Нимкураҳои калони мағзи сар
Сохти нимкураҳои калони мағзи cap. Нимкураҳои калон як ҷузъи хуб инкишофёфтаи мағзи cap ба ҳисоб рафта, аз тарафи рост ва чап мағзи мобайнӣ ва миёнаро мепӯшонанд. Қабати қишрии мағзи cap аз моддаи хокистарранг иборат буда, дар зери он моддаи сафед мавҷуд аст. Дар дохили ин модда якчанд ядроро дидан мумкин аст. Сатҳи он аз чинҳо иборат аст. Ҷӯякҳо ва чинҳо сатҳи қишрро ба ҳисоби миёна то ба 2000-2500 см2 зиёд мекунанд. Бештар аз се ду ҳиссаи сатҳи қишрӣ аз ҷӯякҳо иборат аст. Дар ин қабат зиёда аз 14 миллиард нейронҳо мавҷуданд. Нимкураҳои калон дар навбати худ аз панд палла иборатанд: 1) паллаи пешонӣ; 2) паллаи чакка; 3) паллаи фарқи cap; 4) паллаи ақиби cap; 5) ҷазира (расми 15).
Аҳамияти қабати қишрии нимкураҳои калон. Дар ин қабат доираҳои ҳискунанда ва ҳаракатро фарқ кардан мумкин аст. Ба доираи ҳискунанда аз узвҳои ҳис, пӯст, узвҳои дохилӣ, мушакҳо ва пайҳо хабар меояд. Дар вақти ба ҳаяҷонойии нейронҳои ин доира ҳассосият ба вуҷуд меояд. Дар қисми ақиби магзи cap доираи босира мавҷуд аст. Дар ҳолати осеб дидани ин доира қобилияти биноӣ суст ё қатъ мегардад. Дар қисми чакка бошад, доираи сомеа ҷойгир аст. Дар ҳолати осеб дидан дарк кардани садоҳои гуногун қатъ мегардад. Дар ҷӯяки марказӣ қабати қишрӣ доираи ҳассосияти пӯсту мушак воқеъ аст. Инчунин дар қабати қишрӣ марказҳои шомма ва зоиқаро дидан мумкин аст (Расми 16).
Расми 15. Нимкураҳои калони мағзи сар
Расми 16. Намунаҳои калони мағзи сар
Дар қисми пеши ҷӯяки марказӣ доираи ҳаракат мавҷуд аст. Дар ҳолати ба ҳаяҷон омадани нейронҳои ин марказ ҳаракатҳои беихтиёр ба амал меоянд. Қабати қишрӣ ҳамчун як воҳиди бутун кор карда, асоси моддии фаъолияти рӯҳии инсон ба шумор меравад. Бинобар ин чунин вазифаҳои барои рӯҳият хос, ба монанди хотир, нутқ, тафаккур ва танзими рафтор иҷро карда мешаванд.
Саволҳо:
- Сохти нимкураҳои калон чӣ хел аст?
- Қабати қишрии нимкураҳои калон кадом вазифаҳоро ицро мекунанд?
- Нимкураҳои калон аз чанд палла иборатанд?
- Дар ин қабат кадом доираҳоро фарқ кардан мумкин аст?