Обёри. Шаклҳои заминдорӣ
ёДар аморати Бухоро ва хонии Хӯқанд корҳои зиёди обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии водии Фарғона ба вуҷуд омаданд. Масалан, аз дарёи Норин ва Қарадарё шабакаҳои обёрӣ, аз ҷумла наҳри Янгиариқ канда шуд. Ба сабаби обёрии заминҳои беоб шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд. Яке аз чунин шаҳрҳо, ки бо қувваи асирони истаравшанӣ поягузорӣ шуд, Шаҳрихон мебошад.
Дар ҳавзаи Зарафшони аморати Бухоро низ корҳои обёрӣ анҷом ёфтанд. Дар давраи ҳукмронии амир Шоҳмурод (1785 – 1800) дар дарёи Зарафшон каналҳои Қазонариқ (дарозиаш 40 км, чуқуриаш 2 м.), ки заминҳои Ургутро обёрӣ мекард, Таймонариқ (24 км дарозӣ, чуқуриаш 1.6 м.), ки заминҳои тумани Шерозро обёрӣ мекард ва ғайра кофта шуданд. Илова бар инҳо, аз Оқдарё ва Қарадарё, ки шохобҳои Зарафшон мебошанд, наҳрҳо канда шуданд.
Дар ҳудуди Панҷакент наҳрҳои Ҷӯйи Хурмӣ (дарозиаш 4 км) ва Ҷӯйи Саразм (дарозиаш 3 км) заминҳои бисёреро обёрӣ гардониданд.
Шоҳмурод сохтмони шабакаҳои обёрикунандаро зери назорати худ гирифта, бо роҳи меҳнати маҷбурӣ деҳқононро ба ин кор сафарбар мекард. Барои анҷоми ин корҳо ӯ бо номи «қӯшпулӣ» андози махсусеро ҷорӣ кард. Дар ибтидо маблағҳои ба ин восита ҷамъовардаро барои кандани наҳрҳои нав истифода мебурданд ва баъдтар барои эҳтиёҷоти дигар низ сарф мекардагӣ шуданд.
Наҳру ҷӯйборҳоро на фақат ҳукумат, балки заминдорони калон ҳам месохтанд. Яке аз чунин шахсон муҳандиси бузурги соҳаи обёрӣ ва донишманди исломӣ Халифа Ҳасани Қаротегинӣ буд, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Рашту Конибодом ва Самарқанду Панҷакент ҷӯйборҳо канда, об бароварда, ободиҳо кардааст.
Заминҳои нави аз ҳисоби шахсони сарватманд сохташуда ба ихтиёри худи онҳо мегузашт. Онҳо меҳнати деҳқононро дар ин заминҳо истифода мебурданд. Барои кандан ва тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо мардуми гирду атрофро ба ҳашар ҷалб мекарданд.
Дар ин бора хатҳои рӯйи сангҳо гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, дар ҳудуди деҳаҳои Поршнев ва Шидзи ноҳияи Рӯшони Бадахшон дар рӯйи сангҳои солҳои 1758 чунин катиба сабт гаштаанд: «Умаршоҳи Назарбек дар кандани наҳр бисёр ранҷ кашидааст». Ё худ, аз навиштаҳои соли 1764 маълум мешавад, ки ҷӯйборро Шогадо писари Хоҷа Салмон кандааст, ки аз авлоди Носири Хусрав буд.
Дар қатори заминҳои обӣ киштзорҳои лалмӣ дар баландиҳо, нишебиҳо ва доманаҳои кӯҳҳо бисёр буданд.
Заминдорӣ ва шаклҳои он. Дар нимаи аввали асри XIX асосан, ҳамон шаклҳои пешинаи моликияти хусусии заминдорӣ – замини амлокӣ–заминҳои давлатӣ, милки ҳурри холис, заминҳои милкӣ, заминҳои вақф ва хироҷӣ ҳифз шуданд.
Заминҳои давлатиро «замини амлок» ё «замини подшоҳӣ» меномиданд. Заминҳои амлокӣ ё давлатиро харидану фурӯхтан, ба мерос мондан, ба гарав додан ва ё аз ин ҳисоб заминҳо додани заминҳои вақф иҷозат набуд. Заминҳои амлокӣ чун туҳфа барои хизмати муайян дода шуда, вале баъди вафоти соҳиби он, замин ба ихтиёри давлат баргардонида мешуд. Заминҳои амлокӣ мусодира намешуданд. Онҳоро деҳқонон кишт карда, барои истифодаи замин ба хазина андоз медоданд.
Заминҳо, ки давлат аз онҳо ҳеҷ гуна андоз намегирифт, замини милки ҳурр ё милки ҳурри холис ном доштанд. Аз чунин заминҳо асосан сайидҳо, ки худро ба авлоди пайғамбари ислом Муҳаммад (с) нисбат медоданд ва дигар рӯҳониёни бонуфуз истифода мекарданд. Заминҳои милки ҳурр асосан дар ҷойҳои беҳтарин ҷойгир шуда, ҳамеша аз об таъмин буданд ва ҳосили хуб медоданд. Ин заминҳоро кишоварзон, ки онҳоро коранда меномиданд, ба ивази қисми муайяни ҳосил ба иҷора мегирифтанд. Дар ин давр чунин заминҳо дар қисмати шимоли Тоҷикистон ва водии Ҳисор хеле зиёд буданд.
Заминҳои милкӣ аз тарафи амир ба соҳиби он ба подоши хидматҳояш ба таври доимӣ бахшида шуда, бо иваз шудани ҳоким ба номи соҳибаш аз нав санад тайёр мекарданд ва ё санади пешинаи заминро бо муҳри ҳокими нав тасдиқ менамуданд.
Дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар аморати Бухоро бо сабаби пурзӯр шудани нуфуси рӯҳониён замини вақф бисёр шуд, ки он 24 дарсади замини киштро ташкил медод. Деҳқонони дар замини вақф кишткунанда бештар ба мутаваллиҳо вобаста буданд. Кишт кардани чунин заминҳо барои деҳқонон кори пурмашаққат буд, зеро онҳо дар заминҳои вақф тамоми сол аз субҳ то шом кор карда, ба ивази заҳмати худ танҳо аз чор ва ё панҷ ҳиссаи ҳосилро мегирифтанд.
Дар атрофи Панҷакент ва деҳаи Киштут то ду ҳазор таноб заминҳои вақф буд. 70 деҳаи заминҳои Истаравшан заминҳои вақф доштанд, ки 10000 таноб заминро ташкил медоданд.
Заминҳои вақф дар ин замон ба се навъ тақсим мешуданд:
1.Заминҳои вақф, ки даромади он ба манфиати муассисаи динӣ:–хонақоҳ, мазору масҷидҳо ё мактабу мадрасаҳо сарф карда мешуд.
2.Заминҳои вақф, ки фоидаи он ба нафъи ҷамъият – сохтмон ё таъмири роҳ, кӯпрукҳо ва ғайраҳо харҷ мегашт. Ин навъи вақфро вақфи омма меномиданд.
3.Заминҳое, ки мутаваллии он аз авлоди вақфкунанда таъмин мешуд. Ин навъи вақф ба манфиати меросхӯрон буда, «вақфи авлодӣ» номида мешуд.
Ба масҷиду мадрасаҳои Самарқанд 51 991 таноб замин вақф шуда буд. Дар ҳудуди Панҷакент (деҳаҳои Хурмӣ ва Ёрӣ) дар нимаи аввали асри XIX калонтарин соҳиби вақфи авлодӣ Халифа Ҳасани Қаротегинӣ буд, ки зиёда аз ҳазор таноб замин, якчанд осиёбу наҳрҳоро дар ихтиёр дошт.
Панҷакент. Мақбараи Халифа Ҳасан.
Усули ба танхоҳ додани замин аз оғози ҳукмронии сулолаи Манғитиён ба таври васеъ ҷорӣ гардид. Замини танхоҳ ин тариқи ба шахсони ҷудогона инъом намудани қитъаи замини як ва ё якчанд деҳ ва ҳатто вилояти тамом аст, ки даромади он комилан дар ихтиёри танхоҳдор буд. Баъзан соҳиби танхоҳ илова бар он ки аз замини танхоҳ фоида ба даст меовард, музде ба маблағи муайян низ аз хазинаи амир дарёфт менамуд.
Аксар вақт минтақаҳои начандон калон ба тариқи танхоҳ ба шахсони гуногуни соҳибмансаб, аз ҷумла ба сипоҳиён инъом карда мешуданд. Дар чаҳоряки аввали асри XIX миқдори танхоҳдорон фақат дар аморати Бухоро то 36 ҳазор нафар расида буд. Агар танхоҳдор ба ҷойи дигар мекӯчид, заминаш ба танхоҳгири нав дода мешуд. Андози замини ба сифати танхоҳ додашуда ба рутбаи шахс вобаста буд; соҳибони рутбаи пойинтари ҳарбӣ аз 1 то 5 гектар замин мегирифтанд. Шахсони олирубта аз қабили саркардаҳо як деҳаи тамомро бо садҳо гектар замин, осиёб ва дигар дороиҳояшон ба даст меоварданд. Агар писар ба мансаби падар таъйин шавад, ба танхоҳӣ ӯ низ соҳиб мешуд.
Дар мулкҳои кӯҳистон – Қаротегину Дарвоз танхоҳ дорои хусусиятҳои ба худ хосе буд. Дар ин ҷо на замин, балки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба танхоҳ дода мешуданд. Онҳо ҳар сол ба ҳиссаи маълуми ҳосили деҳқонӣ соҳиб гардида, дар айни замон, аҳолии деҳаҳои зердасти худро ба корҳои хоҷагии шахсии худ низ ҷалб менамуданд. Аз ҳамин сабаб барои деҳқононе, ки хоҷагиашон ба танхоҳӣ гузаштааст, рӯзҳои сахт пеш меомаданд. Танхоҳхӯрҳо деҳқононро ғайр аз корҳои кишоварзӣ боз дар дигар корҳои гуногун ба манфиати худ истифода мебурданд. Хулоса, танхоҳ ба ивази мавоҷиби пулӣ ва ғалла дода мешуд, ки аз он фоидаи бузурге ба даст медароварданд.
Заминҳое, ки барои истифодаи онҳо андози замин – хироҷ ва ушр медоданд, заминҳои хироҷӣ ном доштанд. Қисми зиёди ин навъ заминҳо лалмӣ буда, ҳосилашон ба боду ҳаво вобаста буд. Дар миёнаҳои асри XIX дар музофоти Хуҷанду Истаравшан 82300 таноб замини хироҷӣ буд. Соҳибони чунин заминҳо ба хазинаи ҳокимон даромади зиёд меоварданд.
Ба ғайр аз заминҳои номбаршуда, заминҳои истифодашавандаи ҷамъиятӣ низ буданд. Онҳо бештар дар дашту биёбонҳо, дар маҳалҳои зимистонгузаронии кӯчманчиён ва дар доманакӯҳҳо воқеъ буданд. Марғзор ва чарогоҳҳо дар баъзе ноҳияҳо умумӣ ҳисоб меёфтанд. Чарогоҳи умумии дар водии Ромит воқеъбуда «замини мирӣ» ном дошт. Дар Мастчоҳу Фалғар чарогоҳҳо моликияти ҷамъиятӣ ҳисоб меёфтанд. Онҳо аз замонҳои қадим байни деҳаҳо ё якчанд деҳа тақсим шуда буданд.
Дар минтақаҳои дашт ё худ дар доманакӯҳҳо (масалан, дар водии Ҳисор) аксар вақт заминҳои лалмӣ заминҳои умумӣ ҳисоб меёфтанд. Ин заминҳо баъд аз кишт шудан аз тарафи деҳқонон ба қатори заминҳо хироҷӣ дохил мешуданд ва аз ҳамин ҳисоб ба давлат андоз месупориданд. Ҷангалҳои кӯҳӣ низ дар баъзе ноҳияҳо умумӣ ҳисоб меёфтанд.
Дар хариду фурӯши замин ҳеҷ гуна маҳдудият набуд ва танҳо фурӯшандаву харидор мебоист қоидаҳои шариатро риоя кунад. Хариду фурӯш дар назди қозӣ расмият мегирифт. Нархи замин ба ҳосилнокии он, обёрӣ шуданаш, масофаи роҳ то деҳа ё то шаҳр вобастагӣ дошт. Токзорҳо ва боғот назар ба замини кишт нархи баланд доштанд. Дар баъзе музофотҳои камоб (масалан, дар Истаравшан) об ҳам манбаи хариду фурӯш буда, нархи он аз нархи замини кишт болотар меистод.
Сарчашма:
Бар асари ҳодисаҳо баъзе вақфномаҳо аз байн мераванд ва амир Шоҳмурод дастур медиҳад санадҳои онҳоро аз нав барқарор кунанд. Дар ин хусус Аҳмади Дониш менависад: «(Амир Шоҳмурод) ба масҷидҳо имому муаззин ва ба хонақоҳ машоих ва ба мадрасаҳо мударрис насб намуд, авқофи (вақфҳои) ботилшударо ҷорӣ карду сиҷҷилот (дафтарҳо)-и онро таҷдид фармуд».
Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. Душанбе, 2010, саҳ.26.
Савол ва супориш:
1) Кадом шабакаҳои обёрӣ сохта шуданд?
2) Шаклҳои заминдории ин даврро номбар кунед?
3) Дар аморати Бухоро чанд дарсади заминҳоро заминҳои вақф ташкил мекард?
4) Заминҳои танхоҳ чӣ гуна заминҳо буданд?
5) Аз кадом заминҳо мардум ройгон истифода мекард?
6) Кадом навъи заминро харидану фурӯхтан, ба мерос мондан ва ба гарав додан иҷозат набуд?