Низоми пули ва ташкили муомилоти пули
Моддаи 63. Низоми пулӣ
Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 64. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ
1. Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳукуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65. Тавсифи пули миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.
Моддаи 66. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он
1. Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигоҳдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
3. Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва ба ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
5. Агар ороиши пулҳои ивазшаванда ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошад, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.
Моддаи 67. Таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳангоми пайдо шудани талаботи иқтисодиёт ба пул онро бо нишонаҳои пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи худ таъмин намояд.
Моддаи 68. Аз муомилот баровардани нишонаҳои пулӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, ба ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғазӣ ва тангаҳо барорад.
2. Баъди ба охир расидани давраи ивазкунӣ, ки ба гирифтани пулҳои коғазӣ ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғазӣ ва тангаҳо иваз намудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот баровардашуда дигар воситаҳои пардохтӣ буда наметавонанд.
БОБИ 9. ҲИСОБОТДИҲӢ ВА НАЗОРАТИ МУҲОСИБӢ
Моддаи 69. Соли молиявӣ
Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
Моддаи 70. Ҳисоботи солона
Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:
— ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён, ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя ва ҳисоботи зарурии дигар;
— усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани ҳисоботи молиявӣ аз он истифода намудааст;
— шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, арзёбии вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 71. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
1. Пешбурд ва тартиб додани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ анҷом дода мешаванд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳи ҳисоботӣ, ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рӯзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд.
Моддаи 72. ӯҳдадориҳои шартӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ӯҳдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро ӯҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудаанд) ташкил медиҳанд.
2. Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар:
— маблағи ӯҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софи он зиёд бошад;
— маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарӣ талаб карда нашуда бошад.
3. Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зарурати баррасии мукаммали ӯҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 73. Пешниҳод ва нашри ҳисобот
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 30 июн ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.
БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 74. Сохтор ва мақомоти идоракунӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ ва шӯъбаҳои минтақавӣ иборат аст.
2. Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиалӣ буда, самтҳои асосии фаъолият, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян ва амалӣ шудани онҳоро назорат мекунад.
3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, се нафар муовинони ӯ ва се нафар аъзои мустақил, ки бо пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, иборат мебошад.
4. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешавад.
5. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои Раёсат бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ бошанд, доғи судӣ надошта, ба ташкилотҳои муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд.
6. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
7. Аъзои Раёсат ба мӯҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд:
— раиси Бонки миллии Тоҷикистон — ба мӯҳлати ҳафт сол;
— муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистонба мӯҳлати панҷ сол;
— аъзои мустақили Раёсат — ба мӯҳлати чор сол.
8. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд.
9. Аъзои мустақили Раёсат аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муассисаҳои илмии иқтисодӣ ва собиқадороне, ки аз соҳаҳои иқтисод, молия ва бонкдорӣ ба нафақа баромадаанд, таъин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон подошпулӣ муқаррар карда мешавад.
10. Дар сурати аз вазифа озод шудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони ӯ, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.
Моддаи 75. Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:
— бинобар гузаштани мӯҳлати ваколат;
— иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;
— додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;
— нисбат ба онҳо баровардани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;
— риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
— суиистифода аз вазифа;
— иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат.
2. Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъин намудани узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад.
3. Аъзои Раёсат ҳуқуқ доранд дар бораи истеъфои худ дар муддати на дертар аз се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намоянд.
Моддаи 76. Ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон
1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:
— аз номи Бонки миллии Тоҷикистон бе ваколатнома амал мекунад ва манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои дигар, ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо ба имзо мерасонад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад;
— барои таъмини иҷрои қарорҳои Раёсат масъул аст;
— ваколатҳоеро, ки Раёсат ба зиммаи ӯ вогузор намудааст, амалӣ менамояд;
— амалиёти ҳаррӯзаи Бонки миллии Тоҷикистонро назорат мекунад;
— дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;
— ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мегузорад;
— вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;
— хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
— фармонҳо мебарорад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он ҳатмӣ мебошад;
— барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул буда, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.
2. Дар вақти набудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якум, дар набудани муовини якум, яке аз муовинон иҷро менамояд.
Моддаи 77. Ваколатҳои Раёсат
1. Раёсат ваколатҳои зеринро дорост:
— сиёсати пулии давлатро таҳия менамояд, аз ҷумла маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизӣ аз рӯи амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шартҳои додани қарзҳо, намудҳо ва маблағи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, муқаррар мекунад;
— сиёсати асъории давлатро татбиқ менамояд, аз ҷумла қурби расмии асъорро муайян мекунад;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро барои истифодаи умум қабул ва тасдиқ менамояд;
— гузориш ва ҳисоботро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ менамояд;
— дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ қарорҳо қабул менамояд;
— арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот баровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;
— сиёсати идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
— дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзӣ қарор қабул мекунад;
— бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
— ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
— дар бораи мушаххасоти баровардани ӯҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
— сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, маоши вазифавии хизматчиён, талаботи тахассусиро ба онҳо ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
— мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва шароити ба кор қабул намудани хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
— шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;
— сметаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
— ҳар гуна айбдоркуниро оид ба суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои аъзои Раёсатро баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани онҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристад;
— шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва намояндаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;
— аудитори берунии Бонки миллии Тоҷикистонро бо тавсияи кумитаи аудит таъин мекунад;
— низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
— тартиби суғуртаи тиббии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;
— масъалаҳои дигари ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон алоқамандро, ки мувофиқи Қонуни мазкур дар ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, баррасӣ менамояд.
2. Раёсат барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди низоми бонкӣ ва устувории молиявӣ, инчунин барои назорати дохилӣ метавонад кумитаҳо таъсис дода, тартиби фаъолияти онҳоро муқаррар намояд.
Моддаи 78. Маҷлиси Раёсат
1. Маҷлиси Раёсат аз тарафи раиси Раёсат ё муовини ӯ на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.
2. Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла ба раис ё муовинони ӯ дахл дошта бошад, шахсони мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд хабар диҳанд ва онҳо ҳақ надоранд дар овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала иштирок намоянд.
3. Дар бораи даъват намудани маҷлис на дертар аз се рӯзи корӣ хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ин сурат маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат рӯз, ҷойи гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад.
4. Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, агар дар он аз нисф зиёди аъзои Раёсат, аз ҷумла раиси Раёсат ҳузур дошта бошанд.
5. Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад ба таври пӯшида гузаронида шаванд.
6. Ҳар як узви Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дорад, дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, аз ҷумла раиси Раёсат ва муовини ӯ ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои овози ҳалкунанда мебошад.
7. Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба таври пурсиш, бе даъват намудани маҷлис қабул карда мешавад.
8. Дар ҳама ҳолатҳо қарори Раёсат бо аксарияти овозҳои аъзои Раёсат, ки аз рӯи масъала ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.
9. Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.
10. Қарори Раёсат бо сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.
11. Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мегузоранд.
12. Тартиби омодасозии мавод ба баррасии маҷлиси Раёсат ва барасмиятдарории қарорҳои он бо Дастури Раёсат, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
БОБИ II. КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 79. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон
1. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис ва муовинони ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
2. Шартҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раёсат муқаррар менамояд.
3. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд ва бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур ӯҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд.
5. Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифтаашон ба Департаменти аудита дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
6. Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.
7. Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзӣ мегиранд, муқаррар намояд.
8. Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.
Моддаи 80. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд ягон хел манфиатҳои кориро, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд.
2. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки сабаби ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд.
3. Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд:
— кори дигари музднокро, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ иҷро намоянд;
— узви мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзӣ бошанд;
— молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзӣ бошанд.
4. Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин қоидавайронкунӣ аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.
5. Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онро ифшо карда, дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 81. Махфият
1. Аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он ҳуқуқ надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.
2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур қайдгардида метавонанд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош намоянд:
— дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;
— агар манфиатҳои Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани чунин маълумотро дар мурофиаи судӣ талаб кунанд;
— ҳангоми аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон, бо талаби аудиторон;
— дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ».