• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Фаъолони тоҷик/Нусратулло Махсум
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Нусратулло Махсум

138 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
14.01.2024

Нусратулло Махсум (1 июл 1881, Чашмаи Қозӣ, Ғарм, Бекигарии Қаротегин, Аморати Бухоро — 1 ноябр 1937, Маскав) — яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон,

Зиндагинома

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ – демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.

1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба плангирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд. Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Нусратулло Махсум : Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Файзулло Хочаев, Абдулло Раҳимбоев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

Ҷоизаҳо

Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени “Байрақи Сурх”, мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.

Оила

Фарзандони Нусратулло Махсум: Хайринисо, Файзиниссо, Мунавваршо, Анваршо, Хосиятмоҳ, Акбаршо, Музаффаршо

Қаҳрамони Тоҷикистон

27 июни соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 1773 ба Нусратулло Махсум унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Tags:Нусратулло Махсум

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Исмоили Сомонӣ
  • Камоли Хуҷандӣ
  • Мирсаид Миршакар
  • Чинор Имомов
  • Нурулло Алиев
  • Ҳомидҷон Зоҳидов
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов