Низоми иқтисодиёти маъмурию фармонфармоӣ (амрӣ) ва омехта
Баъзе аз нишонаҳои низоми иқтисодиёти амриро дар фаъолияти хоҷагидории давраҳои пеш дучор гардидан мумкин аст. Аммо пайдо иши ин низом аз Инқилоби Кабир (Октябр)и соли 1917 оғоз меёбад, ки дар натиҷаи он давлати нав бо номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ барпо гардида буд. Роҳбарони он давра ғояи мавҷудияти моликияти хусусиро инкор намуда, тарафдори он буданд, ки бойигарии ҷамъият моликияти умумихалқӣ буда, бояд бевосита аз тарафи давлат идора гардад. Шурӯъ аз ҳамон давра низоми иқтисодиёти маъмурию фармонфармоии сотсиалистӣ ба фаъолият оғоз намуд.
НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ МАЪМУРИЮ ФАРМОНФАРМОӢ1 тарзи ташкили фаъолияти хоҷагидорист, ки дар он сармоя ва за мин моликияти давлатӣ буда, тақсимоти захираҳои маҳдуд бо фармоишоти мақомоти идораи марказӣ ва бо дарназардошти нақшаҳо ба роҳ монда мешавад.
Дар ин намуди низоми иқтисодӣ моҳияти асосиро кӯшиши аз байн бурдани моликияти хусусӣ ва барҳам додани рақобат, ҳамчунин ба тав ри максималӣ маҳдуд намудани таъсири гурӯҳҳои гуногуни иқтисодӣ ба раванди идоракунии давлатӣ ташкил медиҳад.
Бо мақсади дарки фаъолият дар ин низоми иқтисодиёт ба таърихи он назар менамоем, ки он замон фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои истеҳсолӣ чунин роҳандозӣ гардида, танзим карда мешуданд:
Чӣ бояд истеҳсол кард? – Мақомоти банақшагирии давлатӣ муайян мекард.
Чӣ тавр бояд истеҳсол кард? – Вазоратҳои соҳавӣ ҳам таъмини тех нологияи истеҳсолот ва ҳам пешбинии маблағҳоро барои хариди таҷҳи зот муайян мекарданд.
Барои кӣ бояд истеҳсол кард? – Кумитаи давлатии таъминот аз кӣ харидани захираҳоро барои истеҳсолот муайян менамуд.
Бо кадом нарх бояд фурӯхт? – Кумитаи давлатии нархгузорӣ аниқ карда, нархҳоеро муайян мекард, ки даҳсолаҳо тағйир намеёфтанд.
Ба коргарон чӣ қадар бояд музди кор дод? – Кумитаи давлатии меҳ нат ва музди кор муайян мекард.
Даромадҳои корхонаҳоро чӣ тавр бояд истифода бурд? – Вазорати молия муайян мекард.
Барои инкишофи истеҳсолот чӣ бояд сохта шавад? – Кумитаи дав латӣ оид ба сохтмон муайян мекард.
Чӣ қадар пул бояд гирифт ва бо кадом мақсад? – Бонкҳои соҳавии давлатӣ муайян мекарданд.
Чиро ба хориҷа бояд фурӯхт ва ё аз хориҷа харид? – Вазорати савдои хориҷӣ муайян мекард.
Бояд қайд намуд, ки ғояи банақшагирӣ дар иқтисодиёт басо муҳим аст. Банақшагирӣ дар корхонаю ширкатҳо васеъ истифода карда меша вад. Дар навбати худ банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ дар асоси фар- моишоти соҳибмулк, ки масъулияти пурраи моддиро барои дурустии ни- шондиҳандаҳои банақшагирӣ ва муваффаққияти он бар дӯш дорад, ба роҳ монда мешавад.
Давлат дар сурате метавонад барои истифодабарии захираҳо фар мон диҳад, ки қонунгузорӣ истифодаи онро барои соҳибмулкони хусусӣ манъ карда бошад. Агар тамоми захираҳои иқтисодӣ хислати истифодаи умумихалқӣ дошта, ихтиёрдории онро хизматчиҳои давлатию ҳизбӣ ба уҳда дошта бошанд, он гоҳ ин ҳолат ба раванди иқтисодӣ хатарнок аст. Вобастагии даромади одамон ва ширкатҳо аз самаранокии истифода ва пешниҳоди захираҳо аз байн меравад, ки дар натиҷа барои ҷамъият бе манфиат ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат дигар хусусиятҳо афзалият ноктар мегарданд: а) барои корхонаҳо дараҷаи иҷро ва барзиёдии иҷрои нақшаҳо оид ба истеҳсоли молҳо. Молҳои истеҳсолшуда талаботи ода монро қонеъ мекарданд ва ё не, ин муҳим набуд. Харидор бо хоҳиши худ ва ё маҷбурӣ ин молҳоро харидорӣ мекард, чунки дигар молҳои алтерна тивиро намеёфт; б) барои одамон – муносибати дуруст бо роҳбароне, ки молҳои камёфт (мошинҳо, хонаҳо, мебелҳо ва ғ.)ро тақсим мекарданд.
Оид ба низоми иқтисодиёти амрӣ ва ё бозорӣ қайд кардан бамаврид аст, ки дар асл шакли тозаи ин низомҳоро танҳо дар адабиёт ва ё асарҳои олимон дидан мумкин аст. Хоҷагидории ҳақиқӣ баръакс, омехта шудани нишонаҳои ҳамаи низомҳоро доро мебошад.
Низоми иқтисодиёти муосир дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷа ҳон хислати омехтаи низоми иқтисодиётро дорад. Аксари масъалаҳои иқтисодии минтақавӣ ва умумимиллӣ дар ин низом аз тарафи давлат ҳалли худро меёбанд.
Мувофиқи қоида сабабҳои асосии иштироки давлат дар ҳаёти иқти содӣ чунинанд: қисми талаботи ҷамъият, ки хусусияти неъматҳои ҷамъиятиро доранд (мавҷудияти қӯшунҳои ҳарбӣ, қабули қонунҳо, таш- кили ҳаракат дар кӯчаҳо, мубориза бар зидди эпидемияҳо ва ғ.), аз тара- фи бозор ба пуррагӣ қонеъ гардонидани онҳо ғайриимкон аст; метавонад оқибатҳои манфии механизми бозориро пешгирӣ намояд (тафриқаи калон байни дороии шаҳрвандон, зарар расонидан ба муҳити зист ва ғ.).
Бинобар ин, дар замони муосир низоми иқтисодиёти омехта барта рият дорад.
НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ ОМЕХТА чунин тарзи ташкили фаъолияти хоҷагидориест, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфта, тақсимоти захираҳои маҳдуд дар он ҳам тавассути бо зор ва ҳам аз тарафи давлат ба роҳ монда мешавад.
Дар низоми иқтисодиёти мазкур моликияти хусусӣ нисбат ба захи раҳо бартарият дошта, ҳамзамон дар баъзе кишварҳо (Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ғ.) бахши давлат низ хеле назаррас мебошад. Дар низоми мазкур дар баробари бозор давлат низ ҳамчун танзимгари му носибатҳои иқтисодӣ ширкат мекунад. Дар ин низом масъалаҳои асосии иқтисодиёт аз тарафи бозор ҳаллу фасл мегарданд ва ҳамзамон тақсимо ти қисми зиёди захираҳо бо истифода аз механизми бозор ба амал баро варда мешавад. Давлат дар ҳалли масоили асосии иқтисодӣ бо роҳи дар ихтиёри худ мутамарказонидани қисми захираҳои иқтисодӣ иштирок ме намояд. Ин захираҳо ба хотири аз байн бурдан ноадолатиҳои бозорӣ ва ё ба ҳадди ақал расондани онҳо равона мегардад.
Ҳаёти иқтисодии инсоният метавонад бо тарзҳои гуногун ба роҳ мон да шавад, ки ин фарқият дар воситаҳои қабули қарорҳои хоҷагидорӣ ва шаклҳои моликият ба намудҳои асосии захираҳо метавонад зоҳир гардад.
Ҳамзамон бояд донист, ки низоми иқтисодиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст? Ҷавоби он чунин аст: асосҳои низоми иқтисоди- ёти амрӣ дар кишвари мо аз байн рафта, механизми низоми бозорӣ бо фаро- гирии унсурҳои низоми омехта пайваста амалӣ шуда истодааст; омилҳои истеҳсолот ҳоло ба пуррагӣ ба моликияти хусусӣ табдил наёфтаанд.