Низоми иқтисодиёти анъанавӣ ва бозорӣ
Башарият дар тӯли ҳазорсолаҳо тавассути таҷрибаҳо ва хатоиҳо роҳҳои самарноктарини ташкили фаъолияти хоҷагидориро ҷустуҷӯ кар да истодааст. Дар ин муддат якчанд усули ташкили фаъолияти хоҷаги дорӣ ба роҳ монда шудааст, ки онҳоро дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун низомҳои иқтисодӣ ном мебаранд. Фарқият дар он дида мешавад, ки масъалаҳои асосии иқтисодиёт (чӣ ва чӣ тавр бояд истеҳсол кард? барои кӣ истеҳсол кард?) чӣ гуна ҳалли худро ёфтаанд ва кадом намуди моли кият дар ин кишварҳо бартарият доранд. Вобаста ба ин чор намуди ни зоми иқтисодӣ, яъне анъанавӣ, бозорӣ, маъмурию фармонфармоӣ (амрӣ) ва омехтаро аз ҳам ҷудо кардан мумкин аст.
НИЗОМҲОИ ИҚТИСОДӢ шаклҳои ташкили фаъолияти хоҷа гидорие мебошанд, ки аз рӯи: 1) тарзи ташкили фаъолияти хоҷа гидории одамон, корхонаҳо ва давлат; 2) шакли моликият ба за хираҳои иқтисодӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Аз ҳама қадимтарини онҳо низоми иқтисодиёти анъанавӣ ба ҳисоб меравад.
НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ АНЪАНАВӢ тарзи ташкили фаъ олияти хоҷагидориест, ки замин ва сармоя дар он моликияти умумӣ буда, захираҳои маҳдуд дар асоси урфу одатҳо ва анъа наҳои таърихӣ тақсим мегарданд.
Масъалаи моликият дар низоми иқтисодиёти анъанавӣ характери коллективӣ дошта, он ба қабила ва ё иттиҳоди одамон тааллуқ дошт. Бо мурури замон нишонаҳои низоми иқтисодиёти анъанавӣ башариятро ба пуррагӣ қонеъ нагардонид, чунки таҷрибаи ҳамон давра нишон додааст, ки омилҳои истеҳсолот агар дар ихтиёри шахсони алоҳида ва ё оила на бошанд самаранок истифода бурда намешаванд, . Имрӯз дар ягон кишва ри ҷаҳон асоси ҳаёти ҷамъиятро моликияти умумӣ ташкил намедиҳад, лекин дар кишварҳои сусттараққикардаи қашшоқ ин намуди моликият то ҳол ба чашм мерасад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки бозорҳо ва корхонаҳо ҳалли ма съалаи тақсимоти самараноктарини махдудияти захираҳоро нисбат ба қарорҳо ва ё маслиҳатҳои пирони қабилаҳо, ки дар низоми иқтисодиёти анъанавӣ қабул карда мешуданд, хубтар ба роҳ мондаанд.
Аз ин лиҳоз низоми иқтисодиёти анъанавӣ бо гузашти вақт зарура ти худро дар аксар кишварҳои ҷаҳон гум карда, нишонаҳои онро имрӯз аҳёнаҳён вохӯрдан мумкин аст.
Дар аксар кишварҳои ҷаҳон имрӯз низоми иқтисодиёти бозорӣ мав қеи хосаро пайдо кардааст, ки асоси онро мавҷудияти моликияти ху- сусӣ, озодии иқтисодӣ ва рақобат ташкил медиҳад.
Ҳуқуқи моликияти хусусӣ барои одамон на танҳо ҳуқуқи доштани амвол, балки ҳуқуқи истифодабарии захираҳои истеҳсолиро дода, ҳам чун натиҷаи он гирифтани даромадро ба соҳибмулкаш таъмин менамо яд. Айнан имконияти доштани захираҳои истеҳсолӣ, яъне сармоя ва дар ин асос ба даст овардани даромад сабабгори гирифтани номи дуюм – ка питализм барои ин низом гаштааст.
НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ БОЗОРӢ тарзи ташкили фаъолия ти хоҷагидориест, ки дар он замин ва сармоя дар дасти шахсони ҷудогона буда, тақсимоти захираҳои маҳдуд дар асоси қонуни ятҳои бозор ба роҳ монда мешавад.
МОЛИКИЯТИ ХУСУСӢ моликиятест, ки шаҳрвандон ва ё ташкилотҳо онро қонунан соҳибӣ мекунанд, истифода мебаранд ва бо мақсади истеъмоли хусусӣ ва ё гирифтани даромад ихти ёрдорӣ мекунанд.
Моликияти хусусӣ ҳуқуқи имконияти озодона истифода кардани за хираҳои иқтисодиро ба соҳибмулкон медиҳад. Озодии иқтисодӣ ҳуқуқи ҳар як соҳибмулки захираҳои иқтисодӣ мебошад, ки дар натиҷа онҳо ме тавонанд мустақилона аз рӯи диди худ моликияти худро истифода ба ранд ва даромадро аз истифодаи он ба даст оранд.
Бозори омилҳои истеҳсолот ва молҳо чунин фаъолияти муташакки леро нишон медиҳад, ки ба мубодилаи молҳо ва тақсимоти захираҳои маҳдуди ҷамъият равона шуда, дараҷаи самаранокии ин ё он қарори ҳоҷа- гидорӣ ва ҳаҷми даромадеро, ки аз истифодаи моликият соҳибмулк ба даст гирифта метавонад, муайян карда, тақсимоти алтернативии захи- раҳои маҳдудро байни соҳаҳо ба амал мебарорад.
Бартарияти низоми иқтисодиёти бозорӣ дар он аст, ки ҳар як ис теҳсолкунанда доимо барои қонеъ намудани талаботи истеъмолкунан да молу хизматрасониҳоро пешкаш намуда, дар натиҷа даромад ба даст меорад. Агар истеҳсолкунанда ин иқдомро пешгирӣ накунад, дар натиҷа молҳои истеҳсолкардаи ӯ ба фурӯш намераванд ва даромад низ гириф та наметавонад. Харидор низ дар навбати худ ба молҳои пешниҳодшуда маблағеро пардохт мекунад, ки бозор онро муайян мекунад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бозорҳои дар асоси рақобат амалкунан да тақсимоти захираҳоро самаранок ба роҳ мемонанд. Имрӯз рақобат нақши муҳимро дар ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ ва иктисодиёт иҷро мекунад. Одамон бо мақсади дарёфти музди баланди кор бо якдигар дар рақобат буда, бартарияти донишу малакаи худро пешкаш менамоянд. Корхонаҳои молҳои якхела истеҳсолкунанда барои пули харидорон ҳама вақт рақобат бурда, бартарияти моли худро асоснок мекунанд. Харидорон низ ба молҳои наву камёфт рақобат нишон дода, кӯшиши ба даст овардани онро мекунанд.
РАҚОБАТ ҳарифии иқтисодӣ буда, барои ба даст овардани ҳу қуқи қисми зиёди захираҳои маҳдуд нигаронида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар навбати худ низоми иқтисодиёти бозорӣ дорои камбудиҳо низ мебошад. Масалан, ба миён омадани масъалаи тафриқа дар даромад ва бойигарӣ, ки яке сарватманд мешавад ва дига ре камбизоатона ба cap мебарад. Ҳолати мазкурро дар шароити имрӯзаи аксарияти кишварҳои ҷаҳон низ дидан мумкин аст.