаҳо ба мактаб меҳмонҳо меоянд. Дар ин маврид расму оини меҳмоннавозиро мебояд ба таври шоиста ба ҷо овард. Нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи за- рурӣ зоҳир карда, дар даҳлези мактаб як сӯ истода, мебояд ба онҳо роҳ дод, салому алайк кард. Шарти қабулу гусели меҳмонро бояд риоя намуд. Оини истиқболи меҳмон ин аст, ки вайро одатан дар остонаи мактаб бо чеҳраи кушоду мам- нуният пешвоз мегиранд. Баъд ӯро ба дохили мактаб ворид ва то маҷлисгоҳ роҳбаладӣ карда, ба ҷойи беҳтарин, ё дар саҳна ё дар қатори пеши толор мешинонанд. Баъди хоти- маи маҷлис, ҳангоми рафтани меҳмон, ӯро бо кафкӯбӣ ва хурсандӣ гусел карда, то масофае аз бинои мактаб андаке дуртар бо меҳмоннавозиву арзи сипос ҳамроҳӣ мекунанд.
Хонанда баробари он ки дар синф бо муаллим ва ҳам- сабақон муоширати писандида дорад, дар муносибат ба тамоми аҳли мактаб низ чунин рафтори намунавиро бояд риоя кунад. Хусусан, дар даҳлези мактаб ҳангоми зангҳои даромад ва баромад, ки анбӯҳи хонандагон равуо мекунанд. Одатан дар ҷойҳои серодам риояи услубу одоб боз заруртар мебошад.
Дар даҳлези мактаб қоидаҳои зерини муоширатро бояд риоя кард:
– аввалан, аз тарафи рости даҳлез бояд роҳ рафт;
- ба атрофиён мутаваҷҷеҳ ва бодиққат будан зарур аст;
- давидан ва тез роҳ гаштан норавост;
- чун муаллим, сарварони мактаб ё калонсолон дучор оянд, худро як сӯ гирифта, салом бояд дод;
- касеро бо китф задан, пояшро зер кардан ё фишор овардан нашояд, агар тасодуфан чунин ҳодиса рӯй диҳад, албатта, бояд бахшиш пурсид;
- дар даҳлез об нӯшидан, ё хуришеро тановул кардан аз рӯйи одоб нест;
- баланд гап задан ё шӯхӣ кардан раво нест;
- касеро бо овози баланд ҷеғ задан нашояд;
- ба чапу рост бе зарурат набояд нигарист;
- баланд хандидан, мағал кардан норавост.
Одоби бо зина баромадан ва фуромаданро низ дар мак- таб ҳар як толибилм бояд бидонад ва риоя кунад, ки аз ҷум- ла инҳо мебошанд:
- аввалан, ҳангоми бо зина баромадан ва фуромадан на- бояд саросема шуд;
- аз касе пеш гузаштан, хусусан, аз муаллим ё калонсо- лон хуб нест, вале ҳангоми зарурат иҷозат пурсида, баъд ме- тавон пеш гузашт;
- ҳангоми дучор омадан бо пирони муҳтоҷ ба онҳо ал- батта, ёрӣ бояд расонд, агар ба боло бароянд як зина пеш гузашта, аз дасташон бояд гирифт, агар ба поён фуроянд як зина поён гузашта, дасти ёрӣ бояд дароз кард;
- ба хонандаи синфи поён дар баромадану фуромадан бо зина мутаваҷҷеҳ бояд шуд;
- хусусан, нисбат ба хонандае, ки норасоии ҷисмонӣ до- рад, албатта таваҷҷуҳ ва мададгорӣ бояд кард.
Ҳамчунин, дар хотир бояд нигаҳ дошт, ки дар ҳар як мактаб оиннома қабул шудааст, ки риоя кардан ва муто- биқи он амал кардан аз ҳар як корманд, муаллим ва хонанда талаб карда мешавад. Дар чунин қоидаҳо одоби муносибат ба ашёи мактаб ва гирду атрофи он низ ифода меёбад. Аз ин рӯ талабагон вазифадоранд, ки ба амволи мактаб бо эҳтиёт муносибат кунанд ва қоидаҳои тартиботи дохилии муасси- саро иҷро кунанд. Ба ин мақсад хонандагон бояд:
- Тозагиро дар мактаб ва ҳавлии мактаб риоя кунанд;
- Бинои мактаб, таҷҳизот ва амволро эҳтиёт намоянд;
- Нерӯйи барқ ва обро сарфакорона истифода кунанд;
- Ба натиҷаҳои кори дигарон бо эҳтиёт муносибат кар- да, дар рӯбучин кардани ҳуҷраҳои мактаб ҳангоми навбат- дорӣ дар синф ва мактаб ба қадри имкон ёрӣ расонанд;
- Тозагӣ ва тартибро дар ошхона, ҷойи либоскашӣ ва ҳоҷатхона риоя кунанд;
- Дар омодасозии мактаб ба соли нави таҳсил ба қадри имкон ширкат биварзанд;
- Ба саломатии худ ва саломатии атрофиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоянд.
Аз хотир набароред, ки ба талабагон дар мактаб мамнуъ аст: истифода бурдани ҳар гуна моддаҳое, ки боиси таркиш ва сӯхтор мегарданд; анҷом додани ҳар гуна амалҳое, ки бо- иси хатар барои атрофиён ва ҳаёту саломатии худ мешавад.
Ҳамин тариқ, мактаб, ки боргоҳи илму адаб ва ҳунару зебоист, дар баробари омӯхтани илму ахлоқ риояи қоидаҳои одоби муошират, қадршиносиву эҳтироми муаллимон – шахсиятхои воломақом ва муътабари ҷомеа ва тамоми аҳли мактаб, эҳтиёт кардани ашёи хониш барои ҳар як хонандаи боадаб воҷибу зарур мебошад.
Маводди иловагӣ
1) Иқтибос аз рисолаи «Тадбири манзил»-и Абӯалӣ ибни Сино
Беҳтар ин аст, ки аз фарзандони мардумони ҷалил, ки дорои ахлоқу одоб мебошанд, ки дар мадраса муҷтамеъ шуда, ба фаро гирифтани илму адаб ва ахлоқ бипардозанд. Ин кору тартиб чанд фоида дорад:
- Шогирдон ҳамеша бо нишоту ҳарис ба омӯхтани илму адаб ва ахлоқ мебошанд, гоҳе ба якдигар мубоҳот мекунанд ва гоҳе ба ҳоли ҳамдигар ғибта мехӯранд . Ва мавқеи иззати нафс водорашон мекунад, аз дигар шогирдон ақиб намонанд.
- Шогирдони муҷтамеъ бо якдигар сухан мегӯянд, ин сухан гуфтан сабаби рӯшноию фузунии ақлу фаҳмашон мешавад…
- Шогирдон бо якдигар рафиқ мешаванд ва ба ҳамдигар эҳтиром мекунанд ва мехоҳанд ба якдигар сабқат кунанд. Ҳа- маи инҳо асбоби мубоҳоту муҳокимот ва мусобиқа буда, мӯҷи- би таҳзиби ахлоқ ва таҳрики ҳимматҳо ва тамрини одоби хуб мебошанд.
2) Дар васфи муаллим
Дор адаби дарси муаллим нигоҳ, То нашавӣ таблаки таълимгоҳ.
АбДураҳмони Ҷомӣ
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Абулбақо Мӯсавӣ
Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод – бузургтар.
АҳмаДи Дониш
Ғибта хӯрдан – ҳавас кардан.
1.Чаро мактаб барои ҳама азизу муътабар аст?
- Дар бораи мақоми муаллим дар ҷомеа ва эҳтироми ӯ чӣ медонед?
- Шартҳои одоби шогирд нисбат ба муаллим кадомҳоанд?
- Дар даҳлези мактаб кадом одоби муоширатро бояд риоя кард?
- Дар зинаи мактаб бо пирон, хурдсолон ва маъюбон чӣ гуна бояд муносибат кард?
- Расму оинҳои муошират бо ҳамсинфон ва аҳли мактаб ка- домҳоанд?
- Волидони хонандагон ва меҳмононро дар мактаб чӣ гуна пазироӣ мебояд кард?
- Муҳимтарин қоидаҳои муносибат ба ашёи мактабро ном- бар кунед.
- Порчаҳо аз рисолаи «Тадбири манзил»-и Абӯалӣ ибни Синоро мутолиа карда, шарҳ диҳед, суханони бузургонро дар васфи устод аз ёд кунед.