• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Ниҳоли пурсамар / Иншо
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат

Ниҳоли пурсамар / Иншо

7 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
29.08.2022

Мавзӯъ: Ниҳоли пурсамар

Нақша:

Муқаддима

  1. Ниҳоли пурсамар

Хулоса

Дӯстиву рафоқат дар идеали ҳар як инсон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Зиндагӣ, ҳаёт бе дӯст мавҷуд буда наметавонад. Мо аз замони наврасӣ шурӯъ карда, бо хоҳишу табъу завқи худ ёру бародар, дӯст пайдо менамоем. Гузаштагони мову шумо дӯстиву рафоқатро васфу ситоиш намуда, гуфтаанд:

“Бародар беҳтар аст, ё дӯст? – Бародар, дар сурате, ки дӯст бошад”.

Ба назари ман дар ин гуфтаҳо маънии баланд ифода гардидааст, ки арзиши аслии калимаи дӯстро барои инсонҳо шарҳ додааст. Дӯстиву рафоқат дар ҳаёти мову шумо чӣ мавқеъ дорад? Дӯст кист ва дӯстӣ чист? Хостам андешаҳоямро доири ин мавзӯи ҷолибу муҳим баён кунам. Ҳаёт аз оила ибтидо мегирад. Дӯстиву рафоқат бошад, чароғи хонадони оила, равшангари дилу дидаҳо мебошад. Бинобар ин, дар он ҷое, ки дӯстиву рафоқат ҷой дошта бошад, ҳамеша сулҳу салоҳ дар он хонаву дар поянда буда, бахту саодат побарҷост. Мехохам назари хешро доир ба ҳамин нуқта бо мисраъҳои Ҷалолуддини Балхӣ асоснок намоям:

…Мардум гӯянд биҳишт хохӣ, ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.

Мо бояд дар ҳаёт ба қадри дӯстону дӯстӣ бирасем ва бештар дӯстони меҳрубонамонро дарёбем. Зеро шоири маҳбуби мо Мирзо Турсунзода дуруст фармудаанд:

То тавони дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Ман чунин андеша дорам, ки дӯстиву рафоқат ва эҳтироми дӯстон аз ибтидо дар мардуми мо сарчашма гирифтааст ва ин анъана то имрӯз идома дорад. Ҳамин одати аҷдодӣ буд, ки Сарвари мо, Асусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ муносибатҳои мухталифи ҷаҳон барқарор намудаанд, ки пеш аз ҳама бар нафъи ҷомеаи мост.

Вокеан, Мирзо Турсунзода меҳру муҳаббати дӯстиро хеле хуб дарк намуда, онро чунин тараннум кардааст:

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Ман чунин фикр мекунам, ки дар олами ҳастӣ ҳама миранда мебошанд, вале дӯстӣ мисли сухани хуб, моҳу хуршед, табиату коинот ҷовидонӣ боқӣ мемонад. Абӯшакури Балхӣ бархақ дар ин бора фармудаанд:

Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.

Хулосаи ман дар бораи дӯстиву рафоқат ин аст, ки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки Худованд ба ҳар кас сазовор намебинад, бирасем. Мо бояд дар лаҳзаҳои вазнинии ҳаёт ба дӯстон дасти ёриву бародарӣ дароз намоем. Ин маъниро ба чунин мисраъҳо тақвият доданӣ ҳастам:

Дӯст он бошад ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ.

Ба назари ман имрӯз ҷомеаи мо аз харвақта дида бештар ба дӯстиву рафоқат эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин, мо бояд бо мардуми олам муносибатҳои дӯстонаро хуб ба роҳ монем, зеро дӯстиву рафоқат бо оламиён ба мо танҳо саодату хушбахтӣ меорад.

Ҳофизи Шерозӣ низ ин маъниро дуруст қайд менамояд, ки шинонидани дарахти дӯстӣ кори хайру савоб буда, барканандаи ниҳоли хасму адоват, душманӣ кори салоҳ аст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Модар – ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Зан, Модар – ҳастии зиндагӣ / Иншо
  • Аз ҳифзи Ватан ифтихор дорем мо… / Иншо
  • Солҳои мактабии ман. / Иншо
  • Китоб мӯниси ҷону дил аст. / Иншо
  • Шоири дӯстдоштаи ман / Реферат
Leave A Comment Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • Facebook
  • Instagram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2022 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
ҚАБУЛ КАРДАН
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Aбyабдуллоҳ Рӯдакӣ, Реферат