• Дархост гузоштан
  • Дархост гузоштан
Асосӣ/Дониш/Реферат ва иншоҳо/Назарияи хароҷот: таҳқиқ ва тавсифи он аз нигоҳи мактабҳои мухталифи иқтисодӣ / Реферат
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов

Назарияи хароҷот: таҳқиқ ва тавсифи он аз нигоҳи мактабҳои мухталифи иқтисодӣ / Реферат

113 нафар дид 0

Муаллиф: Донишхона
12.02.2024

Назарияи хароҷот: таҳқиқ ва тавсифи он аз нигоҳи мактабҳои мухталифи иқтисодӣ

Заҳираҳо (омилҳо)-и иқтисодӣ ба сифати унсури асосии ҳароҷоти истеҳсолӣ сурат гирифта, вобаста ба сатҳ ва дараҷаи такомули кувваҳои истеҳсолкунанда, сират ва неруи низомҳои иқтисодӣ, хусусиятҳои ташкили фирмаҳо, ширкату корҳонаҳо ва анъанаҳои миллию таърихии ҳар як миллат ҳархела ба роҳ монда мешавад.

Аз ин нигоҳ, оиди хароҷот ақида ва назарияҳои мухталиф бештар ба назар мерасанд.

Таҳлили нисбатан илмӣ ва амиқи хароҷот (вобаста ба давраҳои ибтидоии тараққиёти капитализм: кооператсияи оддӣ, мануфактура, истеҳсолоти мошинӣ) аз ҷониби классикони иқтисоди сиёсӣ пешниҳод карда шудааст.

Адам Смит аввалин шуда фаҳмиши хароҷоти мутлақ, Давид Рикардо мафҳуми хароҷоти муқоисавӣ ва К. Маркс мафҳуми хароҷоти истеҳсолиро ҷорӣ намудаанд.

Аз нигоҳи А. Смит ва Д. Риқардо хароҷот ҳамчун сарфи миёнаи ҷомеавӣ ба ҳар як воҳиди маҳсулот дар доираи корхона (соҳа), яъне нархи истеҳсол бо назардошти пардоҳтҳои рентавӣ сурат мегирад.

Тибқи назарияи К. Маркс ҳароҷоти воқеии истеҳсоли молу маҳсулот ҳамчун масрафи қувваи коргарӣ, ки мустақиман арзиши молро ба вуҷуд меоварад ва масрафи сармоя, яъне хароҷоти холиси истеҳсолоти капиталистӣ ташкил мегардад. Ин тарзи хосаи тақсимбандии хароҷоти истеҳсолот, ҳамчун масрафи меҳнат ва масрафи сармоя, яъне заминаи ибтидоии ташакқули такрористеҳсоли капиталистӣ қадр карда шуда, имкон медиҳад, ки мақсади асосии истеҳсолоти капиталистӣ (истисмори меҳнат ва сарчашмаҳои минбаъдаи ташкилу ташаккули арзиши изофа) муайян қарда шаванд.

Хароҷоти истеҳсол қулли масрифотеро дар бар мегирад, ки бевосита дар раванди тавлидот сарф карда мешавад. Ин гуруҳи масрифот арзиши молро ташхил намуда, баъди фуруш дар шакли пул (фоида, даромад) ба қапиталист бармегардад. Яъне:

W = C+ V + M

Дар ин ҷо:

W– арзиши моли истеҳсолқардашуда,

С – қапитал (сармоя)-и доимй,

V– қувваи қоргарй (сармояи тагйирёбанда),

M – арзиши изофа.

Кулли масрафи сармояи доимй (С) ва сармояи тагйир- ёбанда (V) ҳараҷоти истеҳсолй (К)-ро ташқил медиҳад. Яъне:

К = С + V ё худ К = W-M

Тибки назардошти К. Маркс арзиши мол (W) ба сифати хароҷоти ҷамъиятй ва (К) ба сифати хароҷоти корхона мусои- дат менамоянд.

Хароҷоти ҷамъиятй хамxун сарчамъи хароҷоти истеҳсолӣ (К) ва хароҷоти муомилот ташкил мегардад.

Хароҷоти муомилот хамчун ягонагии хароҷоти иловагии муомилот сурат мегирад.

Хароҷоти холиси муомилот – масрифи хариду фуруш дар шакли соф бидуни тавлидот (берун аз доираи он) ташкил гардида, арзиши онро зиёд накарда, пас аз фуруш, аз ҳисоби даромад (фоида) барқарор карда мешавад.

Хароҷоти иловагии муомилот – ҳамчун хароҷоти раванди тавлидот (ба навъҳо ҷудосозй, бастан, ба қолиб даровардан, нигоҳдоштан, боркашони…) буда, арзиши молро афзун гардонда, баъди фуруш аз ҳисоби фоидаи ба даст оварда шуда, барқарор карда мешавад.

Аз нуқтаи назари намояндагони мактаби марҷинализм – Менгер К., Визер Ф. (Австрия) хароҷот ҳамчун масрафи пулии корхонаҳои алоҳида, ки барои харидани омилҳои истеҳсолот истифода шуда, манфиатнокии интиҳоии онро муайян мекунад, сурат мегирад.

Ф. Визер назарияи субъективии хароҷоти имконоти алтернативиро тавсия намудааст. Тибқи ин назария хароҷоти реалӣ (воқей)-и истеҳсоли як намуди маҳсулот ба манфиатнокии баланди маҳсулоти дигар (дар аснои истифодаи хели дигари судбахши захираҳо) баробар буда метавонад.

Пешниход ва истифодаи тамсилахои риёзй барои ҳисобу китоб кардани намудҳои дигари хароҷот:

  • ба хадди акал расондани хароҷот (Ф.Визер);
  • хароҷоти инфиродй, ҷамъиятӣ, мутлақ, кӯтоҳмуҳлат; миёнамуҳлат, дарозмухдат (К. Кларк);

хароҷоти айёну ноайён; хароҷоти инсонй (А.Гобсон), хароҷоти трансаксионй (пешакӣ) (Р.Коуз) ва ғайра имконияти беназир таъмин намудааст

Ин маводро ба дӯстонатон тавсия медодед?

Ҳа  Не
Маводҳои монанд
  • Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ – рушди илми тоҷик / Реферат
  • Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум / Реферат
  • Дониш, илм ва фанноварӣ – асоси пешрафти ҷаҳони муосир / Реферат
  • Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим / Реферат
  • Китобшиносӣ ва феҳрастнигорӣ дар қаламрави адабиёт / Реферат
  • Масъалаҳои ахлоқӣ дар “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ / Реферат
Шарҳ гузоред Отменить ответ

Реклама
manual
Донишхона - китобҳо, иншо, маводҳои дарсӣ, корҳои курсӣ ва дипломӣ, рефератҳо бо забони тоҷикӣ.
Сомона
  • Дар бораи мо
  • Дархост гузоштан
Дастгирӣ
  • Ин чӣ тавр кор мекунад?
Саҳифаҳо
  • YouTube
  • Telegram
  • Маълумоти шахсӣ
  • Шартҳои истифодабарии cookie
  • © 2016 - 2024 Донишхона. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.

Ҳангоми ворид шудан ба сомона шумо розигӣ медиҳед, ки бо истифодаи файлҳои cookie-и шумо маълумоти шахсиатонро коркард кунем.
МуфассалФаҳмо
Manage consent

Истифодабарии cookie

Мо низ ба монанди аксарияти сомонаҳои интернетӣ cookie-ро истифода мебарем, ки бароямон чунин имкониятҳоро медиҳанд: пешниҳоди хизматрасониҳо ба хонандагонамон, назорати дастрасии сомонаҳоямон, таҳлили маълумот ва дарёфти камбудиҳо барои беҳтар намудани сомнаамон. Дар ин ҳуҷҷат шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр мо cookie-ро истифода мебарем ва агар хоҳед, дар ин бора чӣ кор карда метавонед.

Cookie чист?
Дар умум ин кулчақанд аст, аммо на дар мавриди мо. Cookie — қисми маълумоти сомонае мебошанд, ки шумо ба он ворид мешавед ва дар компютератон нигоҳ дошта мешаванд.
Омор
Ба мо донистани вусъати ташрифот ба сомонаамон муҳим аст, аз ин рӯ якчанд низомҳоро барои ҷамъоварии омор истифода мебарем. Оморро тариқи шариконамон — Google Analytics, Yandex Metrika ва Mediascope ҷамъоварӣ карда, тавассуташон шумораи хонандагони сомона ва амали дурусту хатоҳоямонро мефаҳмем.
Реклама
Мо низомҳои рекламавии Google DFP ва Yandex-ро истифода мебарем, то ки рекламаҳои контекстии дилхоҳи шуморо нишон диҳем.
SAVE & ACCEPT
Машҳуртарин ҷустуҷӯҳо:Ғалабаи Таня, Саидмурод Давлатов