• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Одоб ҳусн аст / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Одоб ҳусн аст / Иншо

1 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
30.08.2022

Мавзӯъ: Одоб ҳусн аст

Нақша:

Муқаддима

  1. Одоб ҳусн аст

Хулоса

Яке аз аломатҳои ҳусни инсон одоб аст. “Ҳусн ҳусн нест, одоб ҳусн аст”, – мегӯяд зарбулмасали халқӣ. Беҳуда нест, ки бузургони адабиёти классикӣ дар асарҳои худ ба масъалаи одобу ахлоқ диққати махсус додаанд. Бадриддини Ҳилолӣ гуфтааст, ки адаб феълу атвори касро зиннат медиҳад, ба дил осудагӣ меоварад ва зиндагиро осон мекунад, ҳусну камолоти одамро нишон медиҳад:

Адаб ороиши афъол бошад,

Адаб ороиши аҳвол бошад.

Фурӯғи зоҳир аз осоиши ӯст

Фароғи ботин аз осоиши ӯст.

Дар замони мо низ масъалаи одобу ахлоқи ҷавонон, масъалаи тарбияи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Олими рус М. И. Калинин гуфта буд: “Мафҳуми маданиятнокӣ хеле васеъ аст, аз шустушӯ сар карда то нукттаҳои охирини таффаккури инсониро дар бар мегирад”. Дар бобати одоб ман гуфтан мехоҳам, ки баъзан бо касоне во мехӯрем, ки соҳиб маълумот ҳастанд, аммо бе маданиятанд. Одамоне дучор мешаванд, ки ба дигарон айб монда гаштанро дӯст медоранд, кӯшиш мекунанд, ки дар атрофиёнашон, пеш аз ҳама айберо бинанду ёбанд. Дар ин хусус ба дигарон хабар додан ба онҳо касб шуда мондааст .

Инсоншиноси бузург Саъдии Шерозӣ бе сабаб таъкид накардааст, ки айби дигаронро ба назди ту омада мегӯяд бегумон айби туро назди дигарон мебарад :

Ҳар ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд,

Бегумон айби ту назди дигарон хоҳад бурд.

Яке аз зуҳуроти оддитарини бомаданият будани одам ҳалиму хушмуомилагии ӯ мебошад.

Ба нармӣ чу гардан ниҳад рӯзгор,

Дуруштию гармӣ наёяд ба кор.

Ба нармӣ барорад басе чиз мард,

Ки он бар наёяд ба ҷангу набард,

Гуфтааст; Абӯшакури Балхӣ .

Аз ин навиштаҳо ман ба хулосае меоям, ки одоб гавҳари ноёб аст, ки барои инсоният чун обу ҳаво зарур аст.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат