Низоми мақсадҳои сиёсати иқтисодӣ
Сиёсати иқтисодӣ раванди амалигардонии мақсадҳои муайянро дар назар дорад. Ошкор аст, ки дар ҷараёни инкишофи ҷамъият ҳал наму дани мақсадҳои зиёд зарур аст. Барои дарки пурра, ишоракунӣ ва иҷрои дуруст тасаввуроти аниқи тамоми сохтори вазифаҳои ҷамъият талаб карда мешавад.
Мақсади асосии сиёсати иқтисодӣ дар дастрас гардондани не куаҳволии ҳадди аксари тамоми ҷамъият ифода меёбад. Лекин таҷриба нишон дод, ки то кадом андоза ин мафҳум аз нуқтаи назари илмӣ мурак каб аст. Сабаб дар он аст, ки оид ба некуаҳволӣ сухан ронда, миқдоран муайян кардани он душвор аст. Бинобар ҳамин дар ин ҷо оид ба низоми мақсадҳои асосии сиёсати иқтисодӣ сухан рондан дуруст аст.
Мақсадҳои асосии сиёсати иқтисодӣ:
Рушди босуботи иқтисодӣ ҳангоми нархҳои муътадил. Кӯшиш ба рушди иқтисодӣ ба кӯшиши инсоният барои инкишофёбӣ ва мақса ди асосии танзими давлатии иқтисодиёт, яъне барои нигоҳдорӣ ва му стаҳкамгардонии сохтори мавҷудбуда мувофиқат мекунанд. Танҳо дар шароити рушди иқтисодӣ шуғли муътадил, афзоиши сатҳи зиндагонӣ, инкишофи инфрасохтор, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ, таъмини шароитҳои мусоид барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёт имконпа зир аст. Лекин рушди иқтисодӣ бе ба эътибор нагирифтани оқибатҳои манфӣ хатарнок аст. Бинобар ҳамин яке аз вазифаҳои амиқи сиёсати иқ тисодии давлат муайян кардани суръати имконпазир ва дархостшаван даи рушд ҳамчун мақсади барномавии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Рушди иқтисодии муътадил суръати устувори афзоиш дар ҳола ти нархҳои муътадил мебошад. Муътадилии нархҳо ҳаммаънои тағйир нопазирии онҳо нест. Мақсади танзими давлатии иқтисодиёт дар соҳаи нархҳо муътадилии нисбӣ мебошад. Барои ин муайян намудани ҳуду дҳои имконпазири афзоиши нархҳо ва назорат аз болои омилҳое, ки сатҳи онҳоро муайян мекунанд, заруранд.
Дастгирии шуғл, пеш аз ҳама, мавҷудияти бекориро дар ҳудудҳои имконпазир дар назар дорад. Воситаи асосии мубориза бо бекорӣ ҳава смандгардонии рушди иқтисодӣ мебошад. Дар маҷмӯи фишангҳои си ёсати иқтисодии давлатӣ, бо мақсадҳои афзоишдиҳии шуғл, як қатор чораҳои намунавӣ, ба монанди ташкили корҳои ҷамъиятӣ, аз бозомӯзӣ гузаронидани бекорон, кумак барои муҳоҷират ба минтақаҳои дигар, ра вона сохтани коргарон ба хориҷа ва ғайраҳо дар назар дошта мешавад.
Мукаммалгардонии сохтори хоҷагидорӣ. Мукаммалгардонии секторӣ, соҳавӣ ва минтақавии сохтори иқтисодиёт бо воситаи баланд намудани зудҳаракатии омилҳои истеҳсолот амалӣ мегардад.
Дастгирӣ намудани рақобат. Сиёсати иқтисодии давлатӣ оид ба дастгирии рақобат танҳо дар ҳолати мавҷудияти чунин заминаҳо им конпазир аст: фаъолияти озодонаи соҳибкорон, ки қонунан кафолат дода шуда, дар амал истифода мешавад; озодии созишномабандӣ; шаффофия- ти бозор; озодона воридшавӣ ба бозор; тайёрии аҳолӣ барои машғул шу- дан ба фаъолияти соҳибкорӣ.
Тақсимоти баробари даромад ва моликият. Мутамарказонии афзоишёбандаи моликият ва даромад, ҷудошавӣ байни сарватмандон ва камбизоатон, дар қисми муайяни аҳолӣ нисбат ба низоми мавҷуда нобовариро ба миён оварда, ҳолати иҷтимоиро шиддатнок мегардонад. Баробари ин, сиёсати иқтисодии давлат мақсади худро дар тақсимоти баробари даромадҳо ва моликият мебинад.
Барои ноилгардӣ ба ин мақсад чунин фишангҳо истифода мешаванд:
дастгирии давлатии пасандозҳои шахсони бо киро коркунанда; истифо- даи қисми музди меҳнат ба мақсади сармоягузорӣ; иштироки коргарони корхона дар тақсимоти фоидаи он; барориши саҳмияҳои халқӣ барои объ- ектҳои давлатии хусусигардонидашаванда.
Мувозинатии берунииқтисодӣ ҳамчун мақсади сиёсати иқти содии давлат. Мувозинати берунииқтисодӣ танҳо бо механизмҳои бо зорӣ таъмин нагардида, танзими доимии давлатиро талаб мекунад.
Мақсадҳои танзими берунииқтисодӣ бо ҳамзистӣ бо фишангҳо ва механизмҳои амалигардонии онҳо, ки барои инкишофи алоқаҳои бе рунииқтисодӣ равона карда шудаанд, самти сиёсати берунииқтисодии давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Унсурҳои таркибии сиёсати берунииқтисо дӣ сиёсати савдои беруна, сиёсати баланд намудани самаранокии фаъ олияти берунииқтисодии ғайритиҷоратӣ ва инкишофи ҳамкориҳои иқтисодии дарозмуддат ба ҳисоб мераванд.
Ихтилофи «шуғл ва нархҳо». Чи қадаре ки сатҳи шуғли аҳолии қобили меҳнатдошта баланд шавад, ҳамон қадар сатҳи музди меҳнати маҷмӯи қувваи корӣ ва мувофиқан ҳаҷми маҷмӯи талабот баланд меша ванд. Дар натиҷа нархҳо ногузир баланд мешаванд. Истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳо низ афзоиш меёбанд. Дар зинаи рушди иқтисодӣ (ҳангоми зиёдшавии шуғл) суръати афзоиши музди меҳнат аз суръати ҳосилнокии он зиёдтар шуда метавонад. Ин ҳолат бо он алоқаманд аст, ки дар зинаи рушди иқтисодӣ иттифоқҳои касаба фишори худро ба иттифоқҳои кор диҳандагон пурзӯр намуда, баланд намудани меъёри афзоиши ҳармоҳи наи музди меҳнатро талаб мекунанд. Иттифоқҳои соҳибкорон ба тала бҳои коргарон дар давраҳои пастравӣ ва ретсессия итоат накарда, дар ҳолати номбурда талаби онҳоро қонеъ мегардонанд.
Дар навбати худ шиддатёбии таваррум пастравии вазъиятии ис теҳсолотро ба миён оварда, ба камшавии шуғл сабаб шуда метавонад. 118
Мувофиқан, сиёсати иқтисодиро барои зиёд намудани шуғл равона сох та, ҳатман бояд арзиши ин амал, яъне шиддатёбии таваррумро дар назар дошт. Ҳангоми қабули қарор бояд муайян намуд, ки кадом вазифа дар худ хатари иҷтимоӣ – иқтисодиро ифода мекунад.